Бо гузашти қариб 3 ҳафта аз сӯхтори бесобиқа дар бузургтарин бозори Тоҷикистон, то кунун сабабҳо ва ангезаҳои он рӯшан нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба дунболи ин оташсӯзӣ, кумиссиюни вижа бо шумули масъулони вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон таъсис шуд ва қарор буд, ҳанӯз рӯзи 19-уми сентябр сабабҳои сӯхтор ва мизони хисороти онро ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод мекард.
Аммо Ҳабибулло Воҳидов, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ки раҳбарии комиссияи тафтишии қазияи сӯхтор дар ин бозорро бар ӯҳда дорад, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ дар бораи то имрӯз ба куҷо расидани кори кумиссиюн чунин гуфт: «Тафтишот идома дорад ва мо ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаем. Бинобар ин, ҳоло ягон хабаре, ки боиси таваҷҷӯҳи шумо бошад, гуфта наметавонам. Дар сурати хулосабарорӣ, мо ҳатман шуморо дар ҷараён хоҳем гузошт, зеро дар ин ҳодиса шумораи зиёди аҳолӣ ҷабр дидааст. »
Аммо Мирулло Шарипов, сардори Сарраёсати хадамоти оташнишонии вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аллакай сабабҳои оташсӯзӣ дар «Корвон» мушаххас шуда ва ҳатто фарди дар ин ҷиноят даст дошта маълум гардидааст. Вале ин мақоми Хадамоти оташнишонӣ бинобар халал ворид накардан ба ҷараёни таҳқиқи қазия, аз додани иттилооти бештар худдорӣ намуд.
Мирулло Шарипов танҳо афзуд: «Парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Додситонии кулл боз шудааст, маълумотро шумо метавонед аз онҳо дастрас кунед. Тафтишотро онҳо мебаранд ва ҳама пастиву баландии ин қазияро онҳо медонанд.»
Ҳафтае қабл дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки зоҳиран аз дурбинҳои назоратии бозори «Корвон» гирифта шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки чӣ гуна як зани сиёҳпӯш як дӯкони бозори яклухтфурӯширо оташ мезанад. Пас аз нашри ин видео, овозаҳо дар мавриди боздошт шудани як ё ду зан рӯи забонҳо омад.
Аммо Ҳабибулло Воҳидов, муовини додситони кулли Тоҷикистон боздошти афроди гумонбар дар оташсӯзии бозори «Корвон» -ро рад мекунад: «Ҳамаи ин ҳолатҳоро дар рафти тафтишот мо дида истодаем ва ташхисҳои лозимаро вобаста ба ин мегузаронем. Ҳоли ҳозир бо вобаста ба парвандаи ҷиноӣ ягон кас боздошт нашудааст. Фарзияҳо хеле зиёданд, аммо ҳамагӣ дар ҷараёни тафтишот дақиқ карда мешаванд.»
Тӯл кашидани таҳқиқи қазияи сӯхтор дар бозори «Корвон», тоҷирони зарардидаи бозорро ноумед кардааст. Ҳабибулло як аз ин тоҷирон мегӯя: «Албатта халқ
мехоҳад бидонад, ки киҳо дар ин ҷиноят даст доранд вале мо ба боздошт шудани онҳо боварӣ надорем. Аз ин сабаб мо дигар ҳатто намепурсем ки онҳоро дастгир краданд ё не. Чун агар дастгир шуда бошанд ҳам, молҳои сӯхтаро барқарор карда натавонанд. Ҳоло мо бештар дар андешаи дуруст кардани дӯконҳоямон ҳастем. Зеро ба мо гуфтанд, ки болои бозорро мепӯшонанд ва нуқтаҳоро ҷудо мекунанд ва мо бояд дохили ин дӯконҳоро худамон дуруст кунем.»
Дар солҳои ахир дар бозорҳои кишвар чандин мавриди сӯхтор мушоҳида шуд. Танҳо бозори «Корвон» дар ин авохир дастикам 6 маротиба ба коми оташ рафт, вале таҳқиқи мавридҳои қаблии оташсӯзӣ дар ин бузургтарин бозори Тоҷикистон ҳама нотамом монд. Нозирони умур мегӯянд, мақомот бояд билохира инбор таҳқиқи қазияро то охир бирасонанд ва маълум кунанд, ки иллати сӯхтори шоми 5-уми сентябр чӣ буд ва чаро дороии садҳо тоҷири “Корвон” ба коми оташ рафт?