Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори чигуна оташ гирифтани бозори "Корвон" нашр шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ин навор, ки иддао мешавад, аз "Корвон" аст, як зан бо либоси сиёҳ гӯшае аз бозори яклухтфурӯширо оташ медиҳад.

Дар шабакаи Интернет наворе пайдо шудааст, ки ба иддаои гузорандагонаш чигуна оташ гирифтани қисмати яклухтфурӯшии бозори "Корвон" дар Душанберо намоиш медиҳад. Ин навор, ки дар торнамои Топвидео пайдо шуд, зоҳиран аз дурбинҳои назоратии бозор гирифта шудааст. Вале то ҳол мақомот дар бораи дурустӣ ё сохта будани ин навор изҳори назаре накардаанд.

Дар ин видео, ки иддао мешавад, аз "Корвон" аст, дида мешавад, як зан бо либоси сиёҳ як гӯшаи бозорро оташ мезанад. Вале ин навор дар ҳоле дастраси расонаҳову сокинон шуда, ки аз оташсӯзии бузургтарин бозори Душанбе даҳ рӯз сипарӣ шуда, вале то кунун омилони сӯхтор мушаххас нашудааст.

Ахиран Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон" ҳам эълом кард, барои онҳое, ки омилони оташсӯзии бозорро фош мекунанд, ҳамчун ҷоиза 150 ҳазор сомонӣ, муодили каме бештар аз 30 ҳазор доллар, тақдим хоҳад кард.

Шоми панҷуми сентябри соли ҷорӣ "Корвон" - яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар коми оташ рафт, ки бар асари он садҳо дӯкон ба хокистар мубаддал шуданд ва ба тоҷирон миллионҳо сомонӣ зиён ворид шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр бо пахши баёнияи расмии худ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор бозори савдои яклухтфурӯшӣ (оптовый)-и "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид."

Навор аз торнамои Топвидео:

"Корвон" чӣ гуна оташ гирифт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим


Сӯхтори бозори "Корвон" хашми тоҷиронро ба бор овард ва онҳо дар як тазоҳуроти густурда аз мақомот хостанд, ки иллати оташсӯзиро барояшон шарҳ диҳнад. Дар натиҷа, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ба назди тазоҳургарон рафт ва гуфт, ин ҳодиса таҳқиқ ва онҳое, ки дар ин кор даст доранд, муҷозот хоҳанд шуд.

Субҳи рӯзи 7-уми сентябр комиссияи махсуси иборат аз кормандони ВКД ва Додситонии кул ба таҳқиқи иллатҳои сӯхтор ва хисороти сӯхтор дар бозори "Корвон" оғоз карданд. Бо ин вуҷуд, то кунун сабаби аслии сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон" расман аз сӯи мақомот баён нашудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG