Шаҳрдори Хоруғ Иброҳимбек Ғозибеков аз сайёҳони хориҷӣ даъват кардааст, ки ба ин шаҳр биоянд.
Вай гуфт, ки авзои шаҳр пурра ба эътидол омада, барои сафари сайёҳон ва будубоши онҳо дар шаҳр, монеае вуҷуд надорад. Ба гуфтаи раиси шаҳри Хоруғ, зиёда аз 20 меҳмонхонаҳои хусусии холимонда интизори меҳмонон ҳастанд ва афзоиши шумораи сайёҳон аз лиҳози иқтисодӣ ва равонӣ ба авзоъи шаҳр таъсири мусбат мегузорад.
Вай афзуд: «Умуман, омадани сайёҳон хуб аст. Ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам ба буҷа фоида мерасад. Нақшаи даромади 8 моҳаи шаҳр қариб 150 фоиз иҷро шуд. Аз ин 100 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сайёҳон ва муассисаҳое, ки ба онҳо хизмат мерасонанд, ба буҷа ворид шудаааст."
Ба гуфтаи оқои Иброҳимбеков, вай ҳангоми гаштугузор дар шаҳр гоҳ-гоҳе сайёҳони хориҷи кишварро дучор меояд, ки ба Хоруғ омадаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи манбаъҳо дар мақомоти қудратӣ, аз сафари сайёҳон ба ВМКБ дар маркази ҷумҳурӣ ҳанӯз ҷилавгирӣ мешавад.
Роҳбари як муассисаи давлатӣ, ки бо мушовирони хориҷӣ дар мавриди усулҳо ҷалби сармоя ҳамкорӣ дорад, изҳор дошт, ки ба шарикони хориҷии онҳо гуфта шудааст, ки то 15-уми сентябр аз сафар ба Бадахшон худдорӣ варзанд.
Ҳаводиси Хоруғ ширкатҳои сайёҳии минтақаро муфлис кардааст. Вале ширкатҳои шикорӣ мегӯянд, ки ба онҳо низ хатари муфлисшавӣ таҳдид мекунад. Мавсими шикори тирамоҳӣ аз 1-уми сентябр оғоз меёбад, вале вазорати дохила гуфтааст, ки барои истифодаи силоҳ ба шикорчиён дар қаламрави Бадахшон иҷозат намедиҳад.
Ҳамасола қариб 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби шикори барраи нодири Марко Поло ба будҷаи вилоят ворид шуда, нисфи маблағ барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ва нисфи дигар барои иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ ва эклолгӣ дар минтақа масраф мешавад.
Раиси шаҳр изҳор дошт, ки Хоруғ ҳамчунин ба ташрифи раисиҷумҳур, ки интизор
меравад дар нимаи аввали моҳи оянда сурат бигирад, омода аст.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба мақомоти расмӣ амр додааст, барои ободтар кардани шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Бадахшон чораҳои мушаххас андешанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки ин масъала рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи ҳукумат гузориш дар бораи вазъи ноҳияи Шуғнони Бадахшонро шунидаанд ва вазоратҳо дастур гирифтаанд, ки биноҳои маъмурии худро ҳарчӣ зудтар дар шаҳраки Ваҳдат бисозанд, ки дар оянда маркази ноҳияи Шуғнон хоҳад шуд. Чанде пеш дар Хоруғ маркази Бадахшон нерӯҳои интизомӣ ба зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ амалиёте анҷом доданд, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт ва боиси эътирози мардуми минтақа шуд.