Деҳлӣ Душанберо шарики калидӣ дар Осиёи Марказӣ номида гуфт, аз пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ пуштибонӣ хоҳад кард.
Манмуҳан Сингҳ, сарвазири Ҳиндустон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Деҳлӣ рӯзи 3-юми сентябр таъкид кардааст, ки ҳарду ҷониб талош ба харҷ хоҳанд дод, то муносибатҳои Ҳинду Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ расонанд.
Дар ҷараёни панҷумин сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ҳинд байни ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Манмуҳон Сингҳ, ҳамчунин ҳамкориҳои амниятӣ ва низомию техникии Тоҷикистону Ҳиндустон, авзои кунунии Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Як рӯз қабл The Times Of India, нашрияи бонуфузи Деҳлӣ, навишт, дар ин дидор масъалаи ҳамкории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаи фурудгоҳи низомии "Айнӣ" ва фаъол намудани госпитали саҳроии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор низ баррасӣ хоҳад шуд. Аммо мақомоти Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.
Вале пазироии гарми Деҳлӣ аз Душанбе нишон медиҳад, ки ин кишвар мехоҳад ҳузури худро дар минтақаи Осиёи Миёна ҳарчи бештар густариш диҳад. Душанбе ҳамеша талош мекард, аз рақобати байни Деҳливу Исломобод ҳадди аксари манфиатро барои худ бардорад. Вале бархе аз таҳлилгарон бо назардошти муносиботи сарди Покистон бо Ҳинд мегӯянд, шояд барои Эмомалӣ Раҳмон осон даст надиҳад, ки ҳамзамон аз домани ҳарду кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ барои Тоҷикистон муҳим бидорад.
Муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, бар ин аст, ки вуҷуди чанд омил имкон медиҳад, Тоҷикистон сарфи назар аз амбитсияҳои миёни Исломободу Деҳлӣ ,ҳамкории худро дар бахшҳои мухталиф равнақ диҳад: "Мубориза ба муқобили тундгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ як шароитеро фароҳам овардааст, ки ин кишварҳо сарфи назар аз мавқеъҳои худ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Покистону Ҳиндустон ду кишвари нозири ШОС ҳастанд ва бо пазируфта шудани онҳо дар ин созмон Тоҷикистон боз ҳамкориҳои худро дар ин доира бо ҳарду ривоҷ хоҳад дод",-афзуд ӯ. Ба қавли Сафаров, Тоҷикистон наметавонад ба яке аз инҳо бо чашми "дӯсту бародар" нигоҳ кунад ва бо дигарӣ "бо пушти даст” муносибат кунад.
Бо вуҷуди он ки зимни сафари президенти Тоҷикистон дар Деҳлӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 6 санади нави ҳамкорӣ миёни вазорати энергетика ва саноат, вазорати тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш бо ниҳодҳои давлати Ҳиндустон ба имзо расидааст, вале мизони гардиши мол нишон медиҳад, ки Покистон бештар аз Ҳиндустон бо Душанбе ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дорад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ агар гардиши мол миёни Ҳиндустону Тоҷикистон беш аз 14 миллионро дар бар гирад, миёни Тоҷикистон бо Покистон беш аз 45 миллионро ташкил медиҳад. Мирсаид Раҳмонӣ, коршиноси масоили Осиёи Ҷанубӣ мегӯяд, феълан ҳамкорӣ миёни Ҳинду Тоҷикистон дар бахши фанновариҳои компютерӣ дар ҳоли ривоҷ аст. Ба қавли ӯ, Ҳиндустон дар миқёси ҷаҳон дар ин бахш пешрафти чашмгир дорад ва ҳамкорӣ дар ин росто ба суди Тоҷикистон хоҳад буд: "Бале, шоҳид ҳастем, ки дар сол се бор донишҷӯёни тоҷик ба сафари Ҳиндустон ҷалб мешаванд ва дар онҷо дар бахши дизайни компютер машғули омӯзиш мешаванд. Тоҷикистон бо Ҳиндустон бештар дар соҳаи илму фарҳанг робита бештар дорад."
Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, феълан дар мактабҳои олии Тоҷикистон беш аз 300 нафар донишҷӯёни Ҳиндустон ба таҳсил фаро гирифта шуда, даҳҳо донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои оливу низомии Ҳинд таҳсил мекунанд. Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, ки бурсияҳои таҳсилотии Ҳиндустон барои донишҷӯёни тоҷик аз 100 ба 150 нафар расонда шавад. Таъсиси маркази татбиқи технологияҳои гуногуни муосири Ҳинд дар Тоҷикистон низ як қадами муҳим дар муносибатҳои ду кишвар унвон мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин муддат аз ҷониби Ҳиндустон фурудгоҳи ҳарбии "Айнӣ" ва "ВарзобГЭС"- қадимтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон тармиму таҷдид шуда, аз ҷониби яке аз ширкатҳои бузургтарини Ҳиндустон "СHL" сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар маркази Душанбе идома дорад.
Тоҷикистон аз номзадии Ҳинд ба узвияти доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал дастгирӣ карда, хоҳони пазируфтани Ҳиндустон ба узвият дар тарҳи "СASA-1000" ва ҳам дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст ва ба навбати худ дар роҳи пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба кӯмаку пуштибонии Деҳлии нав умед мебандад.