Раисиҷумҳури Узбакистон дар як нишасти хабарӣ дар Остона бори дигар ба масъалаи сохтмони Роғун дахл кардааст.
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, дар шаҳри Остона бори дигар ба ташхис ё экспертизаи тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистон таъкид намудааст. Ӯ гуфтааст, ин тарҳҳои бузург бояд бо кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Узбакистон маслиҳат шуда, манофеи онҳо низ ба назар гирифта шавад.
Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия мегӯяд, ин ҳарфҳоро Ислом Каримов дар нишасти хабарии худ дар Остонаи Қазоқистон баён доштааст. Вай ба хабарнигорон гуфта, ки истифода аз захоири оби минтақа яке аз бахшҳои муҳими сӯҳбатҳои ӯ бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистонро ташкил медод.
Ҷаноби Каримов афзудааст, "мо мехоҳем, қабл аз он ки сохтмон оғоз ёбад; қабл аз он ки бо кишварҳои бузург дар бораи бунёди нерӯгоҳ тавофуқ шавад, ташхиси бетарафона гузаронда ба мардуми худ маълумот диҳем, ки фардо бо онҳое, ки дар поёнобанд, чӣ хоҳад шуд."
Раисиҷумҳури Узбакистон, ки яке аз мухолифони тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо садди бештар аз 300-метрӣ аст, гуфта, ки тарҳи ин нерӯгоҳ дар Шӯравӣ таҳия шуда буд, вале ҳоло замону меъёрҳо тағйир кардаанд, ки Душанбе низ бояд онҳоро риоят кунад.
Вай гуфтааст, "мехоҳанд ба ин васила (садди баланд) рекорди нави Гиннесро гузоранд, аммо дар бораи ҳаёти садҳо нафар фаромӯш мекунанд." "Мо ниёзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нерӯи барқро дарк мекунем. Вале донистан мехоҳем, вақте нерӯгоҳҳо бо чунин сад(д)ҳои баланд сохта мешаванд, оянда чӣ хоҳад шуд",-афзудааст ӯ.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо тавоноии 3 ҳазору 600 мегават, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва дар сурати бунёд Тоҷикистони мӯҳтоҷ ба нерӯи барқро ба кишвари фурӯшандаи нерӯ табдил хоҳад дод. Аммо сохтмони нерӯгоҳ ба мухолифати Туркманистону Қазоқистон ва ба хусус Узбакистон рӯ ба рӯ шудааст, ки мегӯяд, Тоҷикистон бо бунёди сарбанди азими Роғун он кишварҳоро бе оби кофӣ хоҳад гузошт. Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад карда мегӯяд, ин ҳама аз баҳонае беш нест ва Узбакистон, ки аз фурӯшандаҳои аслии барқ дар минтақа аст, намехоҳад дар ин бозор каси дигар ворид шавад.