Телефонҳои ҳамроҳ “покизатар” мешаванд?

Телефонҳои ҳамроҳ, ки ҳоло зиндагии худро бе он тассавур карда наметавонед, онгуна ки ба назар мерасанд поку беозор нестанд.
Баъзе аз онҳо дар таркиби худ на камтар аз 40 навъи маводи кимиёвиро доранд, ки баъзе аз онҳо маводи заҳрогинест, ки ҳатто даст расондан ба онҳо хатар дорад. Аммо натарсед, ин моддаҳо ба худи шумо осеб намерасонад, балки бечора муҳити зисти мо аст, ки ҷабри истеҳсоли телефонҳои ҳамроҳро мекашад.

Маркази Ҳизфи Муҳити Зист, як созмони мустақил дар аёлати Мичигани Амрико мегӯяд, тайи солҳои ахир таҳти фишори нозирону мизоҷон ширкатҳои тавлидкунандаи телефонҳои ҳамроҳ саъй доранд, истифодаи моддаҳои кимиёвии зиёновар барои муҳити зистро камтар кунанд. Аз ҷумла телефонҳои ҳамроҳ дар таркиби худ, симобу рӯҳ, қӯрғошим, бром, кадмий доранд, ки чӣ барои сиҳатии инсон ва чӣ муҳити зист хатарноканд.

Агарчӣ аз худи телефон ба сиҳатии инсон осебе намерасонанд, аммо сар аз истихроҷу, коркард ва истифодаи чунин моддаҳо барои телефонҳои ҳамроҳ то партоби он моддаҳо муҳити зист аст, ки олуда мешавад. Ҷефф Герҳарт, раҳбари Маркази Ҳифзи Муҳити Зист мегӯяд, як пажӯҳиши онҳо нишон додааст, ҳамаи телефонҳои ҳамроҳ дасти кам як моддаи заҳрогин дар таркиби худ дорад. Ҷефф Герҳарт дар бораи ин пажӯҳиш мегӯяд: “Барои таҳқиқ мо 36 навъи телефонҳои ҳамроҳи пурхаридор дар бозорро гирифтем ва таркиби даруну беруни онро таҳқиқ кардем. Мо ҷузъҳои телефонҳоро бо рентген ва абзори дигари махсус XRF ташхис кардем. Абзори мазкур имкон медиҳад, ки таркиби хурдтарин ҷузъҳои телефонҳоро бисанҷем, ки метавонанд то 36 навъи маводи кимиёвиро дошта бошанд.”

Ба гуфтаи Ҷефф Герҳарт, тайи 5 соли ахир ширкатҳои телефонӣ саъй кардаанд, то аз баҳри ин гуна моддаҳо бароянд ва аз моддаҳои безарар истифода баранд. Ҷефф Герҳарт мегӯяд, табъу завқи муштариён, ки аз ингуна моддаҳо безоранд ва аз тарафи дигар талаботи сахттари мақомот барои парҳез аз маводи олудакунанда, ширкатҳои телефониро водор кардааст, ки зимни тавлиди телефонҳои мобилӣ аз ин гуна моддаҳо камтар истифода баранд. Маркази Ҳифзи Муҳити Зист дар Амрико як ҷадвали телефонҳои ба истилоҳ покиза ва безарар барои муҳити зистро таҳия кардаааст ва Ҷефф Герҳарт, раиси марказ дар бораи ин ҷадвал мегӯяд:

“Аз миёни телефонҳое, ки мо ташхис кардем, Моторола Ситрус, Эл Ҷи Ремарк ва ду айфони нав 4S ва Айфон 5 ва Самсунг Каптивейт ва Самсунг Евергрин аз ҳама беҳтар будаанд. Айфонҳои нави Аппл баҳои аз ҳама беҳтарро гирифтанд. Агар Айфон 2G аз назари таркибаш баҳои аз ҳама бад гирифта бошад, пас Айфон 5 назар ба дигар телефонҳо аз ҳама камтар барои муҳити зист зиёновар мебошад. Ширкати Самсунг дар маҷмӯъ аз назари покизагии таркиби телефонҳояш аз ҷумла чаҳор телефони нави худ баҳои беҳтаринро гирифт.”

Аз ҷумла Самсунг Галакси 3, ки чанде пеш вориди бозор шуд, аз назари покизагии таркибаш аз маводи заҳрогини кимиёвӣ дар мақоми 9 будааст. Ҷефф Герҳарт мегӯяд, телефонҳои ҳамроҳи ҳозира назар ба телефонҳои пешина покизатаранд ва созмони онҳо ба ғайр аз телефонҳои ширкати Самсунг, Моторола ва Аппл, ҳамчунин телефонҳои Эйч Ти Си, Нокиа ва Ҳуавей Электроникси Чинро низ ташхис кардаанд.