Бостоншиносони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон гӯристонеро пайдо карданд, ки он ҷо аспон бо савораҳо ва лавозимоти ҷангӣ гӯронида шудаанд.
Ин гӯристон дар ҳоле пайдо шуд, ки соли гузашта ҳангоми лағжиши поракӯҳе, ҷасади бо эҳтимоли зиёд ҷанговар бо аспу лавозимоти ҷангии қадим намоён шуд ва бостоншиносон дар пайи он, ба ковиши ҷиддитари ин мавзеъ шурӯъ карданд.
Хайрулло Тоҳиров, мудири Идораи фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, то ҳол дар ин мавзеъ панҷ асп бо савораву лавозимоти ҷангӣ пайдо шудааст, ки ба шакли рост он ҷо гӯронида шудаанд. Савораҳо, ки бо эҳтимоли зиёд ҷанговар ҳастанд, дар даст шамшеру сипар ва гарданбанд доранд. Тоҳиров мегӯяд, бар асоси фарзияву тахминҳои пешакӣ, ин ҷасадҳо ба даврони ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ солҳои 329-327-и пее аз милод ва ё замони ҳукмронии сулолаи Селевкҳо, ки пас аз ҳуҷуми Искандар ҳукумат кардаанд, мувофиқ меоянд. Зеро лавозимоти ҷангии онҳо ба лавозимоти ҷангии он давра, ки аз дигар манотиқи дунё пайдо шудаанд, хеле шабоҳат доранд.
«Эҳтимол ин як шакли гӯронидани ҷанговарон, ки дар ҷангҳо ҳалок мешуданд, бошад. Ин чиз, ки ин гӯрҳо пеш аз солшумории мелодӣ пайдо шуданд аниқ аст ва
шаҳодат аз таърихи кӯҳан доштани як гӯшаи Тоҷикистон дониста мешавад. Ин бозёфт, бозёфти нодир аст ва ҳоло аз ҷониби ходимони Академияи улуми Тоҷикистон зери роҳбарии мудири шӯъбаи бостоншиносии он Филимонова Татяна Гермоновна омӯхта мешавад».
Пайдоиши ин гӯристон боиси оғози ковишҳои нави бостоншиносӣ дар Сари Хосор гаштааст. Шамсулло Аҳадов, мудири Шӯъбаи туризми ноҳияи Балҷувон мегӯяд, дар замони Шӯравӣ ковишҳои ҷиддии бостоншиносӣ дар ин мавзеъ, ки ҳамакнун таърихи кӯҳан доштанаш собит мешавад, сурат нагирифта буд. Аҳадов мегӯяд, Балҷувон, аз ҷумла мавзеи Сари Хосор минтақаи туризм эълон шудаанд ва пайдоиши чунин осори таърихӣ, сайёҳонро ба ин ноҳия бештар ҷалб хоҳад кард:
«Пайдоиши ин гуна осорҳои таърихӣ ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард. Агар маблағгузорӣ шавад ва роҳҳо ва меҳмонхонаҳо сохта шаванд, ин соҳа сердаромад хоҳад шуд. Ин осоре, ки пайдо шудааст, шояд ҷанговарони Искандари Макдунӣ ва ҷанговарони маҳаллӣ бошанд. Аммо фикр мекунам, ки тамошои онҳо диққати аврупоиёнро низ ба худ ҷалб хоҳад сохт».
Ҳоло дар Сари Хосор як осорхонаи нав боз шудааст ва ашёи пайдошуда, ки аз устухони аспу инсон ва лавозимоти оҳанину мисни ҷангӣ иборатанд, аз сари нав ба ҳам ширеш шуда, дар ин осорхона ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.