Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Ҳамза: "Пурсиданӣ ҳастам, ки қонун ҳаст, нест?"


Бештар аз даҳ сокини деҳаи «Хирманак" рӯзи ҷумъа ба Сарраёсати маҳбасҳои вазорати адлия омаданд ва аз раҳбари ин ниҳод хостанд, сабаби ҳақиқии марги Ҳамза Икромзода ифшо ва гунаҳкорони ҳодиса муҷозот шаванд.

Модари Ҳамза -- Зулайхо Ҷӯраева, қабл аз ворид шудан ба бинои Сарраёсати зиндонҳо чунин гуфт: «Пурсиданӣ ҳастам, ки қонун ҳаст, нест? Ҳам зиндонӣ мекунанд ва ҳам мекушанд, қатли бачаи маро ҳама дид дар ҷаҳон. Ман аз Худованд, аз ҷаноби олӣ ҳаминро илтиҷо мекунам, ки қотили писари маро ёбанд. Мегӯянд, ки худкушӣ кардааст, чӣ хел худкушӣ? Ҳама чиз дар бадани писари ман маълум. Бачаи маро куштанд! Қотилонро ёфта диҳанд!»

Масъулони Сарраёсати зиндонҳо занони муроҷиаткардаро пазируфтанд ва ба онҳоро ба утоқи Иззатулло Шарифов бурданд. Ин занонро хабарнигорон низ ҳамроҳӣ мекарданд ва сӯҳбати Шарифов бо пайвандони Икромзода дар ҳузури онҳо ҷараён гирифт.

Изатулло Шарифов нахуст ба онҳо ҳамдардии худро баён кард ва гуфт, ки тафтишот идома дошта, наздик ба ҳазор маҳбус мавриди пурсиш қарор гирифтаанд ва касоне, ки агар шиканҷа карда бошанд, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд: «Қасдан агар, дидаву дониста агар ҳамин кормандо ин корро карда бошанд, оддӣ карда гӯем, ӯро Худо мезанад. Хонаш сӯзад ҳаминхел одамро. Чунки ин соҳаи ман аст ва ин камбудии кори ман ҳисоб мехӯрад агар онҷо шиканҷа бошад. Дар ҳар як маҳбаси мо аз 1200 то 1300 маҳбус аст ва мо бо онҳо аз саҳар то соати 10 бегоҳ мисли боғчаи бачагон тибқи барнома кор мекунем. Чизе, ки ман барои маҳбусҳо мекунам, дар берун нест. Чунки ба ман ин вазифаро бовар кардаанд. Хӯроке ки маҳбусҳо мехӯранд, ҳатто баъзеятон дар хона намехӯред. Чойхона аст, гӯштбирён ҳам мехӯранд, ош ҳам мехӯранд, картошка бирён ҳам. Ман мусулмонам ва аз худо метарсам, дурӯғ намегӯям. »

Додхоҳии пайвандони Ҳамза Икромзода
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00
Линки мустақим


Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода гуфт, Рустам Тоштемуров раҳбари маҳбаси рақами 1-ро дар шинанҷа ва кушта шудани фарзандаш гунаҳкор медонад. Зеро ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, ин нафар аз онҳо барои раҳо кардани марҳум аз ШИЗО 2000 доллар талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар акси ҳол панҷ сол ба мӯҳлати ҷазои марҳум зам хоҳанд кард: «Акаи Изаттуло Шарифов, ман модарам ,ҷигарам сӯхт. Ман мехостам, ки Рустам Тоштемуров меомад ва ҳамин ҷо рӯ ба рӯи ман меистод. Медид, ҷигари сӯхтаи маро, вай фарзанд надошт? Бачаи маро аз рӯйи пул куштаанд ва ман ана ҳамин хел шикоят дорам!»

Аз ҷониби худ раҳбари Сарраёсати маҳбасҳои вазорати адлия Иззатулло Шарифов ваъда дод, ки раиси боздоштгоҳи шумораи 1-ро аз вазифа барканор хоҳад кард. Ба ақидаи Шарифов, ҳарчанд онҳо интизори натиҷаи ташхиси тиббӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура дар маврид марги Ҳамза Икромзода ҳастанд, аммо новобаста ба натоиҷи ташхис, «бинобар хунукназарӣ», раиси боздошгоҳи рақами 1 Рустам Тоштемировро аз вазифа сабукдӯш менамоянд.

Зулайхо Ҷӯраева гуфт, фарзандаш ҳамеша занг зада мегуфтааст, ки барояш пул диҳанд то аз шиканҷаи кормандони маҳбас наҷот ёбад. Хонум Зулайхо гуфт, дар мӯҳлате бештар аз як сол тамоми дороияшро аз даст дод, то фарзандаш азият накашад: «Ба хабаргириаш мерафтам, пул медодам, хона меомадам даҳ рӯз нагузашта занг мезад, ки оча пул биёр, мезананд. Бачам мегуфт, ки вай Тоштемуров даҳони бад дорад, модарта…. Хоҳарата …. Дашном медиҳад. Меравам отдел мана пул, пул, пул о ман аз куҷо мерам, ман аз ҳамсояҳо қарз карда мерафтам. Надорам ман пул!!! 150 то 200 сомониро ман 3 сомонӣ ё 1 сомонӣкарда мебурдам, дар даруни тагпӯшаш пинҳон мекард нисфашро ва мегуфт, ки оча аз инҷо бароям даҳ пост мегузарам. Ҳамаш пул мегӯянд. Касе ки пул диҳад, азобаш кам аст. Охирон бор, ки ба хабаргириаш рафта будам, куртаашро боло карда тахтапушташ сиёҳ буд, гуфт, барои пул заданд.»

Мусоҳибаи гурӯҳе аз хабарнигорон бо пизишки Ҳамза Икромов -- Абдуҳаким Тугаев ро бихонед ва бишнавед.

Тавре мушоҳида шуд, Иззатулло Шарифов мехост то ҳадди аксар вазъро зери контрол бигирад ва суханони муроҷиаткунандаҳоро то охир бишунавад. Ҳарчанд эҳсос мешуд, ки ӯ низ асабӣ мегашт, аммо худро ба даст мегирифт. Хонум Зулайхо Ҷӯраева баъд аз тахминан 40 дақиқаи суханронии беист, аз азобҳои ба қавли худаш «аз дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва пулталабии онҳо», аз ҳуш рафт. Ин ҷамъомад, бо даъвати духтурони ёрии таъҷилӣ ва гусели модари аз ҳуш рафта ба хонааш бо мошини ёрии таъҷилӣ, ба анҷом расид.

Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш бо иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе ҷон бохт. Наздиконаш мегӯянд, дар бадани вай осори шиканҷа ва латтукӯб ба таври ошкор мушоҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG