Ба манзури муолиҷаи осебдидагон аз таркиши мина, дар Тоҷикистон як маркази беҳдоштӣ ва истироҳатӣ боз шудааст.
Шаҳриниссо Давлатова, сухангӯи Маркази Тоҷикистон оид ба Масъалаҳои Минаҳо (МТММ) рӯзи чаҳоршанбе ба "Озодӣ" гуфт, ки ба хотири табобати осебдидагон аз аз таркиши мина, дар осоишгоҳи «Сангчашма» воқеъ дар мавзеъи Шоҳамбарӣ, дар 20 киломерии ғарби Душанбе як маркази беҳдоштӣ ва истироҳатӣ боз кардаанд.
Ин осоишгоҳи табобатӣ аз панҷ рӯз ба ин тараф фаъол аст ва интизор меравад то 12-уми октябр идома кунад. Дар он ҳудуди 50 нафар сокинони навоҳии мухталифи Тоҷикистон, ки бар асари инфиҷори мина зарари ҷисмонӣ бардоштаанд, ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Нахустин осоишгоҳи офиятбахшӣ дар Тоҷикистон дар соли 2005 ташкил шуда буд ва то давраи соли 2012 аллакай 180 нафар осебдидагон аз мина, ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Дар Тоҷикистон садҳо мардону занон ва кӯдаконе ба сар мебаранд, ки бар асари таркиши минаҳои зиддинафару бомбаҳои хӯшаии даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон ва инчунин баъди минакории марз аз ҷониби Узбакистон, барои ҳамеша маҷрӯҳ шудаанд.
Аз он замон то имрӯз дар ҷумҳурӣ 802 ҳодисаи таркиши минаҳо гузориш шудааст ва аз ин миён беш аз 350 нафар ба ҳалокат расида, 450 тани дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурдаанд.
Стан Брабант аз Созмони байналмилаии маъюбон (Handicap International) мегӯяд, "вақте шароити хонаводаии ин мардуму ниёзмандии ин маҷрӯҳонро ба кӯмаки наздиктарин аъзои хонаводаашон арзёбӣ мекунед, дарк мекунед, ки бар асари таркиши минаҳо нафарони аз ин ҳам бештар зарар дидаанд".
Зимнан, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар 9 миллион метри мураббаъ майдони мина мавҷуд аст, ки то ҳол танҳо 6 миллион метри он поккорӣ шудааст. Аз соли 1991 ба ин сӯ аз таркиши минаҳо дастикам 474 нафар кушта ва 367 нафар захмӣ шудаанд.