Тавзеи 100 ҳазор пашшахонаи "Хоби ширин" дар Хатлон

Ҳазорҳо хонаводаи хатлонӣ соҳиби пашшахонаҳо бо номи «Хоби ширин» шуданд.
Мақомоти беҳдоштии Хатлон бо таваҷҷӯҳ ба эҳтимоли хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бавижа вараҷа ё малярия, барои 160 ҳазор сокини маҳаллӣ аз оилаҳои камбизоат 100 500 адад пашшахона дастрас кардааст. Ҳазинаи маъракаи тақсими пашшахонаҳои «Хоби ширин» ба аҳолии Хатлон беш аз як миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Даврон Қунғуротов, сарвари маркази мубориза бо бемориҳои тропикии вилояти Хатлон, гуфт, ҳоло хатари бемориҳои сироятӣ хеле баланд шудааст, махсусан дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон. Ба иттилои ҷаноби Қунғуротов, мақомоти беҳдоштии Афғонистон ҳамтоёни тоҷики худро ҳушдор додаанд, ки дар он кишвар шумораи гирифторони бемории вараҷа ба 3 миллион нафар расидааст. Ба ин далел, хатари сироятёбӣ хеле зиёд аст ва ин ҳам дар пайи тӯфону шамол ё ба истилоҳ, «боди афғонӣ» хоҳад буд:

«Тибқи маълумоти расида, ҳоло қариб се миллион нафар дар Афғонистон гирифтори вараҷа шудаанд. Вилояти Хатлон бо ин ҷумҳурии исломӣ 6 ноҳияи ҳамсарҳад дорад. Аз 1-уми сентябр мо дар 15 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон маъракаи пошидани заҳрдоруро бар зидди хомӯшакҳои вараҷаовар оғоз кардем. Пайдоиш ва бурузи бемории вараҷа дар минтақаи ҷанубии кишвари мо аз эҳтимол дур нест. Бубинед, ҳоло мавсими «боди афғонӣ» ё хокборишу шамолҳои сахт наздик аст ва танҳо бо як шамол аз он сӯи дарёи Панҷ ба ноҳияҳои сарҳадии мо даҳҳо ҳазор хомӯшаки вараҷаовар гузаштанаш мумкин аст, ки хатараш бениҳоят калон аст».

Сарвари маркази мубориза бо бемориҳои тропикии вилояти Хатлон афзуд,
барои мубориза бо бемории сироятии малярия, тайи солҳои охир миллионҳо сомонӣ масраф шудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар соли гузашта 45 сокини вилояти Хатлон гирифтори бемории вараҷа шудаанд, имсол ҳамагӣ 3 нафар мубталои ин маризӣ шудаанд. Бо ин вуҷуд тамоми муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон дастур гирифтаанд, ки аз беморони ҳарорати баданашон баланд намунаи хунашонро барои ташхис бигиранд. Чунин дастур ба дидбонгоҳҳои гумрукӣ низ дода шудааст, ки ба гумонбарони бемории вараҷа иҷозаи убури марзро надиҳанд.

Маҳмадулло Ҷалилов, сокини ноҳияи Вахш, мегӯяд, хомӯшакҳои вараҷаовар бахши аъзами сокинони деҳи маҳалли иқоматашро азият медиҳанд ва ӯ аз хатари сироятёбии фарзандони ноболиғаш ба бемории малерия изҳори нигаронӣ мекунад:

«Пашшаҳои вараҷаовар бахусус шабонгаҳ мардумро озор медиҳанд. Пӯсти одам сурх мешавад, одам бехоб шуда, ба бемориҳо гирифтор мешавад. Бахусус, кӯдакон, ки иммунитеташон заифтар аст, бештар зиён мебинанд. Солҳои дароз заҳбуру заҳкашҳо тоза карда намешаванд ва майдонҳои калон шоликорӣ мешавад, обу кӯлмакҳои ифлос зиёд, ки сабаби асосии зиёдшавии хомӯшакҳои вараҷаовар мебошад. Агар ҳукумат ба оилаҳои камбизоат пашшахонаҳо тақдим кунад, кори савобе мешуд, зеро як пашшахона дар бозор аз 50 сомонӣ зиёдтар арзиш дорад ва зӯри на ҳар кас ба хариданаш мерасад».

Др ҳамин ҳол, Зулайхо Шарифова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, мақомоти давлат тайи чанд соли охир заҳбури маҳалли зисти ӯро тоза накарда, вазъи бади эпидемиологӣ боиси ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани кӯдакони маҳалла шудааст.

Ба иддаои коршиносони риштаи беҳдоштӣ, ҳоло бахши аъзами аҳолии Тоҷикистон вобаста ба шароити табиӣ-иқлимӣ зери хатари сироятёбӣ ба бемории вараҷа ё малярия қарор доранд. Искандар Самадов, сарвари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Бохтар, мегӯяд, вараҷа баъди газидани хомӯшакҳои
вараҷаовар аз шахс ба шахс мегузарад ва солона то 500 миллион нафар дар ҷаҳон гирифтори ин беморӣ шуда, то як миллион кӯдак аз ин беморӣ мефавтад.

Пизишкон мегӯянд, ки бемории вараҷа бахусус барои занони ҳомила хатарнок мебошад, зеро метавонад боиси камхунии шадид, таваллуди тифл бо вазни кам, бачапартоӣ ва ҳатто фавти модар гардад. Пизишки собиқадори бемориҳои сироятӣ Зулфӣ Иноятов мегӯяд, ки барои коҳиш додани хатари хуруҷи бемории вараҷа мебояд кӯлмаку ҳавзҳои нолозим хушк карда шуда, ҷӯю заҳбурҳо поккорӣ гарданд.

«Усули махфӣ» мегӯянд, яъне микроб дар даруни ҷигар ҷой мегирад ва гармӣ, ки шуд, аз ҷигар баромада дар хун ворид мешавад. Вақте магас беморро газиду боз ба нафари дигаре ҳамла кард, ҳамин тавр чанд нафар сироят мешавад. Барои ҳамин, аз ҳар як нафаре, ки ҳаррати баданаш баланд аст, оҷилан ва ҳатман бояд намунаи хунаш барои ташхиси вараҷа гирифта шавад», - афзуд доктор Иноятов.

Ба иттилои Маркази мубориза бо бемории тропикии Хатлон, 15 сол қабл, дар соли 1997, аввалин омори гирифторони малярия нашр шуда буд, ки тибқи он, дар вилояти Хатлон 29 ҳазор нафар мубталои ин бемории сироятӣ будаанд.