Додситонӣ: "Марги Икромзода мӯшикофона таҳқиқ мешавад"

Додситонии кулли Тоҷикистон қавл додааст, ки қазияи марги баҳсбарангези Ҳамза Икромзодаро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард.
Субҳи рӯзи шанбе наздикони Ҳамза Икромзода бо аризаи худ дар мавриди таҳқиқи фарогири марги ӯ, ба назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон омаданд.

Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза рӯзи шанбе ба "Озодӣ" гуфт, ки дар даромадгоҳи додситонӣ ба онҳо иҷозат надоданд, ки вориди бино шаванд ва аризаи худро ба Додситони кулл Шерхон Салимзода тақдим намоянд.

Дилхоҳ Икромзода гуфт, талоши онҳо барои мулоқоти бо Шерхон Салимзода, Додситони кулли кишвар бенатиҷа анҷомид ва танҳо баъд аз исрори онҳо, корманди додситонӣ Раҳматуллоҳ Холов ба назди онҳо омад ва аризаи онҳоро қабул намуд.

Хоҳари Ҳамза Икромзода гуфт, онҳо дар аризаи худ тақозо кардаанд, ки Додситонии кулл дар амри ошкор ва ба муҷозот кашидани омилони марги Ҳамза Икромзода мусоидат кунанд. Зимнан, Раҳматулло Холов ба онҳо гуфтааст, ки яке аз нишастҳои вижаи ҳафтаи ҷорӣ дар додситонӣ, маҳз ба қазияи марги Ҳамза рабт доштааст.

Наздикони Ҳамза мегӯянд, ки онҳо ҳатман дар ҳафтаи оянда ба додситонӣ меоянд ва нияти сӯҳбати чашм ба чашм бо Салимзодаро доранд. Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Азия Плюс”, аз қавли Раҳматулло Холов навиштааст, ба ӯ амр додаанд, ҳамин қазияро баррасӣ кунад.

Ҳамза Икромзода 27-сола сокини ноҳияи Ҳисор рӯзи 20 сентябр дар зиндони рақами як дар Душанбе даргузашт ва хешовандонаш мегӯянд, дар бадани ӯ осори шиканҷа ва латукӯб мушоҳида мешуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин зиндонӣ худкушӣ кардааст.