Лимити барқ дари сокинони деҳоти Тоҷикистонро кӯфт

Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар Душанбе

Як масъули ширкати "Барқи тоҷик" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар деҳоти кишвар лимити нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.
Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси "Барқи тоҷик", рӯзи душанбе, 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар деҳоти кишвар маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ҷорӣ кардаанд. Ӯ афзуд, ҳамакнун дар манотиқи кишвар аз соати 11-и шаб то 5-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад.

Ширкати «Барқи тоҷик» далели ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ дар деҳоти кишварро, дар паст шудани сатҳи дарёи Вахш медонад.

Муовини сармуҳандиси "Барқи тоҷик" таъкид кард, ки лимити нерӯи барқ танҳо ба деҳкадаҳои кишвар дахл дошта, маркази шаҳру навоҳии кишвар аз ин маҳдудият эминанд. "Маҳдудияти нерӯи барқ дар моҳҳои наздик ба пойтахти Тоҷикистон ҳам таҳдид намекунад",-афзуд Рашид Гулов.

Илҳом Бӯриев, сокини Гиждалаобод, 5-километрии Душанбе, гуфт, се рӯз мешавад, ки ҳатто рӯзона аз соати 11:00 то 15:00 дар деҳаи онҳо ва Ҷӯйбодому Чоряккорон барқ хомӯш мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло сокинони ин деҳкадаҳо намедонанад, вақти мушаххаси маҳдудияти барқ чӣ муҳлатеро дар бар мегирад. Як сокини ноҳияи Варзоб ва шаҳри Кӯлоб низ ҷорӣ шудани маҳудудиятро тасдиқ карданд.

Аммо як сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, лимити нерӯи барқ баъзан аз соати 9-и шаб ҷорӣ мегардад. Бо ин ҳол, ҳанӯз мақомот ба таври расмӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ дар робита ба оғози марҳилаи аввали маҳдудияти барқ дар деҳоти кишвар мардумро огоҳ накардаанд.

Тоҷикистон дар фасли зимистон ба 3 миллиард киловат нерӯи барқ ниёз дорад. Ин аст, ки сокинони кишвар то 7 моҳи сол, махсусан тирамоҳу зимистону, дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соати ангуштшумор барқ мегиранду тамом.