Ин матлабро Соманаҳаллӣ Кришна, вазири умури хориҷии Ҳинд нимаи дуввуми рӯзи сешанбе пас аз мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён дошт ва гуфт, ки кишвараш омода аст бо Тоҷикистон ҳамкориашро густариш диҳад.
Ҷаноби Кришна гуфтааст, ки онҳо бо Тоҷикистон манофеи муштараки иқтисодиву сиёсӣ ва дифоиву амниятӣ доранд. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд дар ин бахшҳо низ тақвият меёбад.
Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷии Ҳинд даъватномаи раиси ҷумҳур ва нахуствазири кишвараш ба президенти Тоҷикистонро дар мавриди сафар ба Деҳлӣ тақдим намуд. Қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ дар моҳи сентябри соли равон ба Ҳиндустон сафар намояд.
БАҲСИ ФУРУДГОҲИ "АЙНӢ"
Вазири хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, таҷҳизоти низомии нерӯҳои ҳавоии Ҳинд дар фурудгоҳи "Айнӣ" мавҷуд нест.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, ин матлабро шоми душанбеи 2-юми июл дар поёни мулоқоташ бо Соманаҳалли Малайя Кришна, ҳамтои ҳиндаш дар шаҳри Душанбе баён кард.
Ба гуфтаи вазири хориҷии Тоҷикистон, «Ҳинд танҳо дар бозсозии фурудгоҳи «Айнӣ» кӯмак мекунад ва ҳеҷ навъ техника ва муҳимоти низомии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар ин пойгоҳ мустақар нашудааст».
Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта бархе аз расонаҳо дар мавриди мустақар шудани шуморе аз ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии Ҳинд ва ҷангандаҳои ба иҷора гирифта аз Русия дар фурудгоҳи «Айнӣ» хабар дода буданд. Аммо вазорати дифои Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад карда буд.
Вазири хориҷии Ҳинд рӯзи душанбе барои анҷоми як сафари дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар нахустин мулоқоташ бо Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамтои тоҷикаш масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ миёни ду кишварро ба баррасӣ гирифт.
Сафари вазири хориҷии Ҳинд ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар дар бозсозии фурудгоҳи низомии «Айнӣ», воқеъ дар 25 километрии ғарби шаҳри Душанбе саҳми муносиб дорад.
Бар асоси тавофуқномаи ҳамкорие, ки даҳ соли қабл миёни Душанбе ва Деҳлӣ ба имзо расида буд, Ҳинд муваззаф гардид, то дар бозсозии ин фурудгоҳ, сармоягузорӣ кунад. Ин фурудгоҳ моҳи сентябри соли 2010 мавриди баҳрабардории дубора қарор гирифт ва гуфта мешавад, Ҳинд барои иҷрои ин тарҳ маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ ҳазина кардааст.
Зимнан, бо он ки ин фурудгоҳ моликияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аммо то кунун ин кишвар бо ҳеҷ кишвари дигаре дар мавриди истифодаи муштараки он ба тавофуқ нарасидааст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, ки музокироте дар ин замина танҳо бо Русия ҷараён мегирад.