Парванда барои нашри хабари сӯхтори "Корвон"

Додситонии вилояти Суғд алайҳи сармуҳаррири телевизиони мустақили “Ҷаҳоноро” дар Чкалов, парванда боз кардааст.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Маҳмудҷон Дадобоев ба "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи ҷумъаи 28- уми сентябр, додситонии Суғд нисбат ба зерҳимояаш барои пахши хабари сӯхтори бозори “Корвон” -и Душанбе дар барномаи ахбори телевизиони “Ҷаҳоноро”, парвандаи маъмурӣ боз кардааст.

Ба қавли хонум Ҷӯраева, сармуҳаррири телевизиони мустақили "Ҷаҳоноро" мутобиқ ба банди 373 – и Қонуни матбуоти Тоҷикистон - “риоят накардан ба қонунҳои васоити ахбори омма” айбдор дониста шуда, додситонӣ парвандаи ӯро ҷиҳати бозбинӣ ба додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол намудааст.

Хонум Ҷӯраева афзуд: «Мо ин амали додситониро ғайриқонунӣ меҳисобем. Чунки мутобиқи банди 36 - и Қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ, расонае, ки иттилоъро аз манбаи дигар пахш мекунад, дар назди қонун аз ҷавобгарӣ озод аст. Ва хабаре, ки телевизиони “Ҷаҳоноро” пахш кард, моли онҳо набуд, балки аз саҳифаи хабаргузории “Тоҷнюс” гирифта буданд. Мо бар зидди ин қарори додситонӣ ба Додситонии кулл шикоят мебарем.»

Аз додситонии Суғд ба Озодӣ гуфтанд, ки сабаби аслии боз шудани парвандаи маъмурӣ алайҳи сармуҳаррири телевизиони “Ҷаҳоноро”, “пахши носаҳеҳ” - и хабари “Тоҷнюс” дар барномаи ахбори телевизиони “Ҷаҳоноро” будааст, ки шумораи эҳтимолии ҳалокшудагон дар сӯхтори бозори “Корвон”- ро “ бинобар маълумоти ғайрирасмӣ”, ба ҷойи 3-8 нафар, “38 нафар” эълон кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаи муътамад аз додситонии Суғд, телевизиони “Ҷаҳоноро” барномаҳои худро бидуни қайд дар дафтари махсус иҷозаи пахш додааст, ки ин низ мухолиф ба қонун аст. Ҳамин манбаъ афзуд, радд нашудани ин хабари носаҳеҳ аз ҷониби телевизиони “Ҷаҳоноро”, додситониро водор ба боз кардани парвандаи маъмурӣ алайҳи раҳбари телевизиони мазкур кард.

Вале Маҳмудҷон Дадобоев, раҳбари телевизиони “Ҷаҳоноро” гуфт, хабари шумораи ғайрирасмии одамони ҳалокшуда дар сӯхтори бозори “Корвон”- ро аз хабаргузории “Тоҷнюс” айнан пахш карда буданд ва дар ин маврид аз ҷониби телевизион саҳве нарафтааст, ки раддия пахш кунанд. Ва дар ин бора асноди расмиро ба додситонӣ ироа карда буданд ва тавре ба назар мерасад, пазируфта нашудааст. Вай афзуд, барояш сабаби аслии барангехтани ин моҷаро алайҳи телевизиони “Ҷаҳоноро” комилан норӯшан аст.

Нуридин Қаршибоев, раҳбари иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, НАНСМИТ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ назарашро дар бораи ин қазия чунин баён дошт: “Ба назари ман, ин мушкилро ба сурати умум то расидан ба марҳалаи додгоҳӣ ҳал кардан мумкин буд. Ҷониби даъвогар метавонист аз ширкати телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро" талаби тасҳеҳи хабари хатояшро кунад ва бо иҷрои он баҳс поён меёфт. Аммо ҳоло, ки мутаассифона ин даъво то додгоҳ рафтааст, умедворам додгоҳ онро мунсифона баррасӣ мекунад.”

Телевизиони мустақили “Ҷаҳоноро” субҳу шом барои сокинони шаҳри Чкалов ва атрофи он намоиш пахш мекунад. Мавҷи он дар қисматҳои марказии Суғд танҳо тавассути шабакаи кабелии “Мавҷи Ориёно” дастрас аст.

Маҳмудҷон Дадобоев аз рӯзноманигорони ботаҷрибаи тоҷик ва муассиси ҳафтавори “Суғдиён” дар Хуҷанд ва телевизиони “Баҳри тоҷик” дар шаҳри Қайроқум мебошад. Ҳафтавори "Суғдиён" ду соли пеш ба сабаби мушкилоти молӣ баста шуд ва телевизиони “Баҳри тоҷик” то ҳол муҷаввиз дарёфт накардааст.