Давлати Тоҷикистон барои сохтмони Роғун дар тарҳи буҷаи соли оянда як миллиард сомонӣ дар назар гирифтааст.
Дар буҷаи давлатии соли ояндаи Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса ба соли ҷорӣ 200 миллион сомонӣ бештар аст. Ин дар ҳолест, ки то кунун Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои ташхис ё экспертизаи байналмилалии ин нерӯгоҳро эълом накардааст.
Нарзулло Ҳабибуллоев, сардори раёсати буҷаи давлатии вазорати молия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи буҷаи соли оянда, ки дар он афзоиши мабалағ барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун низ дар назар дошта шудааст, ба комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод шудааст. Аммо бо ин ҳам ҷаноби Ҳабибуллоев сабаби афзоиш ёфтани мизони маблағи буҷа барои сохтмони Роғунро шарҳ надод.
Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Сафаров, директори нерӯгоҳи барқи обии Роғун гуфт, маблағи мазкур барои идома додани корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ масраф хоҳанд шуд ва дар сурати дарёфти натиҷаи ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ, бақияи ин маблағҳо дар дигар корҳои сохтмонӣ харҷ мешаванд.
Аммо ба таъкиди ҷаноби Сафаров, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ҷараён дорад: "Корҳои барқарорсозӣ ва консерватсиякунонӣ ҷараён доранд. Ин ҷадвал ҳам бо Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқа шудааст."
Директори нерӯгоҳи барқи обии Роғун бовар дорад, ки хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди нерӯгоҳи Роғун мусбат хоҳад шуд ва ин амр имкон хоҳад дод, то сохтмончиён бунёди ин нерӯгоҳро идома диҳанд.
Омор нишон медиҳад, ки сол то сол ҳукумати Тоҷикистон маблағгузориро барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун афзоиш медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мухолифат ва монеаҳо аз берун хеле зиёданд ва бо он ки то ҳанӯз ташхиси байналмилалии ин нерӯгоҳ мушаххас нашудааст, ҳамзамон дар амалкарди созмонҳои байналмилалӣ як навъ ақибнишинӣ низ ба назар мерасад.
Коршиносон омили афзоиш додани сармоягузориро дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур чунин шарҳ медиҳанд, ки ҳамакнун ҳукумати Тоҷикистон эҳсос намудааст, созмонҳои молӣ ва кишварҳои хориҷӣ бозиҳои пасипардагӣ мебаранд ва ба ин далел набояд ба умеди дигарон шуд.
Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисодшиноси тоҷик, дар ин бора чунин назар дорад: "Ҳатман бояд бо қувваю нерӯи худ сохт. Мунтазири онҳо шудан лозим нест. Чунки онҳо пагоҳ метавонанд як хулосае бароранд, як пешниҳоде кунанд, ки ин нерӯгоҳро сохтан хатар дорад ва дигару дигар сабабҳоро пеш меоранд. Билохира, корҳо ҳам ақиб мезанад ва вақт ҳам аз даст меравад. Барои ҳамин, ҳукумат мӯътақид шуд, ки мунтазири касе шудан лозим нест ва бояд худамон бисозем. Аз ин рӯ, маблағи як миллиард сомониро барои соли оянда ихтисос доданист."
Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили обу энержӣ низ бар он назар аст, ки Тоҷикистон бояд дар сохтмони Роғун ба касе гӯш надода, бунёди онро идома диҳад. Ба ақидаи ин коршинос, "хеле корҳо ба анҷом расидаанд. Агар давлат пеши обро бандад, метавонад аз соли оянда оҳиста-оҳиста ду турбинае, ки ҳаст, васл намояд. Турбинаҳо, ки васл шуданд, як миқдор об, ки ҷамъ шуд, аллакай нерӯи барқи тавлидшударо метавон фурӯхт, ки ин ҳам пул аст."
Талошҳои Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун дар ҳолест, ки борҳо президент Эмомалӣ Раҳмон ин нерӯгоҳро "ҳаёту мамот"-и мардуми кишвар хонда ва бунёди онро на танҳо барои берун шудан аз бӯҳрони энержӣ, балки беҳ шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кулли кишварҳои минтақа муҳим донистааст. Ин аст, ки раисиҷумҳур ба мухолифати кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Узбакистон нигоҳ накарда, таъкид дорад, ки бояд ин нерӯгоҳ бо истифода аз имконоти дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Cоҳибаи Кароматулло, радиои Озодӣ