Дар варзишгоҳи марказии Хоруғ ҳудуди чиҳил таббох ё ошпаз барои 15 ҳазор сокини ин шаҳр "ош" таҳия намудаанд.
Субҳи рӯзи 22-юми сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ маъракае баргузор шуд, ки ба қавли мардум "оши оштӣ"-ву ба гуфтаи мақомот "зиёфати президент" ном дорад.
Мақомот мегӯянд, барои ташкили ин маърака як тонна биринҷ, як тоннаву 400 кило гӯшт ва меваҳои тару тоза харидорӣ шудааст. Ба қавли онҳо, дар таҳияи ин "ош", ки аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, тақрибан 40 таббох ё ошпаз аз манотиқи ҷумҳурӣ иштирок кардаанд.
Гуфта мешавад, ин маводи таҳиякарда барои 10-15 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, ки метавонанд то бегоҳ ба варзишгоҳи марказии Хоруғ омада, баҳравар шаванд. Манбаи "Озодӣ", ки дар варзишгоҳи марказии Хоруғ аст, мегӯяд, дар майдон барои пазироии меҳмонон шароит муҳайёст ва ихтиёриён дар хидмати мардум қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд вуруд ба варзишгоҳ озод аст, аммо аз намояндагони мухолифин то кунун касе наомадааст.
Дар ҳамин ҳол, додситони кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сокинони Хоруғ дар робита ба қазияи Толиб Айёмбеков ва ҳамроҳони ӯву мухолифони дигар изҳори назар кардааст. Ӯ гуфтааст, бархӯрд бо ин нафарон, ки номашон бо ҳаводиси ахири Хоруғ иртибот дорад, дар асоси қонун сурат хоҳад гирифт. Аммо ӯ афзудааст, ба далели ин ки онҳо яроқашонро супурда, бо мақомот ҳамкорӣ кардаанд, ҷавобгарияшон сабуктар хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, ин ош ё зиёфате, ки аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сокинони Хоруғ пешниҳод шудааст, пас аз ду моҳи ҳаводиси хунини Хоруғ сурат мегирад. Сокинон мегӯянд, зоҳиран ин ҳама талошҳо барои дубора ба даст овардани дили сокинони Бадахшон аст, ки дар пайи ин ҳаводис мақомоти кишварро танқид ва як навъи дилсардии худро аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақа баён дошта буданд.
Аз ин пеш, худи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам аз баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон - Хоруғу Рӯшону Шуғнон боздид карда, бо гурӯҳи бузурги фаъолони ин вилоят ҳам дидору мулоқот анҷом дод. Ӯ дар сӯҳбати худ дар Хоруғ ба ҳаводиси ахири ин шаҳр ишора ва баъзе аз гурӯҳҳоро барои эҷоди ноамнӣ ва қочоқи маводи мухаддиру ҳифзи афроди ҷинояткор муттаҳам кард.