Нооромиҳои Хоруғ фурсатеро барои қудратҳои ҷаҳонӣ пеш овардааст, то ба манофеи худ дар Тоҷикистон даст ёбанд.
Барои Тоҷикистони кӯчаке, ки дар иҳотаи хушкист ва то кунун барои қудратҳои ҷаҳонӣ, зоҳиран, камаҳамият буд, ҳоло як набарди геополитикӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст.
Александр Кулӣ, профессори улуми сиёсӣ ва муаллифи китоби тозанашри “Рақобати нави абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ”, мегӯяд, аз ҷумла Русия талош дорад, нооромиҳои Бадахшонро барои расидан ба орзуи деринааш дар Тоҷикистон истифода кунад: “Барои Русия амалиёт дар Бадахшон ва иддаои сирояти ноамнӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон метавонад, баҳонае хоҳад буд, ба хотири ниҳоӣ кардани созишномаи ҳузури низомиаш дар Тоҷикистон.”
Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2014-ум ба поён мерасад ва гуфтушуниди печидаи ду тараф дар бораи ояндаи он идома дорад. Русия муштоқи он аст, ки пойгоҳи 7-ҳазор нафариаш 49 соли дигар дар Тоҷикистон ройгон бимонад, вале Душанбе мегӯяд, мизбонии бепул бас аст. Ин рафтори Тоҷикистону ҳамкориҳои рӯзафзунаш бо Амрико Русияро нороҳат кардааст, ки матбуоти расмию мустақилаш нооромиҳо дар Бадахшонро оғози поёни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон хондаанд.
Ба гуфтаи Александр Кулӣ, нооромиҳои Бадахшон дигарбора зарурати ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Амрикоро нишон медиҳад, ки ба хотири тавоно ва муҷҷаҳаз кардани нерӯҳояш ва посбонии муносиби марз бо Афғонистон миллионҳо доллар ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Гузашта аз ин, чанде пеш як вакили амрикоӣ дар Душанбе гуфт, дар сурати тарки пойгоҳи Манаси Қирғизистон кардани нерӯҳои амрикоӣ, Тоҷикистон метавонад, маҳалли муносибе барои ҷойгир кардани он нерӯҳо бошад.
Ҷаноби Кулӣ мегӯяд, ду кишвари дигаре, ки муддатҳои тӯлонӣ Тоҷикистонро саҳнае барои ҳузур дар Осиёи Марказӣ мебинанд, Эрону Ҳинданд, ки ҳоло дастҳои баста доранд: “Кишварҳое ба мисли Ҳинд наметавонанд, ба қадре, ки мехоҳанд, дар Тоҷикистон нуфуз дошта бошанд, зеро банди мушкилоти дохилӣ ҳастанд ва ба қадри кофӣ ҳамкориҳои низомӣ дошта наметавонанд. Ҳамин гуна бисёре аз кишварҳо мехоҳанд, дар Осиёи Марказӣ нуфуз дошта бошанд, вале на ба ҳама хостаҳояшон мерасанд.”
Бо назардошти ин рақобатҳо, мақомоти Тоҷикистон нооромиҳо дар Бадахшонро бахше аз ин бозиҳои геополитикӣ медонанд ва аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз мардум хост, ба гуфтаи ӯ "дар шароити бисёр ҳассосу пурмоҷарои ҷаҳони имрӯза" ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва "фирефтаи доми ҳар гуна бадхоҳони миллати тоҷик" нашаванд.”
Аммо Мирослав Ниёзов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Қирғизистон мегӯяд, ҳарчанд ин фарзия метавонад, дуруст бошад, аммо заминаи онро худи мақомоти расмӣ фароҳам кардаанд: “Нерӯҳои севум замоне ба чунин нооромиҳо мусоидат мекунанд, ки замина барои он вуҷуд дошта бошад. Агар заминаҳову шароит набошад, аз дасти нерӯҳои севум ҳеҷ чиз намеояд ва онҳо низоъ ҳам барангехта наметавонанд. Аз ин рӯ, муҳим суботи сиёсӣ, эътимоди мардум ба рукнҳои давлат аст. Агар инҳо набошад, рахнае ба вуҷуд меояд ва аз ин рахна ҳама нерӯҳо истифода мекунанд.”
Ҷош Бунстра, таҳлилгар аз пажӯҳишгоҳи аврупоии FRIDE, ки дар Бадахшон ҳам будааст, ба ин андеша мувофиқ аст ва мегӯяд: "Ба андешаи ман, дар Тоҷикистон мардуми норозӣ зиёданд, сар аз ҷангсолорони замони ҷанги шаҳрвандӣ то ба ҷавонони одии бекор, ки имконият надоранд ва барои кор ба Русия мераванд. Ба андешаи ман, дар оянда ҳодисаҳои шабеҳи Бадахшон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба мисли Қирғизистон ва ё шояд Узбакистон бештар хоҳад шуд."