Шумораи хоҳишмандони рақси дунафара ва ё валс дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Арӯсу домод дар поёни базм бояд валс бирақсанд. Ин анъанаи нав акнун ҳарчи бештар ба бахши муҳиме аз базмҳои арӯсӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад.
Як моҳ то базм номзадҳо ба мактаби рақс мераванд, то дар рӯзи тӯй “шармсор” нашаванд ва хуб рақсида тавонанд. Самариддин Сатторов, ки дар дастаи рақсии "Падида" ба ҷавонон валс ёд медиҳад, гуфт шумораи “шогирдонаш” рӯз аз рӯз зиёдтар мешаванд. "Натанҳо арӯсу домодшавандаҳо, балки хонандагони мактабҳову донишҷӯён ҳам ба мо муроҷиат мекунанд. Онҳо мехоҳанд, валсро омӯзанд. Чун ҳозир қариб дар тамоми тӯйҳо валс иҷро карда мешавад. Дар як соли охир тахминан онҳо то сад нафар шуданд",-мегӯяд ӯ.
Тахмин меравад, агар маҳфилҳои рақс нархи омӯзиши онро камтар кунанд, муштариёнашон бештар хоҳад шуд. Шаҳрия, донишҷӯи соли дувуми яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон буда, муддати даҳ рӯз аст, вақти холии худро дар яке аз маҳфилҳои рақс мегузаронад. "Дар як ҳафта чор бор рақси лезгинка ва валс меомӯзам ва моҳона 340 сомонӣ пардохт мекунам",-мегӯяд ӯ.
Аммо иддае аз ҷавонони дигар мегӯянд, бо вуҷуди он ки ин навъи рақс дар кишвар "мӯд" шудаасту ҳамсолони онҳо ба он таваҷҷӯҳи зиёде доранд, омӯзиш
дар чунин марказҳо чандон нархи дастрас надоранд. Ситора, аз ҷумлаи нафаронест, ки зиёд мехоҳад дар тӯйи арӯсияш ҳамроҳи шавҳаршавандааш ин намуди рақсро иҷро кунад. Аммо, мегӯяд ӯ, гаронии нархи дарсҳои рақс монеъ мешавад, ки вай ба орзуяш расад. "Валс хеле зебо ва тамошобоб аст. Ман мехоҳам дар маросими арӯсиям бо шавҳарам валс кунам, лекин бар ивази аз 200 то 300 сомонӣ омӯзиш на барои ҳама мувофиқ аст",-афзуд ӯ.
Аммо Шерзод Каримов, ки ба ҳайси DJ дар яке аз марказҳои дилхушии пойтахт фаъолият мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои иҷрои рақси дунафара омӯзиш дар марказҳои махсус зарурат надорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, "дар вақти иҷро кардани валс бояд танҳо як нозукиро ба назар гирифт. Танҳо кӯшиш кард, ки ҳамроҳи ту поятро зер накунад. Дар ин ҳолат метавон валсро иҷро кард." Дар ин маврид Самариддин Сатторов гуфт, теъдоди зиёди хоҳишмандони ин навъи рақсро духтарон ташкил медиҳанд ва то ҳанӯз нафаре барои омӯзиши ройгон ба онҳо муроҷиат накардааст. Аммо ӯ гаронии ҳаққи омӯзиш дар марказҳои омӯзишии рақсро рад накард.
Ҳунаршиносон мегӯянд, рақси дунафара ва ё валс дар фарҳанги аврупоиҳо таърихи кӯҳна дошта, онро танҳо дар замонҳои пеш ашрофзодаҳо дар ҷамъомадҳои калони худ иҷро мекарданд. Мулкия Қурбонова, номзади илмҳои санъатшиносӣ, мегӯяд, рақси дунафара бештар дар кишварҳои Ғарбу Аврупо маъмул буда, пас аз асрҳои 19 ба мо омада расидааст. Яке аз хусусиятҳои ин навъи рақс эҳтироми мард нисбат ба зан аст. Ӯ мегӯяд, "агар ин навъи рақс дар байни ҷавонон анъана шуда бошад, пас, ҷои нигаронӣ нест. Аз ҷониби дигар, ин намуди рақс нозукиҳои худро дорад ва барои ба қоида риоя кардан, онро омӯхтан лозим аст."
Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи санъатшиноси тоҷик, тайи ду даҳсолаи охир омӯзиши навъҳои гуногуни рақс миёни ҷавонон "мӯд" мешавад ва бо гузашти муддате наметавон аз чунин марказҳо нишоне пайдо кард.