Фарҳоди Розиқ, унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, агар мобилашро дар хона фаромуш кунад, он рӯз барояш душвор мегузарад.
Вай меафзояд, «ҳоло ширкатҳо телефони мобилро бо интернет васл кардаанд ва мо ба осонӣ аз интернет истифода мекунем. Телефонамро чун соат истифода мебарам. Дар як моҳ ман 30 сомонӣ сарф мекунам, чун бештар ба ман занг мезананд».
Зарифи Шарифзод, ҷавони дигари рустоӣ, ки дар пойтахт кор мекунад, мегӯяд, мобилро ба хотири он дӯст медорад, ки ӯро ҳамеша бо волидонаш наздик мекунад.
«Волидони ман дар роҳи дур аст, дар як рӯз як маротиба ҳадди ақал бо онҳо дар тамос мешавам. Агар мабодо телефонамро гум кунам, зуд аз паси харидории наваш мешавам. Чун бе мобил худро рӯҳафтодаву асабӣ эҳсос мекунам», -меафзояд ӯ.
Ҳамсӯҳбатҳоям бар ин назаранд, ки рушди телефони ҳамроҳ зиндагии онҳоро ба маротиб осонтар ва робитаҳои хешутабориву дӯстии онҳоро мустаҳкамтар кардааст.
Аммо дар ҳамин ҳол равоншиносон мегӯянд, ҳар чизеро, ки инсон аз меъёр зиёд истифода мекунад, ба саломатӣ бетаъсир намемонад.
Дар ҳамин ҳол сӯйстифода шудани телефони ҳамроҳ дар миёни ҷавонону наврасон низ дар ҷомеа ба мушоҳида мерасад. Омӯзгорон эрод мегиранд, ки хонандагон вақти зиёди худро сарфи сӯҳбатҳои телефонӣ мекунанд.
Наим Рафӣ, равоншиноси ҷавон, мегӯяд, сабаби аслии ба як бахши муҳими ҳаёти ҷаовнони тоҷик табдил ёфтани мобил ин аст, ки аксари ҷавонон ба ғайр аз истифодаи телефони ҳамроҳ саргармии кам доранд.
Вай мегӯяд, «дар деҳот имкониятҳо кам аст. На клуб ҳаст, на китобхонаи хуб. Маҳфилҳои фарҳангиву омӯзишӣ вуҷуд надоранд ва ҷавонони деҳотӣ рӯ ба телефон меоранд».
Ахиран дар паёми солонаи худ ба парлумон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, аз истифодаи аз меъёр зиёди мобил дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард.
Вай гуфт, имрӯз шумори муштариёни ширкатҳои мобилӣ ба 6 миллион ва истифодабарандагони интернет ба 500 ҳазор нафар расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки даромади умумии як солаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба якуним миллиард сомонӣ баробар буда, аксари фоидаи онҳо ба хориҷи кишвар интиқол меёбад.
Саида Умарова, ноиби раҳбари маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, мегӯяд, истифодаи зиёди телефони мобил ба саломатӣ зарар дорад, зеро нурҳои электромагнитии телефон ба майна ва роҳҳои шунавоииву босираи инсон таъсир мекунад.
Аммо на танҳо телефони ҳамроҳ, балки аз компютер, моҳвора ва амсоли инҳо низ чунин нури зараровар бармеояд, меафзояд ӯ.
Саид Аҳмедов, профессори Донишкадаи физикаи кишвар, низ зарари телефони мобил ба саломатии инсонро таъкид мекунад. Вале, мегӯяд ӯ, ин масъала бояд ҷиддӣ таҳқиқ шавад ва бидуни пажӯҳиш барои манъ ё кам кардани истифодаи мобил тасмим гирифтан дуруст нест.
Баъд аз таъкиди раисҷумҳур дар мавриди телефони ҳамроҳ ахиран дар шаҳри Душанбе барчидани лавҳаҳои таблиғотии ширкатҳои мобилӣ шурӯъ шудааст.
Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки ин тасмим ҷанбаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи онҳо, ахиран телефони мобил ба як василаи иттилоърасонӣ табдил шудааст ва шояд мақомот мехоҳанд, бо ин роҳ аз ин раванд ҷилавгирӣ кунанд.