Нигаронӣ аз "даъвати ғайриқонунӣ"-и донишҷӯён ба Артиш

Созмони "Ампаро" мегӯяд, бархе аз донишҷӯён ва унвонҷӯёни Донишгоҳҳои Хуҷанд "ғайриқонунӣ" ба артиш даъват шудаанд.
"Ампаро", созмони ҳуқуқшиносони ҷавон, аз мавридҳои ғайриқонунии даъвати донишҷӯёну аспирантҳо ё унвонҷӯёни Донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд изҳори ташвиш кардааст.

Масъулони "Ампаро" мегӯянд, дар ин бора чанде аз донишҷӯён ба созмони онҳо муроҷиат кардаву кӯмак хостаанд. Дар ҳоле ки ин созмон бо ишора ба моддаи 21-и қонун дар бораи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегӯяд, донишҷӯёну аспирантҳо дар ҷараёни таҳсили худ бояд аз хидмат дар артиш озод бошанд.

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назаре накараданд. Вале ин ниҳод борҳо вуҷуди облава ё боздошти ҷавонон дар кӯча ва манзилашон барои хидмат дар Артишро рад намудааст. Баръакс, масъулини ин ниҳод, солҳои охир пайваста аз беҳтар шудани шароит дар артиш ва афзоиши шумори ҷавонони ихтиёран ба артиш воридшуда сӯҳбат мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки баҳори соли ҷорӣ созмони ҳуқуқшиносони ҷавон пажӯҳиши вижаеро аз шеваи даъвати ҷавонон ба сафи артиш анҷом дода, боздошту аз кӯча ба артиш фиристодани ҷавонҳоро нақзи ҳуқуқи онҳо унвон карда буд.

Дар ин пажӯҳиши созмони "Ампаро" 400 нафари пурсидашуда гуфтаанд, ба далели бад будани шароит дар хизмати артиш ва ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ, намехоҳанд фарзандонашон хизмат кунанд. Дар баъзе маврид худи ҷавонон, ки аксарият имрӯз аз ноноварони аслии хонаводаҳои худанд, бо ин фикр, ки дар 2 соли набуданашон оилаҳои онҳо чӣ рӯзе хоҳанд дошт, аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд.

Масъулини ин созмон, ки чанд сол аст, дар талоши роҳандозии хизмати алтернативианд, мегӯянд, пурсиши онҳо нишон дод, ки беш аз 70 дарсади ҷавонон ҷонибдори хизмати алтернативиянд. Хизмати алтернативӣ, яъне ба ҷойи 2 соли хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҷавонони синни даъват ба кор дар сохторҳои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, кӯдакистон ё бемористонҳо ҷалб мешаванд ва ҳиссаи муайяни дастмузди худро барои таъмини молии аскарон ба вазорати дифоӣ месупоранд.

Ҳамасола ҳудуди 16 ҳазор ҷавон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб карда мешаванд.