Сатри духтарон: Рамзи эътиқод ё василаи "шикор"-и мардон?

Бархе аз духтарони тоҷик мегӯянд, ҳиҷобу рӯсариро барои пайдо кардани ҳамсари ояндаи худ истифода мебаранд.
Шодигул, як духтари тоҷик, бо пӯшидани ҳиҷоб тавонистааст, номзади худро пайдо ва бо ӯ издивоҷ намояд. Ӯ мегӯяд, маҳз ҳамин либоси мазҳабӣ писанди шавҳари ҳозирааш шуда, дар ниҳоят онҳо як оилаи мустаҳкам бунёд кардаанд. "Шавҳарам баъд аз издивоҷ ба ман гуфт, ҳарчанд интихоби зиёд дошт, аммо маро маҳз ба он хотир интихоб кард, ки рӯсарӣ доштам",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Аммо Шодигул пас аз он ки бахти худро пайдо кард, ҳиҷобро барои муддате канор гузошт, зеро ба гуфтаи худаш ба орзуяш расид. Зимнан, ин шабу рӯз агар гузаратон ба қаҳвахонаҳоу тафреҳгоҳҳои пойтахт афтад, ҳатман гурӯҳи зиёди духтаронро хоҳед дид, ки бо мӯди охирин сатр бастаанд.

Агарчӣ падидаи ҳиҷобпӯшии занону духтарон дар Тоҷикистон ҳарфи тоза нест, аммо дар ин авохир як паҳлӯи дигари ин мавзӯъ зиёд миёни ҷомеа баҳс мешавад. Ба ақидаи бархе, рӯ овардани ин духтарон ба либоси исломӣ нафақат ба хотири намоиши эътиқодмандии онҳо ба дин, балки барои пайдо кардани шавҳари муносиб ҳам ҳаст.

Фарҳод, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки мардон дар ҷомеаи хеле мазҳабишудаи Тоҷикистон ба духтарони ҳиҷобпӯш эҳтироми махсус қоиланд, чунин муносибат аз ҷониби ин ҷавондухтарон сӯистифода мешавад. Ӯ гуфт, "эҳтимол ин аз он сабаб аст, ки шумораи мардон кам ва занон дар кишвар бештар аст. Ба ҳамин хотир, духтарон кӯшиш мекунанд, роҳҳои ҷалби таваҷҷӯҳи мардонро пайдо кунанд. Чун мардон бештар барои худ ҷуфтеро меҷӯянд, ки имони комил ва иффат дошта бошанд, духтарон ҳам маҳз такя ба ҳамин эҳсоси мардон мекунанд ва аз боварии онҳо истифода мебаранд."

http://www.ozodi.org/externalaudio-FLRM/Audio/371155.html

Ба гуфтаи Фарҳод, ӯ борҳо мушоҳида кардааст, ки чунин духтарони сатрбасар, ки мебоист намунаи ахлоқу иффати занона бошанд, “чун ба хилват мераванд, як кори дигар мекунанд.” Ҳамсӯҳбати мо илова кард, ҳарчанд либоси мазҳабӣ бояд тақводорӣ ва парҳезгории занонро ба намоиш гузорад, аммо бархе духтарон барои ба истилоҳ шикори "сайд" аз матоъҳои пурҷило ва ороишоти мухталиф истифода мебаранд ва ин аз таваҷҷӯҳи мардон дур намемонад.

Завқибек Солиҳов

Дар ҳамин ҳол, Интернет ҳам ки тибқи пажӯҳишҳо дар Тоҷикистон аксаран чун воситаи шиносоӣ дониста мешавад, аз сӯи ин тоифа духтарон ба хотири пайдо кардани ҳамсари оянда ва дӯстони наздик фаровон истифода мегардад. Онҳо бо гузоштани аксҳояшон бо рӯсарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи ба истилоҳ "хушдорҳо"-яшонро зиёд мекунанд.

Дар зимн, дар Фейсбук як акси мусофирбари пойтахт нашр шудааст, ки дар он аз 13 зан ва духтари дар дохили он буда, 11 нафарашон ҳиҷоб доранд. Завқибек Солеҳов, муаллифи ин акс, мегӯяд, манзараи мазкурро вай субҳи 20-уми сентябр мушоҳида карда, дафъатан онро дар интернет ҷой додааст. Ин мусоҳиби мо афзуд, "масалан, дар деҳот аллакай духтарони аз синфи 5 ба боло сатр доранд ва ин ҳам як нишонии боиффат будани духтарҳост. Ҷавонони деҳотӣ ҳам маҳз чунин духтаронро хуш доранд, зеро аз нигоҳи онҳо духтари ҳиҷобдор ҳатман духтари хуб аст. Дар Душанбе бошад, ман аксран дар бозорҳо мушоҳида мекунам, ки теъдоди зиёди духтарон сатр доранд."

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, мавридҳои сӯистифодаи занону духтарон аз рамзҳои мазҳабӣ, назири сатру ҳиҷобро ба мушкилоти иҷтимоие рабт медиҳад, ки ҷомеи тоҷикро дунболагирӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ин аст, ки бархе ҳатто ҳиҷобро на аз рӯи фароизи динӣ, балки бо ҳадафҳои дигар ба бар мекунанд.

Зарафо Раҳмонӣ

Хонум Зарафо афзуд, "мо мебинем, ки ҷавондухтарон бо хандаҳои баланду ҳарфҳои қабеҳ ва рафторҳои ношоям, ки хоси духтарони мусулмон нест, ин амалҳоро боз дар либоси исломӣ анҷом медиҳанд, ин ношоиста аст. Имрӯз ҷавонони мо низ назарашон ба он аст, ки духтароне, ки дар либоси мазҳабиянд, онҳо хушахлоқанд. Ин духтаронро метавонанд интихоб кунанд. Агар аз лиҳози иҷтмоӣ назар кунем, ин духтаронро ягон коре сабаб мешавад, ки онҳо ин либосро ба бар кунанд. Аммо қабл аз ҳама бояд муқаддасоти либосро донист."

Чунин маворид ҷониби дигар, яъне мардонро то ҷое сардаргум мекунад ва бархеи онҳо мегӯянд, дигар на ба ҳамаи занони сатрпӯш эътимод доранд. Аммо онҳое, ки аз рӯи эътиқод ҳиҷоб мепӯшанд, мегӯянд, шумори чунин духтарони ҳиллагар чандон зиёд нест, ки мояи нобоварӣ ба занони сатрпӯш ва дар кул ба сатри исломӣ шавад.