Боздиди расмии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон, ки дар охири ҳафтаи гузашта иттифоқ афтод, дар сархати нашрияҳои чопи Душанбе қарор дорад.
"ИСТИҚЛОЛ"
Дар шумораи нави худ навишт, ки Русия барои ҳузури пойгоҳи низомиаш дар қаламрави Тоҷикистон маблағ пардохт намекунад. Нашрия ба нақл аз таҳлилгарон гуфтааст, "санадҳои дар ҷараёни сафари Путин имзошударо наметавон сарнавиштсоз номид, аммо онҳо бидуни шак, барои ҳар ду кишвар муҳиманд." Ба навиштаи нашрия, агар созиш дар бораи пойгоҳи низомии 201 бештар ба манфиати Маскав бошад, аз дигар санадҳо Душанбе бурд хоҳад кард.
"ИМРӮЗ НЮЗ"
Дар матлаби "Душанбе бурд ё Маскав?" гуфтааст, "Душанбе он чиро интизор дошт, ба даст овард, ҳарчанд Маскав низ бо дасти холӣ нарафт." Нашрия сафари Путин ба Душанберо на танҳо аз лиҳози низомӣ ва низомӣ-техникӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ низ ба Тоҷикистон манфиатовар арзёбӣ кардааст.
"СССР"
Ин нашрия натиҷаҳои ин сафарро "чормағзҳои пуч"-и Путин унвон кардааст. Нашрия аз он изҳори таассуф карда, ки "Тоҷикистон боз ҳам "дунбаи нася"-ро интихоб намуд..." Аммо нашрия ба Путин аҳсан хонда навишт, "дар ҷамъ ВВП бори дигар кисаҳои тоҷику қирғизро бо чормағзҳои пуч пур карда, ниёзҳои давлати худро амалӣ кард, ки ҳалолаш бод!"
"НАҶОТ"
Нашрияи Ҳизби Наҳзати исломӣ дар матлаби "Пойгоҳи низомии 49-сола бар ивази ҳиҷрати мардум" навишт, "давлатмардони тоҷик ба ҳамтоҳои қирғизи хеш ҳам баробар нашуданд. Ин аст, ки нашрия менависад, "қирғизҳо бо имзои ҳузури 15-сола пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон, на танҳо пардохти маблағи хосеро, балки миллиардҳо доллар сармоягузории дигарро ҳам дар иқтисоди кишвари худ ба даст оварданд. Ҳатто Русия ваъда кардааст, дар сохтмони нерӯгоҳи баҳсбарангези Қамбарота сармояи калон мегузорад. Аммо тақдири Роғун бо он ки "ҳаёту мамот"-и миллатро ба он вобаста донистаанд, номаълум боқӣ мондааст."
"НИГОҲ"
Тавофуқоти ахир миёни Тоҷикистону Русияро "нокомии таърихӣ" номидааст. Зеро нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки "чаро ҳукумати феълӣ дар баробари Русия номуваффақ шуд?" Ҳамзамон нашрия навишт, "аксарият ба ин фикранд, ки созишномаву тавофуқот истиқлолияти миллии Тоҷикистонро таҳти суол бурдаанд, аммо дар асл чаро ҳамчунин як маъракаи таслим аз сӯи Душанбе ба намоиш гузошта шуд, хеле суоломез аст." Нашрия дар идома гуфтааст, "ба назар мерасад, тавофуқоте дар ин замина ҳам вуҷуд доранд, ки пасипардагӣ ҳастанд ва ба эҳтимоли зиёд на ба нафъи мардум, аммо гурӯҳҳои бузурги молиявию иқтисодӣ бояд бошанд."
Абдулғанӣ Маҳмадазимов , сиёсатшинос ва устоди бахши муносибатҳои байналмилалии ДМТ ба нашрияи "АЗИЯ-ПЛЮС" гуфтааст, "раҳбарони Тоҷикистону Русия ба баҳси домандори пойгоҳи низомӣ нуқта гузошта ва тавофуқи 30-сола ба маънии авлавият гузоштан ба арзишҳои шарикии роҳбурдии ду кишвар аст. Таҳлилгари мустақил, Рустам Ҳайдаров, бар ин аст, ки "Тоҷикистон дар танҳоӣ алайҳи таҳдидҳои марбут ба тероризм ва зуҳуроти номатлуби он мубориза карда наметавонад. Бинобар ин ҳузури ояндаи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон метавонад хатарҳои эҳтимолии риски сиёсӣ - низомиро коҳиш бидиҳад."
"МИЛЛАТ"
Дар посух ба суоли нашрия дар бораи ин ки "Аз омадани Путин Тоҷикистон чӣ бурд ва чӣ бохт?" Ашӯрбой Имомов гуфтааст, "он қадар бурд накардем. Яъне, он чиро, ки Путин аз мо мехост, ба даст оварда, ба ватанаш баргашт. Он чӣ ба имзо расид, ба манфиати Русия аст." Рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим низ гуфтааст, «созишҳо бо Русия ҳеҷ гоҳ ба фоидаи Тоҷикистон набуд. Омадани Путин фақат барои манфиатҳои Русия аст. Чун тамдиди пойгоҳ барои Русия анқариб тақдирсоз буд."
"ФАРАЖ"
Дар матлаби "Иммунитет" мақоми дипломатӣ гирифтани низомиёни русро ба чолиш кашидаааст, ки яке аз бандҳои созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба ин таъкид дорад. Нашрия менависад, "аз ин пас бо гирифтани статуси дипломатӣ, афсарону аскарони рус дар гумон аст, ки ба мақомоти интизомиву ҳуқуқии мо итоат кунанд." Ин аст, ки нашрия гуфтааст, "агар ҳузури ҳарбиёни рус баҳри таъмини амнияти Тоҷикистон бошад, "иммунитети дипломатӣ" барои эшон баҳри чӣ ва аз кӣ даркор буд?"