Қарор аст дар оянда шумораи онҳо афзоиш ёбад ва ин ташаббус на танҳо камбуди омӯзгорони забонӣ русиро дар шаҳру навоҳии кишвар бартараф мекунад, балки ба таълими беҳтари забон мусоидат хоҳад намуд.
Ҷалолиддин Амиров, муовини сардори Раёсати мактабҳои ҳамагонии Вазорати маорифи Тоҷикистон дар робита ба ин таҳаввул мегӯяд: «Бо вуҷуди он, ки Донишкадаи забони русӣ, Донишкадаи омӯзгорӣ, Донишгоҳи милии кишвар, мутахассисони забони русиро парвариш медиҳанд, аммо мутаассифона дар Тоҷикистон, хусусан дар навоҳию деҳот омӯзгорони забони русӣ намерасад. Аз ин рӯ бо омадани 200 ё 300 нафар мутахассисони ин забон аз Русия, ҳеҷ халале ба омӯзгорони маҳаллии забони русӣ намерасад.»
Омӯзгорони маҳаллӣ бино бар камии маош баръакс ба Русия мераванд ва он ҷо бо корҳои сохтмон ё савдо машғул мешаванд. Вазорати маориф иқрор мекунад, ки ҳарчанд солона 400 нафар бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус донишгоҳ ва донишкадаҳоро хатм мекунанд, аксари кулли онҳо машғули омӯзгорӣ намешаванд ва як сӯ ба муҳоҷират мераванду сӯи дигар талош мекунанд, ки дар созмонҳои хориҷӣ кор пайдо кунанд.
Лутфия Эшонҷонова, устоди забони русии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Айнӣ мегӯяд, ки маоши ками муаллимони мактабҳои миёна боис мешавад, ки хатмкунандагон аз кор дар мактаб сарпечӣ кунанд: «Вақте ки мо бо донишҷуён сӯҳбатҳо мегузаронем ва аз онҳо мепурсем, ки чаро намехоҳанд ба мактаб барои тадрис бираванд, мегӯянд, ки кори мактаб зиёд асту маошаш кам».
Ин нуктаро Нуриддин, ки Донишкадаи забон ва адабиёти руси шаҳри Самараро дар соли 1993 хатм кардааст тасдиқ кард ва гуфт, се сол аст, ки вай дар Маскав ба хотири музди беҳтар дар як ширкати бинокорӣ кор мекунад. Ҳеҷ эҳтимоле надорад, ки Нуриддин бо он 345 омӯзгори забони русӣ аз Русия ба Тоҷикистон ояд ва бо музди арзандае машғули тадрис шавад.
Баъзе аз ҳамсӯҳбатони мо бо ишора ба шароит ва музди кори мутахассисони Русия мегӯянд, агар ба кадрҳои маҳаллӣ низ чунин шароит дода шавад, ҳатман ба омӯзгорӣ ҷалб хоҳанд шуд. Вале, намояндаи Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки мутахассисони рус тибқи созишномаи дутарафа аз ҳисоби буҷаи ҳукумати Русия дар мактабҳои Тоҷикистон дарс хоҳанд дод.
Ҷалолиддин Амиров муовини раиси Раёсати мактаҳои ҳамагонии Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд: «Харҷи омаду рафти мутахассисон ва маоши онҳо аз ҳисоби Федератсия Русия пардохта мешавад ва ин ҳама харҷҳоро ҷониби Русия ба зимма гирифтааст.»
Вазорати маъорифи Тоҷикистон мегуяд, ки агар ҷараёни тадриси омӯзгорони Русия дар мактабҳои ин кишвар натиҷаи мусбат диҳад, дар оянда барои мактабҳои дурдасттарин низ омӯзгорони рус ҷалб карда хоҳад шуд.
Тадриси забони русӣ аз тарафи омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар даврони шӯравӣ мутахассисони гуногун, аз ҷумла омӯзгорон бо даъват ёрӣ ба ҷумҳурии ақибмонда ва бо даъвати Ҳизби коммунист аз Русия ба Тоҷикистон меомананд.
Бино бар омор, дар солҳои 70 то 80 уми садаи гузашта тақрибан 40 дарсади муаллимони забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон русҳое буданд, ки аз шаҳру навоҳии Русия бо роҳхати Вазорати маорифи СССР меомаданд. Бархе бар инанд, ки забонро беҳтар аз соҳибонаш касе омӯзонда наметавонад, аммо ҳатто онҳо мегӯянд, шояд ҷанбаи ҷолиби ин тарҳ он хоҳад буд, ки харҷаш на аз кисаи мизбон аст.