Дар Тоҷикистон ҳар никоҳи даҳум бо аз ҳампошии оила анҷом меёбад.
Бар пояи гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон муддати ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар кишвар ҳазор мавриди никоҳ сабт шуда, 92 адади он барҳам хӯрдааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба ҳазор никоҳи басташуда 83 талоқ рост омадааст.
Шарифа Қурбонова, роҳбари идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, низ тасдиқ кард, ки сол то сол шумораи талоқ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳатто ин тамоюл миёни оилаҳое, ки ба тозагӣ бунёд шудаанд, ба мушоҳида мерасад. Ӯ афзуд, "баъзеҳо ду моҳ ё ин ки панҷ-шаш моҳ зиндагӣ мекунанду ҷудо мешаванд. Сабабҳояш гуногун аст. Масалан, байни ду ҷавон якдигарфаҳмӣ нест. Падару модар келинро хуш кардаанду ба писарашон маъқул намеояд. Ё ҳоло ҷавондухтарон хеле нозук шудаанд. Гапро намебардоранд. Бо камтар гапи калонсолон ва ё гапи шавҳар тез ҷудо мешаванд."
Аммо Дилором Абдуқодирова аз ҷумлаи он ҷавонзанонест, ки бо ҳамсари майпарасташ бисёр азият дида, аммо ба хотири ду фарзандаш ҷудо шудан аз шаваҳарашро авлотар надонистааст. Дар ниҳоят ба таъкиди вай, қавонини исломӣ ӯро водор кардааст, то аз шавҳараш ҷудо шавад. Вай дар ин бора гуфт, "шавҳарам як рӯз омаду ба ту ҷавоб гуфта талоқам кард. Бо ҳамин оилаамон вайрон шуд."
Афзоиши талоқ ва ё аз ҳампошии хонаводаҳо, ба хусус оилаҳои ҷавон дар шароити феълӣ сабаби таваҷҷӯҳи ҳарчи бештари пажӯҳишгарону олимон ва ҷомеашиносони тоҷик гардидааст. Тибқи ин таҳлилу пажӯҳишҳо пойин будани сатҳи зиндагии иҷтимоиву иқтисодӣ, раванди афзояндаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ноогоҳӣ ва омода набудани ҷавонон ба бунёди оила, аз байн рафтани арзишҳои оиладорӣ ва ғайра аз омилҳои аcосии пош хӯрдани хонаводаҳо арзёбӣ мешаванд.
Акбар Субҳонов, ҷомеашиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки тамоюли ду баробар нисбат ба замони Шӯравӣ афзудани теъдоди издивоҷ низ ба афзоиши теъдоди талоқ сабаб шудааст. Вай дар бораи роҳҳои рафъи ин мушкилӣ афзуд, "бояд лоиҳаҳое амалӣ карда шаванд, ки олимон ба ҳукумату масҷидҳо рафта, ба мутахассисони соҳа машваратҳо диҳанд ва онҳо дар навбати худ дар маҳаллаву минтақаҳо гашта, бо мардум доир ба сохтани оилаи солиму намунавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Ин оила чунон як чизи нозук аст, ки бояд омилҳои фурӯпошии он ҳар сол аз ҷониби пажӯҳишгарон омӯхта, муайян карда шавад."
Меликмурод Шарифов, сокини Душанбе, ки ҳудуди 40 сол боз бо ҳамсараш зиндагии муштарак доранд ва имрӯз соҳиби 7 фарзанди соҳибмаълумот ва бештар аз 20 набера аст, аз зиёд шудани шумораи талоқ дар миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки дар даврони ҷавонии ӯ оилаҳое, ки носолим буданд, миёни ҷомеа обрӯи хешро гум мекарданд.
Аз ин рӯ, оилаҳо талош мекарданд, то обрӯи хешро аз даст надиҳанд. Ба ибораи дигар ба гуфтаи бобои Меликмурод, ҷомеа нисбат ба чунин оилаҳо бетараф набуд: "Пештар дар ҳамон деҳа ва ё маҳалла агар дар ягон оила ҷангҷол мешуд ва ё оила вайрон мегардиду келин гурехта хонаи падару модараш мерафт, даррав оқсақоли деҳа ба ҳамон оила рафта, падару модар ва писари онҳоро насиҳат карда мегуфт, ки ҳатто хонаи паррандаро вайрон кардан гуноҳи азим аст ва ба мобайн даромада, онҳоро оштӣ мекард. Ҳозир бошад, "туро сӯзад, маро чӣ ғам" гуфта мегарданд."
Зимнан, гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон ҳокист, ки дар нимаи нахусти соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор талоқ сабт гардидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 14 дарсад зиёд аст. Аз ҷумла ин нишондод дар ноҳияҳои тобеи марказ 15,9 дарсад, вилояти Хатлон 15,5 дарсад, дар шаҳри Душанбе 13,2 дарсад, дар вилояти Суғд 12,7 дарсад ва дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ 54,5 дарсадро ташкил дод.
Аммо таассуфовар он аст, ки пушти ин рақамҳо умдатан нафарони бадбахт ва кӯдакони сарсону саргардони дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрон монда истодаанд.