Тоҷикистон дар раддабандии давлатҳо оиди сатҳи маълумотнокӣ, нисбат ба соли 2006 се зина поён рафтааст.
Ин раддабандӣ, ки аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар миёни 182 кишвари дунё гузаронида шудааст, муаяйн карда, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таҳсилдидагии аҳолӣ дар байни ду кишвари африқоӣ Вануату ва Намибия дар мақоми 127-ум қарор дорад.
Ин раддабанди бо назардошти ду шохис, яке соҳибмаълумотии калонсолон ва дигаре, шохиси маҷмӯии миқдории кӯдакон дар боғчаҳои бачагона, донишҷӯён мактабҳои миёна ва олӣ, таҳия карда шудааст. Бояд қайд кард, ки аз рӯи сатҳи таҳсил Тоҷикистон поинтар аз ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ қарор дорад. Ду ҳамсоякишвари Тоҷикистон -- Узбакистон нӯҳ ва Қирғизистон ҳашт зина аз он болотаранд.
Аммо масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон ба воқеияти ин раддабандӣ шак доранд. Ба ақидаи Абдусамад Муллоев, роҳбари бахши макотиби ибтидоӣ ва миёнаи вазорат: «Сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ба як нишондод муайян карда намешавад. Барои муайян кардани ин нишондод бояд якчанд рақамҳоро бояд муқоиса карду бад хулоса баровард. Аз ҷумла миқдори нафароне, ки маълумоти олӣ, малумоти олии нопурра, миёнаи махсус доранд ба назар бояд гирифт, баъд вазъи воқеӣ аён мешавад».
Дар ҳамин ҳол аксар коршиносон ба маротиб поён рафтани сатҳи маълумотнокии умумиро дар кишвар тасдиқ мекунанд. Онҳо, аз ҷумла камбуди шадиди
муаллимон дар мактабҳо, камии маош ва набуди майли донишомӯзии худи толибилмонро аз сабабҳои асосии ин ҳолати бӯҳронӣ медонанд.
Гулнора Амиршоева, сардабири рӯзномаи «Вечерка», ки дар масоили таълиму тарбия матолиби зиёд ба нашр мерасонад, дар бораи сатҳи донишу таҳсили аҳолии Тоҷкистон гуфт: «Дараҷаи маълумотнокии аҳолии Тоҷкистон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле поин рафтааст. Ин натанҳо назари ман аст, балки аксар донандагони соҳа низ инро тасдиқ мекунанд. Ин равандро ҳатто метавон дар ҳар гӯша эҳсос кард. Албатта ман наметавонам гӯям, ки сатҳи маълумотнокӣ чанд зина поён рафтааст, чунки ҷомеашинос нестам, аммо поён рафтанаш ба чашм баръало аён аст».
Хонум Амиршоева афзуд, ки низоми мактаби шӯравӣ бо дастовардҳои чашмрасаш фурӯ рафт, вале он ислоҳоте, ки дар замони истиқлолият роҳандозӣ мешавад, ягон натиҷа надодааст. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки мутаасифона аксар ҷавонон ба таҳсилу омӯзиш мароқ зоҳир намекунанд, чунки доштани маълумот дар Тоҷикистон дигар кафили зиндагии шоиста нест.