"Болливуд"-и Узбакистон, аммо бо шумора, на сифат

Лаҳза аз филми Аюб Шаҳобиддинов, "Паризод"

Ба ақидаи мунаққидон кинои Узбакистон бо пайроҳаи “Болливуд” меравад, аммо бештар аз лиҳози шумораи филм, на сифат.
Зуҳури фанновариҳои арзон дар даҳсолаи охир ба эҳёи саноати синемо дар Узбакистон мадад кард. Аммо дар ҳоле ки комёбиҳои онро рад кардан мушкил аст, баъзеҳо сифати филмҳоро зери шубҳа қарор медиҳанд.

Дианаи наварӯс ҳамагӣ чанде пеш бо Сардор издивоҷ кардааст, аммо аллакай байни ӯ ва хушдоманаш зиддияте дар ҳоли авҷ аст.

“Аз куҷо нонпазиро омӯхтӣ?” – мепурсад хушдоман. “Аз интернет” посух медиҳад наварӯс.

Бо чунин муколамаҳои сода филми узбакии “Супер-келинчак” дар соли 2008 ба як тантанаи синемои Узбакистон табдил ёфт ва ибораи “Аз интернет” вирди забонҳо гашта, то ҳоло садо медиҳад.

Бисёриҳои “Супер-келинчак”-ро дар ҳоле дастоварди кинои Узбакистон мешуморанд, ки фанноварии диҷитол ё рақамӣ ба нашри садҳо филми нав дар ин кишвар сабаб мегардад. Гулчеҳра Ҷамилова, ҳунарпешаи синемо, ки дар соли 1960 ба авҷи шӯҳрат расида буд, мегӯяд, мухлиси ин филмҳо нест. Вай вазъи синемои Узбакистонро бо масали “гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо” шарҳ медиҳад.

Филмҳое, ки имрӯз бо шитобзадагӣ сохта мешаванд, ба меъёрҳои баланди синемое, ки Узбакистон дар давраи тилоии солҳои 1960-ум дошт, ҷавобгӯ нестанд. Ин даврае буд, ки ҳалқадаваки сонсури Шӯравӣ камобеш сусттар шуд ва дар ин кино “Мавҷи нав” падид омад. Гулчеҳра мегӯяд: “Ман намедонам, чаро, вале филмҳои бемаънӣ зиёд мешаванд. Филмҳои солҳои охир ҳирфаӣ нестанд ва росташро гӯям аз онҳо мегурезам, ки ҳаргиз тамошояшон накунам.”

Азбаски ҳамаи филмҳоро бояд иттиҳодияи давлатии синемо иҷозаи нашр диҳад, филмсозон мавзӯъҳоеро пешниҳод намекунанд, ки мушкил пеш оранд. Онҳо мавзӯъҳои, ба истилоҳ, беҷанҷолро мегиранд ва омили тиҷоратӣ сабаби коҳиши сифати онҳо мегардад Аҳолии Узбакистон 28 миллион нафар аст ва ин бузургтарин бозори Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Филмҳои узбакӣ ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон бинандаи зиёд доранд. Онҳоро ба воситаи телевизиони Узбакистон тамошо мекунанд ва сабти ин филмҳо бо тарҷумаи яковоза харидори зиёд дорад. Харҷи таҳияи онҳо аз 30 то 60000 долларро ташкил медиҳад.

Гулнора Абикеева, мунаққиди дар Осиёи Марказӣ шинохташудаи кино ва мудири ҷашнвораи байнулмилалии Авруосиё мегӯяд, синемои Узбакистон бо пайроҳаи “Болливуд” меравад, аммо бештар аз лиҳози шумораи филм, на сифат. Вале ӯ бар ин нест, ки чунин ҳолат метавонад, сабаби марги “мактаби кӯҳна”-и кинои Узбакистон шавад. Вай дар ин маврид ба филми “Паризод” ишора мекунад:

"Филми “Паризод” хеле ғайриодист. Он, ба фикрам, на танҳо барои саноати синемои Узбакистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ ба таври ғайриодӣ асроромез аст. Метавон гуфт, хеле амиқ ва равонист. Коргардон Шаҳобиддинов ба воситаи ин филм асрори фарҳанг ва ҳастиро ба мо гуфтан мехоҳад.”

“Паризод” филми коргардон Аюб Шаҳобиддинов аст, ки чанде пеш, дар моҳи сентябри соли равон, ба дарёфти Шоҳҷоизаи ҷашнвораи Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ва соҳили Болтик – “Киношок” мушарраф шуд. Ин достони як зани зебоест, ки нерӯи мармузе дорад ва ба деҳае омада, ҳаёти мардуми онро аз реша дигар кардааст.

http://www.youtube.com/embed/bAzT9ZT0Ix0