"Тарҳи нави Кодекси андоз камбудҳои ҷиддӣ дорад"

Барномаи рушди Созмони Милал бо анҷоми як таҳқиқот лоиҳаи Кодекси нави андозро пур аз камбудиҳои ҷиддӣ хондааст.
Дафтари Барномаи рушди Созмони Милал дар Душанбе, ки ахиран пажӯҳиши худро ба нашр расонд, мегӯяд, ба ин шакл тасвиб шудани тарҳи Кодекси нави андоз "сарбории бе ин ҳам болои андозро, ки ба рушди иқтисодиёт асари манфӣ мерасонад, бештар хоҳад кард".

Дар хулосаи ин таҳқиқот гуфта мешавад, соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди кишвар, аз ҷумла "мухобироту саноат" аз сарбории таъйиннамудаи тарҳи Кодекси нави андоз рӯ ба рукуд хоҳанд овард.

Ба қавли пажӯҳишгарон, сатҳи андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва андози иҷтимоӣ хеле болост ва дар сурати қабули ин лоиҳаи Кодекси андоз, ба эҳтимоли зиёд, аксарияти кордеҳон рӯ ба "иқтисоди пасипардагӣ" оварда, талош мекунанд фаъолиятҳои худро аз нозирони андоз пинҳон кунанд.

Тавре дар ин пажӯҳиш омадааст, барои он ки як кордеҳ ба як нафар коргараш 4 ҳазор сомонӣ маош диҳад, ба мақомоти андоз бояд 1788 сомонӣ андоз пардохт кунад. Яъне, дар маҷмӯъ харҷи як кордеҳ барои як кормандаш 5788 сомонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, инчунин сарбории андоз кордеҳонро барои ҷалби коргарони нав натанҳо ҳавасманд намекунад, балки онҳоро водор месозад, то теъдоди коргаронашонро коҳиш диҳанд.

Ин пажӯҳишро коршиноси сатҳи байналмилалӣ Рафқат Ҳасанов бо дархости Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон анҷом додаст.

Лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон бо исрори созмонҳои байналмилалии молӣ сар аз соли гузашта омода шудааст. Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, пас аз баррасии лоиҳаи нави Кодекси андоз қарор шуд, коҳишҳои ночизи андоз, ки тарҳи нав муқаррар кардааст, то соли 2017-ум тадриҷан роҳандозӣ шаванд.

Маҳз баҳри қабули ин лоиҳаи Кодекси андоз, фардо 5-уми сентябр иҷлосияи ғайринавбатии парлумони Тоҷикистон даъват шудааст. Дар ин иҷлосия тарҳи нави Кодекси андоз, ки дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро барангехт, баррасӣ хоҳад шуд.