Русия ба Тоҷикистон: Аввал - пойгоҳ, баъд...

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин

Аввал – пойгоҳ, баъд масоили дигар - чунин аст як бардошти таҳлилгарон аз сиёсати кунунии Маскав дар қиболи Тоҷикистон.
Путин – вориси Николайи 1

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех Карел Швартсенберг дар мусоҳиба бо The Cable, бахши блогҳои маҷаллаи амрикоии Foreign Policy бо як лаҳни хеле бараҳна гуфтааст, Русия талош дорад худро дубора ҳамчун гегемони минтақавӣ эҳё кунад. Вазири чех раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ба Николайи 1, подшоҳи ин кишвар дар асри 19 монанд карда, гуфтааст, “Русия дар аҳди Николайи 1 бахши аъзами Осиёи Марказиро ишғол кард. Путин он ҳамаро бомуваффақият дубора таҳти назорати Русия меорад ва Ғарб дар инҷо бохта истодааст.”

Ин изҳороти “ғайридипломатӣ”-и Карел Швартсенберг як навъ посух ба гомҳои ахири Маскав дар Осиёи Марказист. Зимни сафари Путин ба Бишкек замони ҳузури пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистон то соли 2032 тамдид шуд ва Маскав дар иваз 489 миллион доллар қарзи Қирғизистонро бахшида, барои сохтани 5 нерӯгоҳ, аз ҷумла нерӯгоҳи азими Қамбар-Ота-1 ваъдаи сармоя дод. Дар аввалҳои октябр, қарор аст, Путин бо чунин як сафари низ, ба гуфтаи манобеи огоҳ, “хеле пурбор” аз Душанбе ҳам боздид кунад.

Бозӣ сар шуд

Марс Сариев

Таҳлилгари масоили минтақа Марс Сариев мегӯяд: “Русия як бозии бузурги геополитикиро сар кардааст. Узбакистон як кишвари калидии минтақаи мост ва Русия дар вақташ маҳз ба далели мухолифати Тошканд аз сохтани нерӯгоҳи Роғун даст кашида буд. Сафари Путин ба Қирғизистон ва инак, ба Душанбе талошест барои ҷалби Узбакистон ба равандҳои ҳамгироӣ, аз ҷумла дар тарҳҳои муҳими энержӣ, чун сохтани нирӯгоҳҳо. Як монеаи асосӣ дар роҳи ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ маҳз мавқеъи алоҳидаи Тошканд аст.”

Шореҳи рус Антон Барбашин тавофуқоти ҳосилшуда дар Бишкек ва эҳтимоли ҳалли масъалаи пойгоҳи 201 – умдатарин мавзӯи баҳси Маскав бо Душанберо аломати аз калавишҳои Тошканд дилсард шудану дигар дар сиёсати Осиёи Марказиаш ба Тоҷикистону Қирғизистон такя задани Кремл медонад. Тошканд ба азми Русия барои сохтани нерӯгоҳи Қамбар-Ота то ҳол вокуниши расмие нишон надодааст, вале сомонаи нимарасмии “Мизон” ин тавофуқро “бештар аз иштибоҳ” хонда гуфтааст, Русия зоҳиран мехоҳад назорати “ҷумаки об”-и Осиёи Марказиро ба дасти худ бигирад. Ба навиштаи ин сомона, агар Русия ба сохтани нерӯгоҳи Роғун ҳам азм кунад, ин ба маънои “ихтилофи комил бо Узбакистон” хоҳад буд.

Аммо ба назари таҳлилгарон, ояндаи равобити Душанбеву Маскав пеш аз ҳама ба ҳалли баҳси ду ҷониб бар сари пойгоҳи 201-ум бастагӣ хоҳад дошт. Яъне аввал пойгоҳ, баъд масоили дигар.

Барои табрики ҷаноби Раҳмон

Аркадий Дубнов

Шореҳи рус Аркадий Дубнов, ки Путинро дар сафари Бишкек ҳамроҳӣ мекард, гуфт, гумон аст, ӯ дар Душанбе барои бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳам майл нишон дода, хашми аз ин ҳам бештари Узбакистонро барангезад. Аммо ба ақидаи Дубнов, боздиди Путин аз Душанбе барои ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон бештар аҳамияти рамзӣ дорад: “Муҳимтар аз ҳама, барои Раҳмон хеле хуш хоҳад омад, ки Путин шахсан барои табрики 60-солагии ӯ меояд. Дар Шарқ ба чунин иқдом баҳои хеле баланд медиҳанд ва дастгоҳҳои таблиғотии Тоҷикистон инро, албатта, ба таври хеле ва хеле мутантан тақдим хоҳанд кард.”

Албатта, ваъдаи сармояи Русия ба Роғун метавонист як қартаи тузи Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 шуда, дили мардуми аз бебарқӣ дилтангшударо ба шахси ӯ гармтар кунад. Вале ба гуфтаи маҳофил, Душанбе бо супурдани ташхиси тарҳи Роғун ба Бонки ҷаҳонӣ, ки ин корро се сол боз тӯл медиҳад, худро дар банд андохтааст. Русия ҳам, ки намехоҳад бо ваъдаи сармоя ба боз як нерӯгоҳи мавриди мухолифати шадиди Тошканд ояндаи равобиташ бо ин кишвари муҳими Осиёи Марказиро батамом хароб кунад, албатта, то анҷоми ташхиси Бонки ҷаҳонӣ аз ҳар навъ ваъдаи мушаххас дар заминаи Роғун худдорӣ хоҳад кард.

Амриддин Шарипов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Умед аст, ки сафари Путин натиҷаҳои мусбат диҳад, чунки бархе ҷанбаҳои баҳсӣ алакай зимни боздиди муовини сарвазири Русия Игор Шувалов пешакӣ ҳалли худро ёфт. Вале ба назари ман, қарордодҳо то ба сатҳи сохтани нерӯгоҳҳо нахоҳанд расид. Вале мавзӯъи дигари барои мо ҳаётӣ раҳоӣ аз буҳрони маводи сӯхт шояд ҳалл шавад. Монополияи “Газпром” ва боҷу хироҷи гумрукии Русия нархи маводи сӯхтро дар Тоҷикистон ба осмон баровардааст.”

Поёни талхи чанд “моҳи асал”

Ислом Каримов

Тоҷикистону Қирғизистон дар гузашта ҳам бо Русия чандин бор ба истилоҳ “моҳҳои асал” доштанд, ки маъмулан ба давраҳои сардии муносиботи Маскав бо Тошканд рост меомад. Русия бори аввал соли 1994 ва бори дувум тавассути ширкати РусАл дар соли 2004 барои сохтани нерӯгоҳи Роғун созишнома имзо кард ва ваъдаи бунёди Қамбар-Отаро ба Бишкек 4 сол пеш, ҳанӯз дар аҳди Қурмонбек Боқиев ҳам дода буд. Вале ҳар бор, ба муҷарради ба Маскав рӯи марҳамат нишон додани Узбакистон Русия аз ин ду муттаҳиди фақираш дар минтақа рӯ метофт ва худро боз ба Ислом Каримов наздиктар мекард.

Аркадий Дубнов мегӯяд, ин бор ҳам ба Душанбеву Бишкек такя задани Русия бештар аз муносиботи начандон хубаш бо Узбакистон маншаъ мегирад, то аз интихоби усулии Маскав рӯи ин ду пойтахт ба ҳайси шарикони стротегӣ ва ивазнопазир Русия дар минтақа: “Чунин набуд, ки Маскав фақат рӯи Тошканд ҳисоб карда, равобиташ бо Душанбе ё Бишкекро қурбони марҳаматҳои Каримов кунад. Аммо то замони узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ будани Узбакистон барои Маскав хеле мушкил буд пеш бурдани сиёсате ки Тошкандро қонеъ гардонад ва дар айни замон манфиатҳои Душанбе ё Бишкекро пушти по назанад. Аз ин лиҳоз, Душанбе ва Бишкек бояд аз Каримов сипосгузор бошанд, ки аз ин паймон хориҷ шуд ва дастони то ҳол бастаи Маскавро боз кард.”

Марс Сариев, таҳлилгари қирғиз мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи кунунӣ қариб тамоми ҳисоби худро ҳадди ақал дар бахши энержӣ рӯи Русия кардаанд, вале аз эҳтимол дур нест, агар беҳтар шудани равобити Русияву Узбакистон дар оянда ин навбати “моҳи асал”-и Бишкеку Душанбе бо Маскавро ҳам бенатиҷа ба поён бирасонад: “Бале, шояд боз чунин шавад. Узбакистон муҳимтарин бозигар дар Осиёи Марказист ва барои қудратҳо назар ба Тоҷикистону Қирғизистони фақиру дастнигар аз аҳамияти хеле бештар бархӯрдор аст. Ягон қудрат, албатта, намехоҳад мавқеи Тошкандро сарфи назар кунад ё нодида бигирад. Бишкек ба ҳамин далел зимни имзои қарордодҳои бунёди нерӯгоҳҳо аз Маскав замонатҳои мушаххас талаб кард. Вале ба ҳар сурат, ин нигаронӣ боқист, ки Тошканд метавонад Маскавро боз ба тарафи худ гардонад. Ин нигаронии андак нест.”

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Ба ақидаи нозирони умур, ҳамин хотироти начандон хуш аз пешинаи равобит бо Маскав аст, ки Душанбеву Бишкек аз Русия замонати бештари иҷрои тааҳҳудоташро меҷӯянд. Мақомоти қирғиз дар музокироти Бишкек хеле пой фишурданд, ки замонатҳои Русия, бавижа дар мавриди сохтани Қамбар-Ота, дар қарордодҳо мушаххастар мунъакис шаванд.

Амриддин Шарипов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, Русия дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Марказӣ илоҷе ҷуз аз пазируфтани дӯстии нақди Душанбеву Бишкек ба ҷои насяи Узбакистон ё Туркманистону Қазоқистон – се кишвари саршори нафту гази минтақаро надорад, вале талотуми ҳодисот метавонад қиблаҳои геополитикии Русия ё ҳар қудрати дигари бозигар дар Осиёи Марказиро хеле зуд дигар кунад: “Аслан аз ҳама лиҳоз Узбакистон як бозигари чашмрас дар Осиёи Марказист. Лекин мо бояд мавқеи худро дуруст интихоб кунем ва набояд ба ваъдаҳои “бародари калонӣ” зиёд умед бубандем, то мабодо дар ин бозиҳо, ба қавли русҳо, “розменная монета” шавем. Эҳтимоли такрори чунин ҳолат ҳам вуҷуд дорад."

“Плани нави Маршалл”

Аммо таҳлилгарон ба инки Русия мехоҳад як бозигари хеле фаъолтар дар Осиёи Марказӣ шавад, тардид надоранд. Раиси он ҷумҳурӣ Владимир Путин кайҳо боз тарҳи Иттиҳоди АвроОсиёро ташвиқ мекунад, ки бисёриҳо як навъ талоши эҳёи Иттиҳоди Шӯравии пешин ҳам ба қаламаш медиҳанд. Дар баҳори соли ҷорӣ тавассути генерал Виктор Иванов, раиси собиқи Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия, ки бо собиқаи чекистиаш аз нафарони наздик ба Путин маҳсуб мешавад, тарҳи пуриддаои Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд, ки ҷалби то 60 миллиард доллар сармояи русӣ ба ин минтақа, аз ҷумла то 12 миллиард доллар ба Тоҷикистонро ба ҳадаф дорад. Дар матбуот ҳатто бо ишора ба барномаи кумаки Амрико ба эъмори баъдиҷангии Аврупо дар солҳои 40 ин тарҳро “плани нави Маршалл” меноманд.

Юрий Крупнов (дар байн)

Юрий Крупнов, аз мубаллиғони “Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ”, ки ахиран аз Душанбе дидан кард, пинҳон намекунад, ки ҳадафи онҳо эҳёи ҳамон “кишвари бузург”, яъне Иттиҳоди Шӯравист: “Ин барнома хеле сода ва иборат аз 3 банд аст. Якум, мо бояд кишвари бузурги нав бисозем, вале бо ҳифзи истиқлоли кишварҳои мо. Сониян, ба ақидаи мо, Осиёи Марказӣ барои сохтани Иттиҳоди АвроОсиё пойгоҳи асосист ва кишвари калидии ин минтақа Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, равобити Тоҷикистону Русия бояд дар авлавияти мутлақ қарор бигирад. Ва севум, ҷалби 12 миллиард доллар сармоя аз русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар 20 соли наздик.”

Дар соли 2004 дар ҷараёни сафари Путин ба Душанбе Русия ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар сармоя, аз ҷумла 600 миллион барои Роғун ваъда дода буд, вале танҳо қарордоде ки иҷро кард, ба поён расондани сохтмони ниматамоми нерӯгоҳи Сангтӯдаи як буд ва он ҳам дар баҳои аз худ кардани 75 дарсади саҳмияҳои ин нирӯгоҳ. Боқӣ тавофуқоти дар ҳузури худи Путин имзошуда ҳама рӯи қоғаз монд.