Додситонӣ хостааст, ҷурмҳое, ки дар ибтидо алайҳи Низомхон Ҷӯраев эълон шуда буд, дубора ба парвандааш ҳамроҳ шавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини Корхонаи кимиёи Исфара ва вакили собиқи Маҷлиси вилояти Суғд комилан тибқи қонун баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳабибулло Воҳидов, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, бо радди даъвоҳои вакили мудофеи Ҷӯраев гуфт, додситонӣ тамоми талошро хоҳад кард, ки қазияи мазкур мунсифона ва дар асоси қонун бозрасӣ шавад. Вале ӯ нахост, ба далелҳои алоҳидаи вакилони Ҷӯраев расидагӣ кунад ва афзуд, наметавонад вориди ҷузъиёт бишавад ва асрори тафтишотро ошкор кунад.
"Агар ӯ норозист, қонунҳои Тоҷикистон имконият медиҳанд, ба мақомоти додгоҳӣ муроҷиат кунад. Мақомоти додгоҳӣ шохаи ҳокимият ба ҳисоб меравад. Мустақил аст ва худаш қарорашро, чи тавре лозим мешуморад, қабул мекунад. Ягон кас ҳақ надорад ба гардани шахси дигар гуноҳ бор кунаду ӯро айбдор шуморад",-гуфт Ҳабибулло Воҳидов.
Ин суханони муовини додситони кулли Тоҷикистон пас аз он садо дод, ки Файзиннисо Воҳидова, яке аз вакилони дифои Низомхон Ҷӯраев гуфт, бо дастури Додситонии кул бархе аз иттиҳомоте, ки қаблан аз парвандаи Ҷӯраев соқит шуда буд, дубора ба парванда ҳамроҳ карда шудаанд. Илова бар ин, ба гуфтаи хонум Воҳидова, Додгоҳи олии Тоҷикистон низ тафтиши қисмати марбут ба айбҳои иқтисодии ин парвандаро нокофӣ хонда, онро барои бозрасии такрорӣ ба додситонӣ фиристодааст.
Хонум Файзиннисо гуфт, "дар натиҷаи баргузории ташхиси коршиносӣ, 33 нафари дигар, ки ҳамин ҳоло маҳбусанд, бояд озод карда шаванд. Бинобар ин, бо мақсади фош накардани камбудии худ имрӯз Додгоҳи олӣ ҳамроҳ бо Додситонии кул забон як карда, бо асосҳои бемантиқу хилофи қонун ба тафтишот фишор оварда истодаанд, ки фавран парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ ирсол карда шавад. Дастури хаттии Додситонии куллро агар хонед, ҳуш аз саратон мепарад. Бе ягон асос супориш дода истодаанд, ки бо тамоми моддаҳо парвандаро ба додгоҳ ирсол доранд."
Ин вакили мудофеъ афзуд, дар ҳоле ки ташхиси коршиносии фаъолиятҳои молиявии корхонаи тавлиди спирти марбут ба Ҷӯраев дар соли 2007 нодуруст ва бидуни санҷиши воқеӣ сурат гирифта буд, ҳоло тафтишот боз ҳамон аснодро далел ҳисоб карданист. Дар ҳоле ки қарор буд, ин лаҳзаи парванда аз нав санҷида шавад. Тафтиши воқеии ин лаҳза дар қазияи Низомхон Ҷӯраев ба таъйиди Файзиннисо Воҳидова пардаро аз рӯи асрори зиёде бардошта, шароити бегуноҳии нафарони вобаста ба "парвандаи исфарагиҳо"-ро фароҳам мекунад.
Қаблан, Оҷонсии мубориза бар зидди фасод эълон дошта буд, ки ҷурмҳои ҷиноӣ аз парвандаи Низомхон Ҷӯраев ҳазф шуда, тафтишот асосан фаъолиятҳои молиявии ӯро баррасӣ хоҳад кард. Масъулон тавре сӯҳбат мекарданд, ки имкон дорад Низомхон Ҷӯраев бо пардохти зарари расондааш ба давлат сафед ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шавад.
Аммо ҳоло вакили дифои ӯ мегӯяд, тафтишот ранги дигар гирифтааст ва қазия то ҷое оҳанги сиёсӣ касб мекунад. Ба ин хотир, гуфт хонум Воҳидова, ӯ ва нафари мавриди ҳимояташ аз тамоми ҷараёнот раисиҷумҳури Тоҷикистонро огоҳ кардаанд ва ӯ раванди бозрасии парвандаи мазкурро назорат мебарад. Зеро Низомхон Ҷӯраев, ки аз соли 2007 то соли ҷорӣ дар хориҷ аз кишвар ва дар ҳоли фирор ба сар мебурд, баъд аз гирифтани замонат аз тарафи раисиҷумҳурӣ, ки қазияи ӯро мунсифона ҳаллу фасл хоҳанд кард ба ватан баргашта буд.
Бо ин ҳама, гуфта мешавад Низомхон Ҷӯраев раиси пешини Корхонаи кимиёвии Исфара ва собиқ вакили маҷлиси вилоятии Суғд дар ҳоли ҳозир дар озодӣ ба сар мебарад, аммо бар пояи қонун ҳаққи тарки маҳалли зисти худро надорад.