Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи зарардидагони мина


Афроде, ки бар асари инфиҷори мина зарар дидаанд, мегӯянд, тақрибан аз 30 то 60 сомонӣ нафақа мегиранд.

Сайғуфрон, як сокини рустои Нимичаки ноҳияи Рашт, ки ҳанӯз дар 10-солагӣ аз ҳар ду дасташ маҳрум шудааст, мегӯяд, ҳамагӣ дар ҳаҷми 60 сомонӣ нафақа мегирад, ки ба оддитарин шароити рӯзгораш намерасад. Вай гуфт, дар ҳоле, ки ҳеҷ коре аз дасташ намеояд, афроди солимеро медонад, ки «бо чаҳор ишкели дуруст» ду ё се баробари ӯ нафақаи маъюбӣ мегиранд. Сайғуфрон гуфт, акнун дар мавриди афзоиши нафақааш ноумед шудааст, зеро, бар ҳар ниҳоде, ки сар халондааст, сабаби камии нафақаашро дараҷаи якуми маъюбияш ва надоштани собиқаи корӣ маънидод кардаанд.

Дар ин авохир дар Душанбе ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии ин афрод бо дастгирии молии ҳукумати Бритониё як нишаст доир шуд. Райҳон Мӯъминова, мутахассис оид ба кӯмак ба ҷабрдидагони мина дар маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон, ҳадафи ин нишастро ироаи кӯмакҳои бештар ба зарардидагон ва барқарорсозии қобилияти кории онҳо арзёбӣ кард. Вай гуфт, афроде, ки бо амри тақдир аз минаҳо зарар дидаанд, ба ёрии бештаре ниёз доштаанд.

Соима Муҳаббатова, мутахассис дар бахши имтиёзҳои иловагӣ ба маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, мегӯяд, дар баробаре, ки давлат ба маъюбон нафақа таъин кардааст, дар беҳсозии шароити зиндагии онҳо мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои шуғли аҳолӣ муваззафанд. Вай гуфт, тибқи қавонини мавҷуда ҳаҷми нафақаро собиқаи корӣ ва музди меҳнат муайян мекунад. Аммо, ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, бо вуӯуди надоштани собиқаи кории онҳое, ки дар овони кӯдакӣ ҷароҳат бардоштаанд, аз нафақаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми ҳадди ақалли маош бархӯрдоранд.

Масъули бахши раштии ҷамъияти Ҳилоли аҳмар дар Рашт Заробиддин Сироҷов гуфт, танҳо дар ин ноҳия аз таркиши минаҳо 64 нафар осеб дида, мӯҳтоҷи кӯмаканд. Вай гуфт, дар доираи барномаи кӯмак ба зарардидагони мина тайи як соли ахир ба 24 нафари ин ҷамъият ду сарӣ гӯсфанд додаанд, то барояшон як кӯмаке шавад.

Бо вуӯуди ин ҳама нишастҳо, коршиносон мегӯянд, давлати Тоҷикистон дар таъмини вазъи иҷтимоии осебдидагон аз мина тавони молӣ надошта, ба кӯмаки созмонҳои хайрияи ҷаҳонӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG