Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мастурот": Таблиғи сатр ё ифротгароӣ?


Мақомот аз ҳузури созмони "Мастурот", ки бештар пӯшиши исломиро миёни занон таблиғ мекунад, ҳушдор медиҳанд.

"Мастурот" ё “Ҷамоати мастурот”, ба иддаои коршиносон, як шоха ё бахши занонаи созмони мамнӯи “Ҷамоати Таблиғ” буда, таблиғи фаризаҳои ислом дар заминаи пӯшиши сатр ва парҳез аз дидори
Агар таъқиби шаҳрвандон барои озодии эътиқодашон идома пайдо кунад ва агар ба арзу доди онҳо расидагӣ нашавад, ҷилавгирӣ аз гароиши занон ба созмонҳои ба истилоҳ, “тундгаро” мушкил хоҳад буд...

номаҳрамонро дар миёни занони мусалмон ба ҳадаф дорад.

Гуфта мешавад, "Мастурот" ҳамчунин таблиғ мекунад, ки зани мусулмон набояд якҷо бо мардон таҳсил ё кор кунад ва агар хеле зарур омада бошад, бояд танҳо бо ҳиҷоб берун аз хона равад ва бо ҳиҷоб дар маҳалли кор ё таҳсил ҳозир шавад ва касе рӯи ӯро набояд бубинад.

Ба баррасии додгоҳи шаҳри Сарбанд расидани парвандаи Муродбек Қаландаров, ки узви фаъоли созмони расман мамнӯи “Ҷамоати Таблиғ” ва аз саркардаҳои аслии гурӯҳи занонаи “Мастурот” мебошад, иддаоҳои бархе коршиносон ва мақомоти интизомиро дар бораи талошҳои гурӯҳҳои ифротгаро барои таҳкими шохаҳои “Ҷамоати Таблиғ” афзун кардааст.

Толибҷон Азимов, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон
Толибҷон Азимов, ёвари аршади додситони Хатлон, гуфт, "Муродбек Қаландаров ҳанӯз дар овони донишҷӯияш, дар соли 2008-ум, ба узвияти “Ҷамоати Таблиғ” пазируфта шуда, бо мақсади таҳким бахшидани мавқеъ ва манзалати “Ҷамоати Таблиғ” дар қаламрави вилояти Хатлон, дар миёнаҳои соли 2008-ум бо якчанд узви дигари ин созмон дар як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Сарбанд машварати занонае бо номи “Мастурот” барпо кардааст. Дар ин машварати занона ҷаноби Қаландаров дар бораи усулҳо ва сифати таблиғ барои занҳо суханронӣ мекардааст."

Тобистони соли гузашта ҳам додгоҳи вилояти Хатлон сокини маҳаллӣ Сӯҳроб Шарифови 31-соларо барои барпо кардани машварати занонае бо номи «Мастурот», ки дар он чандин зан ширкат кардааст, тибқи банди 307-уми Кодекси ҷиноии кишвар (даъвати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлат) муттаҳам шинохта, ӯро ба пардохти 26 700 сомонӣ ҷарима маҳкум карда буд.

Мурофиаи додгоҳии нахустин гурӯҳи "таблиғиҳо" дар Додгоҳи олӣ, соли 2009
Гузашта аз ин, дар поёни соли 2010-ум "Озодӣ", бо истинод ба манобеи додситонӣ, аз боздошти чаҳор зан дар вилояти Хатлон гузориш дода буд, ки гӯё гурӯҳеро бо номи “Мастурот” таъсис додаанд. Мақомоти додситонӣ гуфта буданд, ки ин занҳо ҳамсарони мардоне будаанд, ки соли гузашта ба ҷурми узвият дар “Ҷамоати таблиғ” зиндонӣ шудаанд. Ин чаҳор зан барои паҳн кардани шабномаҳо ва адабиёти зоҳиран мазҳабӣ, аммо таблиғгари ифротгароиву даъват ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон, ҳамчунин дар пайи таъсиси созмони ғайрирасмии "Мастурот" боздошт шуда буданд.

Аммо додситонӣ мегӯяд, ки созмоне зери ин ном дар ягон ниҳоди давлатӣ ба қайд гирифта нашуда, фаъолияташ низ дар баробари созмонҳои ифротгаро мамнӯъ набудааст. Вале Толибҷон Азимов, ёвари додситони Хатлон дар масоили амниятӣ, баъид намедонад, ки созмони занонаи “Мастурот” метавонад як шохаи ҳаракату равияҳои иртиҷоию террористии расман мамнӯъшуда аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон бошад.

Ба иддаои мақомот, созмони “Мастурот” ҳам ҳадафи тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон ва барпо кардани хилофати исломиро ба дунбол дорад, ки хилофи Қонуни асосии кишвар аст.
Сайраҳмон Назриев
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо занони тоҷик, ки ба узвияти созмони «Мастурот» ва ё ҳар ҷараёни дигари ифротгаро шомил мешаванд, ба амнияти сиёсии кишвар хатарзо буда метавонанд?
Коршиноси маҳаллӣ Сайраҳмон Назриев, бар ин назар аст, ки занони ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бештар пассиванд ва набояд аз гурӯҳҳои мазҳабии занона эҳсоси хатар кард. Ба пиндори ӯ, агар ҳам заноне ҳозир шудаанд, ба узвияти созмони «Мастурот» бипайванданд, ба гумони ғолиб, онҳо ҳамсар ё хоҳари мардоне ҳастанд, ки аз созмонҳои дигари мамнӯъ пуштибонӣ мекунанд.

"Фикр намекунам, ки занҳои мо ба ҳадде фаъолу ҳушёру закӣ бошанд, ки дар тағйири сохти қонунии давлатдорӣ бо роҳи зӯроварӣ ё тағйир додани афкори тамоми ҷомеа қодир бошанд. Мо ҳатто дар сафи ҳизбҳои расмии сиёсиамон чунин занҳои фаъолро намебинем. Зани тоҷик асосан дар деҳот зиндагӣ мекунад, хонанишин аст, кишоварзӣ мекунад ва аз ӯ сиёсатмадору ифротгаро сохтан ва бо дасти ин занон хилофати исломӣ ё ҷомеаи дигаре сохтан холӣ аз мантиқ мебошад",-афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа, бар ин назар аст, ки сабаби гароиши занони хатлонӣ ба
Баҳси пӯшиши исломӣ дар Тоҷикистон тайи панҷ соли ахир ба мавзӯи сӯҳбати хосу ом табдил шудааст...

созмонҳои экстремистӣ содагии табиӣ, сатҳи пасти донишҳои сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Ҷаноби Насимов гуфт: "Аз тарафи дигар, ин занҳо сатҳи пасти зиндагӣ доранд, саводи кофӣ надоранд. Ҳамин занҳое, ки даст ба содир кардани ҷиноятҳо задаанд, дар пайравӣ ба шавҳаронашон, ки низ узви “Ҷамоати таблиғ” будаанд, бинобар бесаводии худашон ба ҳамин роҳ рафтаанд. Ҳамин “Ҷамоати таблиғ”, тибқи иттилоъҳои муқаддамотии мо, аз ҷиҳати моддӣ ҳам пайравонашро ҳавасманд мекардааст, таъмин мекардааст."

Ҷомеашиноси тоҷик Наргис Муродалиева, низ мегӯяд, дар аксари маврид пешвоёни гурӯҳҳои ифротгаро бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки “идора кардан”-и занон дар муқоиса ба мардон осонтар даст медиҳад ва занон нерӯи кории арзон ҳастанд, аз онҳо сӯистифода мекунанд: "Занон, ки пурбардошт шудаанд ва одат кардаанд, кори сангини саҳроро ба иҷро расонанд ва бори рӯзгорро танҳо бикашанд, ба анҷоми амалҳои чашмрасе қодиранд. Занҳои тоҷик ҳолати начандон хуб дорад дар зиндагӣ ва рӯзгораш ва онҳое, ки ин занонро ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб карданӣ мешаванд, ҳамин ҳолати занонро хуб медонанд ва аз он ба манфиати худ истифода мекунанд."

Хонум Муродалиева бо изҳори таассуф афзуд, гаравиши занон ба созмонҳои зоҳиран ифротӣ дар ин авохир тадриҷан ба тамоюл табдил меёбад. Гурӯҳе дигар аз таҳлилгарон ҳам дар шарҳи сабаби ин вазъ мегӯянд, дар аксари маврид маҳз ҳамин мудохилаи мақомоти давлат ба озодиҳои эътиқодии занон ва нодида гирифтани мушкилоти иҷтимоию маишии онҳо, занонро маъюс карда, шояд қисмате аз онҳоро ба гароиш ба созмонҳои ифротӣ таҳрик додаасту медиҳад.

Ба тақвияти ин иддао, коршиносон аз таҳаввулоти як соли ахири вилояти Хатлон мисол меоранд, ки ба мавориди нақзи ҳуқуқи занон марбут аст. Аз ҷумла таъқиби духтароне, ки бо рӯсарӣ ба мактабҳо мераванд, ё манъи фаъолияти занони сатрпӯш дар бозори марказии Қӯрғонтеппа ва мисоли ин.

Ба бовари таҳлилгарон, агар таъқиби шаҳрвандон барои озодии эътиқодашон идома пайдо кунад ва агар ба арзу доди онҳо расидагӣ нашавад, ҷилавгирӣ аз гароиши ҳатто занон ба созмонҳои ба истилоҳ, “тундгаро” мушкил хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG