Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми бозрасии корхонаҳои вобаста ба Н. Ҷӯраев


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев

Бозрасони Оҷонси мубориза бо фасод таҳқиқи фаъолияти корхонаҳои вобаста ба Низомхон Ҷӯраевро анҷом додаанд.

Таҳқиқи фаъолиятҳои молии корхонаҳои вобаста ба Низомхон Ҷӯраев, вакили пешини Маҷлиси вилояти Суғд ва роҳбари собиқи корхонаи кимиёи Исфара, аз сӯи мутахассисон ва ҳайати бозрасони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба анҷом расидааст.

Манобеи огоҳ мегӯянд, тайи беш аз ду моҳи бозрасии фаъолиятҳои тиҷоратии Низомхон Ҷӯраев чизе бештар аз 2,5 миллион сомонӣ зарар ба давлат ва он ҳам напардохтани молиёт ё андоз ва ворид кардани маҳсулот аз роҳи қочоқ ошкор шудааст. Ин манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ, эҳтимол меравад, ҷамъи зарари расонидаи Низомхон Ҷӯраев як каме бештар аз панҷ миллион сомониро ташкил диҳад.

Дар зимн, худи Низомхон Ҷӯраев иқрор карда буд, ки дар рафти фаъолияти тиҷоратиаш баъзе аз камбудҳо, аз ҷумла пинҳон кардани андоз ва воридоти ашёи хом аз роҳи қоқоқ ҷо доштанд. Вале дар айни ҳол, Ҷӯраев иттиҳомоти тафтишот дар солҳои 2007-2008-ум дар мавриди ҳаҷми зарари расонидаи ӯро, ки аз 45 миллион сомонӣ бештар баровард карда буд, нодуруст ҳисобид. Вай гуфта буд, дар ин муддат як қисме аз маблағи зарари расида ба давлатро баргардонидааст ва дар сурати ҳисоби дақиқ бақияи онро ҳам пардохт мекунад.

Бо ин ҳол, як тан аз собиқ додситонҳои тоҷик, ки бо иттиҳоми гирифтани ришва дар қазияи Низомхон Ҷӯраев боздошт шуда буд, бо пардохти маблағ раҳо шудааст. Бар пояи ахбори нашршуда, раҳоии Шермат Нуров дар пайи баргардонидани 100 000 доллар ришвате, ки гирифта буд, сурат гирифтааст.

Охири моҳи майи соли ҷорӣ Онҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод Шермат Нуровро бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт карда буд. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод, эълом дошта буд, ки боздошти ӯ ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд ва раиси корхонаи кимиёи Исфара, рабт дорад. Бино ба ин мaнбаъ, Шермат Нуров бо гирифтани 100 000 доллар аз хонаводаи Ҷӯраевҳо ваъда додааст, ки ба сабук кардани ҳукми Фахриддин Ҷӯраев, бародари Низомхон, кӯмак мекунад.

Низомхон Ҷӯраев аз соли 2007-ум таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Моҳи августи соли 2010-ум дар Маскав бо дархости вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт шуда, рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ аз боздошт раҳо ва дар Маскав ғайб зад. Ӯ танҳо шоми рӯзи 7-уми апрел дар телевизиони давлатии "Ҷаҳоннамо" зоҳир шуд ва эълон кард, ки бо хоҳиши худаш ба Тоҷикистон бозгашта, худро ба мақомоти амниятӣ таслим кардааст.
XS
SM
MD
LG