Агарчӣ оташи бозори "Корвон" фӯру нишастааст, аммо оташи хашму баҳсҳои доғ дар атрофи ин ҳодиса ҳамчунон фурӯзон аст.
Аз ҷумла дар торнамои Радиои Озодӣ, ки сели шарҳу назари корбарон дар бораи ба хокистар табдил шудани бозори Корвон ба он ҷорист. Ҳамаи ин шарҳҳоро метавон ба се гурӯҳ тақсим кард.
Аввал як гурӯҳе, ки гуноҳро бар сари Худо бор карда ва гуфтаанд, ки гӯё аз ҳамин роҳ тоҷирони бозори Корвонро барои “беинсофӣ” ҷазо додааст. Аз ҷумла як нафар худро Ҳоҷиакбар муаррифӣ карда ва чунин навиштааст: “Хуб шуд! Худо зад...Як чизи 20 сумая аз Хитой оварда 150 мефурӯшен, инсоф надорен. Корбари дигаре бо номи Карим низ ба захми тоҷирони бозори Корвон намак пошида ва навиштааст, ки «Шукр гӯед, ки бо молу мулкашон худатон насӯхтед». Яке дигар худро Тоҷик муаррифӣ карда ва гуфтааст: «Бархе аз савдогарон закот намедоданд ва Худо бо ин тариқ онҳоро ҷазо дод.»
Аммо гурӯҳи дуввум дар сӯхтани бозори Корвону мусибати тоҷирон, мақомоти расмӣ ва масъулони бозорро гунаҳкор медонанд, ки ба ақидаи онҳо, танҳо дар андешаи ҷамъ кардани сарват будаанд, на шароити кор ва меъёрҳои амниятӣ дар бозор, ки ҳазорон нафар рӯзона аз онҷо харид мекард. Аз ҷумла, нафаре, ки худро Виҷдон муаррифӣ кардааст, дар торнамои Радиои Озодӣ бо хитоб ба раиси бозори Корвон навиштааст: «Мӯҳтарам Нуршед Машрабов агар талаботи зидди сӯхтор дар бозори Корвон риоят мешуд, шояд бозор пурра ба коми оташ намерафт. Шуморо зарур аст, ки тамоми меъёрҳои зидди сӯхтор ва талаботи санитариро дар бозори худ ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намоед ва хуб мешуд, ки каме ҳам бошад, аз ҳисоби пасандозҳои молиявиатон, зарари тоҷиронро ҷуброн кунед.» Иззатуло аз Душанбе навиштааст, ки як сабаби такрори оташсӯзӣ дар Корвон бепарвоиву беэътиноии мақомоти расмӣ ба ингуна ҳодисаҳо аст.
Ӯ мегӯяд: «Сабаб ин аст, ки санҷишҳои сӯхторҳои қаблӣ (дар бозори Корвон) рӯякӣ гузаронида шуда ва гунаҳкорони он ҳодисаҳоро беҷазо монда буданд. Агар пас аз сӯхтори аввал дар ин бозор ҳодиса ҳаматарафа аниқ карда мешуд ва гунаҳкор беҷазо намемонд, ин ҳодисаҳо такрор намешуд.» Беҳрӯз Сафаров ҳам ба ин андеша мувофиқ аст ва навиштааст, ки «Дар доираи қонун муҳайё намудани шароити кор, кафолат ва бехатарии ҳаёту амволи савдогарон ба зиммаи роҳбарияти бозор вогузор карда шудааст. Барои ҳамин бояд дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ҳатман директори бозори Корвон ба саволҳои муфаттишон посух диҳад.»
Дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳам ингуна назарҳо зиёданд ва аз ҷумла, Ҳилола Ҳакимова навиштааст, ки «Меъёрҳои бехатарӣ тамоман дар бозори Корвон вуҷуд надоштанд, ҳол онки онҳо пули алоҳида барои бехатарӣ месупоранд.» Акмал Каримов ҳам навиштааст, ки «Соҳибони бозорҳо пулро мегиранд, аммо бехатариро таъмин намекунанд.» Хайриддин Сатторов ингуна назар додааст: «Дар Душанбе ҳамин қадар бозор буд, ки мардум баҳузур кору борашонро пеш мебурданд, лекин ин ба кадоме лозим шуд, ки ин корро ташкил кард, ки халқи камбағал сӯзаю бозорро аз худ кунанд, причина наёфтанд, ки чӣ хел бозорро гирем ва ин корро дар ҳаққи мардум карданд. Ин аз ҳама беҳтарини бозор дар Тоҷикистон буд. Худованд ҷазои онҳоеро, ки ин корро ташкил карданд, медиҳад.”
Дар ин миёни гурӯҳи саввум аст, ки рақобати ноодилона ва тамаъҷӯиро сабаби нобуд шудани бозори Корвон дар Душанбе медонад. Ба мисли Облоқул аз Айнӣ, ки навиштааст: «Ин бозор мавзеъи часпу талоши бархе аз доираҳои наздик ба ҳукумат шуда буд. Кашокаш ва тақсимкуниаш ҳеҷ ба охир нарасид. Акнун маълум шуд, ки Нуршед Машрабов (бачаи Хол Машраб- соҳиби бозор ва раиси собиқи Кумитаи андоз) дар ин набард мағлуб шуд. Бозораш аз даст рафт.»
Як нафари дигар низ аз бурдани номаш ибо карда ва навиштааст, «Бисёр мехостанд, ки Машрабов гурезад ва баъд парванда боз карда, хамин бизнесеро, ки аз давра берун монда буд ва ханӯз касе аз худиҳо онро соҳиб нашудааст, соҳибдор кунанд. Тирашон хок хӯрд. Вале дар оянда ин чиз дар нақша ҳаст.» Дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳам, Бахтиёр Абдуллоев, Ҷамила Мирбозхонова ва Хуршед Кароматов ҳам гуфтаанд, оташсӯзӣ дар Корвон натиҷаи рақобати носолим аст. Ба гуфтаи Хуршед Кароматов: «Агар масъалаи меъёрҳои бехатарӣ мебуд 1-2 ҷой месӯхт, ин маълум, ки рақобат!»
Аммо дар ин миён як нафар набудани чунин бозорҳо дар Тоҷикистонро беҳтар дониста ва гуфтааст: “Бист сол шуд, наход ягон бозори стандартӣ сохта натавонистанд. Бояд дар мағоза савдо кардан ёд гирем.То кай қишлоқӣ мемонем.» пурсидааст, ин корбари торнамои Радиои Озодӣ.
Дуруст мегӯяд?