ВКХ: Дар оташсӯзии Егоревск тоҷикон осеб надидаанд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар оташсӯзии Егоревски вилояти Маскав муҳоҷирони тоҷик осеб надидаанд.
Дар сӯхтори корхонаи пойафзолдӯзии Егоревски Маскав 14 хориҷӣ ҷон бохта, чанд нафари дигар осеб дидаанд. Дар соатҳои аввали ин сӯхтор масъулони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба матбуот хабар доданд, ки ҳамаи афроди ҷонбохта, муҳоҷирони тоҷик будаанд.

Дар чунин ҳодисаҳо мақомоти Русия ва матбуоти он кишвар пеш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ёд меоранд. Вале баъдтар, вақте забонаҳои оташ фурӯ нишонда шуд ва таҳқиқоти пешакӣ анҷом гирифт, лаҳни ҳам кормандони вазорати фавқулоддаи Русия ва ҳам кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар тағйир ёфт ва онҳо иштибоҳи худро ислоҳ карда, гуфтанд, ки "афроди қурбоншуда он гуна, ки дар оғоз эълон шуд, на шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони Вйетнам будаанд".

Дар дохили ин бино 60 нафари дигар аз муҳоҷирони кории Вйетнамро пайдо карданд, ки дар он ҷо ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекардаанд. Аксари онҳо аз дуди сӯхтор зарар дидаанд. Ҳоло, ки дар ин бино ё корхона сӯхтор рух додааст, кормандони пулис гуфтаанд, ин сех ё коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ин бино ғайриқонунӣ сохта шудааст ва муҳоҷирони кории Вйетнам низ ғайриқонунӣ дар он кор мекардаанд. Яъне онҳо ҳаққи кор ва зиндагӣ дар Русия надоштаанд.

Аммо нуктаи дигаре аз қавли Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ки онҳо дар ин коргоҳ ҳамин сол ду бор бозрасиву тафтиш анҷом дода ва дар натиҷаи ин тафтиш 20 муҳоҷири ғайриқонунии Узбакистон аз Русия ихроҷ шудаанд. Соҳиби ин коргоҳ ё бино шаҳрванди Русия будааст.

Дар гузаштаҳо дар чунин биноҳо сӯхторҳои фоҷеабор рух додааст ва муҳоҷирони кории кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, низ ҷон бохтаанд. Масалан, дар моҳи январи соли 2009-ум чунин сӯхтор дар ҷануби шарқи Маскав рух дода буд ва дар он 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон доданд. Ҳамон вақт низ мегуфтанд, ки ин “гастербайтер”-ҳо ғайриқонунӣ кор ва зиндагӣ мекунанд ва бояд чорае барои ислоҳи чунин вазъ пайдо кунанд.

Сӯхтори ахири фоҷеаомез 3-юми апрели соли ҷорӣ дар бозори Качалов дар шоҳроҳи Варшава рух дод. Дар он 12 шаҳрванди хориҷӣ ҷон бохтанд. Дару дарвозаҳои бозору ҷои хоби муҳоҷиронро бар рӯяшон баста буданд ва онҳо илоҷи халосӣ аз оташ надоштанд. Дар нахустин хабарҳо дар бораи он сӯхтор ҳам эълон карда буданд, ки қурбониёни сӯхтор шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Вале маълум шуд, ки қурбониён шаҳрвандони Узбакистон будаанд.

Вале саволҳои то кунун беҷавоб ин аст, ки чаро корфармоёни Русия муҳоҷирони кориро қонунӣ ба кор сафарбар намекунанд ва ба онҳо қарордоди корӣ намедиҳанд? Чаро баъд аз вуқӯи фоҷеаҳо ҳама гуноҳ ба осонӣ ба сари ин қурбониҳои “ғайриқонунӣ” мерезад ва масъулону корфармоёне, ки бо сарнавишти одамон бозӣ мекунанд, барои фоҷеаҳо ҷавоб намегӯянд?

Бо мо дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳ бошед!