Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ "дарвозаҳои Душанберо ҳам кӯфт"


Ширкати «Барқи Тоҷик», аз мушкили таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ изҳори таассуф кардааст.

Масъулин ин амрро ба носозгориҳои табиат унвон рабт додаанд. Ба дунболи қироати муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, Абдулло Ёров, раиси ин ширкат низ вазъи ба вуҷудомада дар арсаи энержии кишварро шарҳ додааст.

"РЕҶАИ МАХСУС"

Лимит ва ё маҳдудияти нерӯи барқ ба аҳолӣ, ки дар як моҳе пеш лағв шуда буд, ҳамакнун дубора дар Тоҷикистон аз сар гирифта шуда ва ба таъкиди масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» «реҷаи махсус» ҷорӣ шудааст, ки на танҳо мардуми манотиқ, балки шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ мушкили бебарқӣ нигарон кардааст. Ду баробар аз меъёри муқаррарӣ кам шудани мизони об дар рӯдхонаи Вахш аз сабаби аслии роҳандозии «реҷаи махсус» ва ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ унвон мешавад.

Мушоҳидаҳо ва пурсишҳои мо низ собит кард, ки аз шаби гузашта дар бештари маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, ба ҷузъ аз корхонаву иншооти ҷамъиятӣ, интиқоли нерӯи барқ тибқи реҷа сурат мегирад. Ба ин тартиб аксари маҳаллаҳо шабона аз соати 10-и шаб то 5-и саҳар нерӯи барқ надоштанд. Рӯзи панҷшанбе низ аз соати 10-и субҳ то 5-и шом барқ дар бештари маҳаллаҳо хомӯш шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки аз чанд рӯзи пеш хусусан дар ин рӯзҳои иди Наврӯз, сокинони ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон дар шабонарӯз танҳо як ва ё ду соат барқ доштанду халос. Ширкати «Барқи Тоҷик» дар таърихи 21-уми март, рӯзи ҷашнгирии иди Наврӯз бо шарҳи вазъият аз мардум узр пурсид.

САБАБ: "НОСОЗГОРИҲОИ ТАБИАТ"

Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи Тоҷик"
Аммо шаби чаҳоршанбе тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» пахш гардид ва ба дунбол Абдулло Ёров, раиси ин ширкат мушкили бебарқӣ дар кишварро шарҳу тавзеҳ дод. Ба ин тартиб масъулони «Барқи Тоҷик» сабаби аслии дубора ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқро ба носозгориҳои табиат ва кам шудани мизони об дар рӯдхонаи Вахш унвон карданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи Тоҷик» дар ин бора ба РО гуфт, «ширкати «Барқи Тоҷик» имрӯз ба «реҷаи махсус» гузашт. Зеро ҳаҷми об дар рӯдхонаи Вахш нисбат ба соли гузашта се баробар ва нисбат ба меъёри муқарарӣ беш аз ду баробар кам шудааст, ки аз соли 1932 то кунун чунин вазъе дар моҳи март мушоҳида нашудааст. Ин сабаби ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ хунук шудани ҳарорати ҳаво дар ибтидои моҳи ҷорӣ аст. Соли гузашта ба дарёи Вахш дар ҳар сония 410 то 430 метри мукааб об ворид мешуд. Дар ин сурате, ки об кам мешавад, системаи энергетикии Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки обро аз захираи асосии обиву барқӣ - обанбори Норак бигирад».

РЕҶАИ МАХСУС-- ТАНҲО БАРОИ АҲОЛӢ

Ба таъкиди ҷаноби Ёдгорӣ, тамоми иншооти ҳаётан муҳим, назири мактабу бемористон, кӯдакистонҳо ва дигар муассисаҳои стратегӣ пурра бо барқ таъмин карда мешаванд ва ҳеҷ гуна маҳдудияте ба ин сохторҳо амалӣ намешавад. Он гуна, ки масъулони «Барқи Тоҷик» мегӯянд, «реҷаи махсус» барои аҳолист ва ширкат талош хоҳад кард, бо истифода аз захоири мавҷуда мардумро ба қадри имкон бо барқ таъмин кунад.

Ин дар ҳолест, ки мардуми Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта дар фасли тирамоҳ ва зимистон вазъи беҳтари таъмини нерӯи барқ доштанд. Дар ин давра марказҳои шаҳрҳо ва вилоятҳо ва ноҳияҳо пурра бо барқ таъмин буданд ва мардуми манотиқ аввал 10-соатӣ дар шабонарӯз ва баъдан 12- соатӣ бо нерӯи барқ таъмин гардиданд. Ҳатто нисбат ба соли гузашта як моҳ пеш, яъне ба таърихи 20 феврал маҳдудияти рӯзонаи барқ пурра барҳам дода шуд.

КОРШИНОС: "ШИРКАТИ БАРҚИ ТОҶИК ДУРӮҒ МЕГӮЯД"

Пас суоли матраҳ низ ин аст, ки чи сирре ниҳон аст, ки дар ин айём мушкили беобӣ пеш омадаст ва то куҷо узри ширкати «Барқи Тоҷик» воқеъӣ аст.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержӣ дар Тоҷикистон, дар посухи ин суол мегӯяд, «ин иддаъоҳо ба воқеият рост намеоянд ва ширкати «Барқи Тоҷик» дурӯғ мегӯяд. Зеро камобӣ он солеро мегӯянд, ки чашмаҳо хушк мешаванд. Камобӣ асосан дар фасли зимистон мешавад. Се маротиба кам гуфтан, ҳеҷ воқеият надорад. Дар ҳоле, ки аввали баҳор барфҳо об мешаванд. Ин дурӯғ аст ва таги ин нимкосае аст. Чун барқро медузданду мефурӯшанд. Ба ман ҳамчун мутахассис кафолат диҳанд, ҳамаи инро ҳисобу китоб мекунам ва исбот мекунам, ки ин ҳарфҳо дурӯғ аст».

Ин дар ҳолест, ки мушкили бебарқӣ, ҳадсу гумонҳоеро дар миёни ҷомеа ба бор овардааст ва гуфта мешавад, ки ширкати «Барқи Тоҷик» нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Афғонистон мефурӯшад. Аммо масъулони ин ширкат борҳо ва ҳоло низ ин сару садоро бепоя медонанд.

Ба эътиқоди ширкати «Барқи Тоҷик», роҳи раҳоӣ аз ин вазъро истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ тавассути мардум, аст, ки инро хостааст. Аммо умеди ягонаи ширкати «Барқи Тоҷик» ба Худои мутаол аст, ки аз файзу карамаш ҳаво гарм ва маҷрои дарё зиёд гардад, то ҳар чӣ зудтар мушкили пешомада рафъ гардад.
XS
SM
MD
LG