Баъзе аз марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ аз додани иттилоъ дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ худдорӣ мекарданд.
Ноамниҳо дар Бадахшон ҳамзамон бо қатъи равобити телефонӣ бо Хоруғ ва дар бехабарии комил вогузоштани аҳолӣ, як ҷанбаи дигар ҳам доштанд, ки ин ногаҳон “баста” шудани даҳони сухангӯҳо ва масъулони марказҳои матбуотии идораҳои давлатӣ буд. Бархе аз онҳо хеле эҳтиёткор шуданд ва бархеи дигар, бахусус марказҳои матбуотии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз додани маълумот худдорӣ карданд. Натиҷа ин шуд, ки расонаҳои ахбори ом ё маълумоти ғалат нашр намуданд ва ё ишора ба сарчашмаҳои беноми "як манбаъ дар мақомоти амниятӣ" ва ё "наздик ба ҳукумат"-ро афзоиш доданд.
Рӯзноманигорон мегӯянд, бо вуҷуди ин ниҳодҳои давлатӣ иитилоеро, ки мехостанд, паҳн шавад, бо роҳи таровиш ё дарз ба расонаҳо доданд. Аваз Юлдошев, хабарнигори Оҷонсии "Азия-Плюс", ки собиқаи нӯҳ соли кор дар маркази матбуоти Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистонро низ дорад, мегӯяд, дар ин маворид мекӯшид танҳо ба омода кардани иттилои санҷидашуда даст занад.
Вай афзуд, дар гузашта ва ҳоло ҳам феҳристи мавзӯъҳои мамнӯъ барои марказҳои матбуотӣ вуҷуд надоранд, аммо ҳоло далели нигаронӣ ин аст, ки чунин мавзӯъҳо пайдо шудаанд: "Ба назар мерасид, худи марказҳои матбуотӣ ва ҳатто онҳое, ки дар вазоратҳо дар Душанбе нишастаанд, худ иттилое надоштанд. Вақте онҳо аз худ бовар надоранд, маҷбуранд, ба Шумо бигӯянд, ки ба онҳо истинод накунед."
Ҷаноби Юлдошев афзуд, дар қиёс бо амалиёти гузашта дар Рашт ниҳодҳои қудратӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар пӯшиши иттилоотии ҳаводиси Хоруғ кӯтаҳиҳо доштанд, ки волидайни сарбозон, бадахшониҳои хориҷ ва ҳам мардуми кишварро дар ҳолати нохуши равонӣ нигоҳ медошт. Масъули матбуотии яке аз ниҳодҳои қудратӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, пешниҳоди иттилоъ дар бораи амалиёт бо раводиди Ситоди раҳбарикунандаи он сурат мегирад. Ӯ афзуд, дар амалиёти Рашт ин вазифа ба зиммаи вазири умури дохилӣ буд, аммо дар Бадахшон ин масъулиятро вазири дифоъ ба зимма дошт.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, таҷрибаи ироаи иттилоъ бидуни овардани исми масъули ҳукуматӣ дар Тоҷикистон падидаи нав нест, балки ба тарси ҳамешагии мансабдорон аз расонаӣ шудан аст, ки гуфта мешавад, ба раҳбарият хуш намеояд. Ин ҳам дар ҳоле, ки қонунгузории Тоҷикистон масъулонро вазифадор мекунад, ки ба муроҷиаткунандагон иттилои заруриро дастрас намоянд. Аммо мансабдорон дар посух ба хоҳиши рӯзноманигорон узр пеш меоранд ва мегӯянд, ки танҳо бо иҷозаи раҳбарият сӯҳбат мекунанд.
Нуриддин Қаршибоев, сарвари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, мансабдорони тоҷик аз рӯи қонуни нонавиштае амал карда, бар инанд, ки бо расонаӣ шудан метавонанд мавриди накӯҳиши нафари болотар аз худ қарор гиранд. Вай афзуд, дар кул сохтори ҳукумати Тоҷикистон як масъули матбуотии фаъолро ҳам қабул надорад: "Мисоли барҷастаи ин таҷрибаи Зафар Саидов, собиқ котиби матбуоти президент ва ҳам сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст, ки вазифаи худро комилан иҷро мекард. Шарҳҳои хуб медод ва фаъолиятҳои вазорату президентро хуб муаррифӣ мекард. Аммо ӯро ба раҳбарии Агентии "Ховар" гузаронданд ва ҳоло дар ҷоест, ки садояш баланд намешавад. Ба ҷои ӯ, Абдуфаттоҳ Шарифзода омад, ки олими хуб аст, аммо ба монанди Зафар Саидов сухангӯ нест."
Ҷаноби Қаршибоев илова кард, дар сӯҳбатҳои шахсӣ бо ӯ чанд мансабдори собиқ гуфтаанд, ба далели ҳамкорӣ бо матбуот ба вазифаи дигар гузашта, бо ҳамин ба карйераи худ дар мансаб хотима додаанд.
Ҳамсӯҳбатони мо Муҳаммадюсуф Шодиев, собиқ котиби матбуотии вазорати нақлиётро низ аз сухангӯёни муваффақ унвон мекунанд, аммо барои халосӣ аз ӯ раҳбарияти вазорат маркази матбуотиро барҳам зад. Фотима Ёқубова, собиқ сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам мисол оварда мешавад, ки пас аз дарзи қазияи куштори пизишк Хуршед Бобокалонов аз вазифа барканор шуда буд.
Коршиносон мегӯянд, дар аксар ниҳодҳои давлатӣ низмонома ва салоҳиятҳои сухангӯ вуҷуд надорад. Биноан сухангӯён хеле осон ҳадафи барканорӣ қарор меёбанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сарвари маркази матбуотии вазорати умури дохилӣ, ки аз фаъолтарин сухангӯён дар ниҳодҳои давлатӣ шинохта мешавад, мегӯяд, пӯшиши иттилоотии фаъолияти ин ниҳод низомномаи махсуси худро дорад: "Масалан, барои вазорати мо бурдани корҳои ташвиқотӣ ва ба мардум ироаи маълумот дар бораи вазъи ҷиноӣ хеле муҳим аст, то ҷомеа ҳис кунад, ки ин ниҳод – ҳамчун муҳофизаткунандаи оромиву осудагии мардум кор мекунад. Як зарурате барои пӯшидани маълумот дар мо вуҷуд надорад."
Зимнан, хоҳишмандони пахши озоди маълумот ва шаффофияти комил дар байни кормандони ниҳодҳои давлатӣ шояд аксариятро ташкил медиҳанд, вале онҳо аз изҳори андеша сари мавзӯи ин матлаб худдорӣ карданд. Гуфтанд, беҳтар аст, онҳоро "як манбаи наздик ба ҳукумат" номем.