Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент: "Андозро не, андоздиҳандагонро зиёд кунед"


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳур гуфт, давлат омода аст, ба соҳибкорон имтиёз диҳад, ба шарте ки даромадҳояшонро пинҳон накунанд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои машваратии беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

Баррасии тарҳи Кодекси андози Тоҷикистон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти ҷануби кишвар аз масъалаҳои мавриди баҳс дар ҷаласа унвон шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки давлат омода аст, ба соҳибкорону сармоягузорон имтиёз диҳад, вале дар навбати худ онҳо бояд дар назди давлат масъулияти мутақобил дошта бошанд ва даромадҳои воқеии худро пинҳон накунанд.

Раисиҷумҳур гуфтааст, афзудани маблағи буҷа бояд аз ҳисоби баланд бардоштани меъёри андозҳо не, балки аз ҳисоби зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ бояд таъмин карда шавад. Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои мавҷуд дар низоми андозбандӣ ва мушкилоти ҷойдошта, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, тарҳи пешниҳодшудаи Кодекси нави андозро дубора баррасӣ кунанд ва таҳрири нави лоиҳаро бо назардошти дархосту пешниҳодҳои соҳибкорону сармоягузорон ва дигар андозсупорандагон ва шарикони хориҷӣ такмил кунанд.

Соҳибкорон дар Тоҷикистон аз навъҳои зиёди андоз ва дарсади андоз шикоят доранд ва онҳоро “ҳалқадаваки дор” барои бизнес меноманд. Ин сабаб гаштааст, ки дар бархе аз ширкатҳо ҳисобукитоби дугона вуҷуд дорад -- яке барои ҳақиқат ва дигаре барои Кумитаи андоз. Талоши тағйир ва ислоҳи Кодекси андоз ва ҳам ҷорӣ кардани сиёсати “Равзанаи ягона” дар Тоҷикистон бо тавсия ва сармоягузориҳои бузурги созмонҳои молиявии байнулмилалӣ ҷараён мегирад. Мақсад аз онҳо рушди бахши хусусӣ ва аз ин роҳ кӯмак ба пешрафти иқтисодии Тоҷикистон аст.

Гурӯҳи кории таҳияи қонуни нави андоз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2010 таъсис ёфта буд.
XS
SM
MD
LG