Freedom House ба ҳимоят аз ҲНИТ садо баланд кард

Созмони Freedom House, ё Хонаи Озодӣ азми Душанбе барои рӯфтани рақибони умдааш аз саҳнаро ба боди интиқод кашид.
Созмони Freedom House, ё Хонаи Озодӣ дар гузорише таҳти унвони “Фишори афзоянда ба ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон нигарониҳо дар мавриди саркӯбиро бештар мекунад” аз таъқиби Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард. Гузориш мегӯяд, иттиҳомоти рӯзи 29-уми август эълоншуда алайҳи ин бузургтарин ташаккули мухолифини тоҷик зоҳиран аз як навъ маъракаи пайваста барои аз байн бурдани рақибони умдаи давлат аломат медиҳад.

Додситонии кулли Тоҷикистон раҳбари созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоевро ба ҳамкорӣ бо як фармондеҳи маҳаллӣ дар амри муқовимати мусаллаҳона алайҳи давлат айбдор кард. Дар изҳороти додситонӣ ба дигар “аъмоли ғайриқонунӣ”-и ин ҳизб низ таъкид шудааст.

Карамхудоев рӯзи 24-уми июл дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази Бадахшон, ки зери 70 кушта ба ҷо гузошт, дастгир шуд ва ба навиштаи Хона Озодӣ, фақат баъди ду ҳафта маълум шуд, ки ӯро ба Душанбе бурдаанд ва дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ҷо кардаанд. Хонаи Озодӣ бо такя ба як гузориши мӯътамад мегӯяд, ки Шерик Карамхудоев дар боздошт мавриди шиканҷа қарор доштааст.

Мояи нигаронии Хонаи Озодӣ қатли раиси бахши вилоятиии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев аст, ки дар ҳамон рӯзи 24-уми июл ғайб зад ва ҷасади ӯро бо аломатҳои шиканҷа ва латукӯб баъди чанд рӯз пайдо карданд.

Ин созмони қароргоҳаш дар Амрико аз давлати Тоҷикистон хостааст, то аз таъқиби мунтақидони сиёсиаш дар ин “лаҳзаи ҳассос” даст бардорад. Хонаи Озодӣ ҳамчунин аз муассисаҳои байналмилалӣ ва давлатҳои Ғарб, ки бо давлати Тоҷикистон равобити наздик доранд, хостааст, то ин нигарониҳоро дар сутуҳи олӣ матраҳ кунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 29-уми август дар як гузориш чанд узви Ҳизби наҳзатро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундраву силоҳбадаст айбдор карда, худи ин ташаккули мухолифи давлатро низ ба нақзи қонунҳо, аз ҷумла ба сарпечӣ аз пардохти молиёт, муттаҳам кард.