Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ ба куштори И.Имомназаров вокуниш нишон дод


Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфт, куштори Имомназар Имомназаровро таҳқиқ мекунад.

Изҳороти додситонӣ шоми 22-юми август пахш шуд ва дар он гуфта мешавад, ки гурӯҳи тафтишотӣ-фаврии ин ниҳод қатли Имомназар Имомназаров, фармондеҳи собиқи ИНОТ дар Хоруғро таҳқиқ мекунад.

Дар ин баёнияи додситонӣ гуфта мешавад, ки рӯзи 24-уми июл Имомназаров "бар зидди ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки барои дастгир намудани шахсоне, ки 21-уми июли соли 2012 дар Хоруғ куштори генерал-майор Абдулло Назаровро содир намуда буданд, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ҷангиданд."

Бино ба ин баёния, Имомназар Имомназаров рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ "барои содир намудани одамкушӣ, бандитизм, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, гаравгонгирӣ, тасарруфи яроқу лавозимоти ҷангӣ ғоибона ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб карда шуда, кофтукови ӯ эълон карда шуда буд."

Ин нахустин баёнияи расмии мақомоти Тоҷикистон дар робита ба куштори Имомназар Имомназаров дар Хоруғ аст. Аз ин пеш, хабаргузории “Интерфакс”-и Русия ба нақл аз манобеи худ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон навишта буд, ки онҳо дар куштори фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, Имомназар Имомназаров, даст надоранд. Имомназар Имомназаров, раҳбари, ба гуфтаи мақомот, яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ, субҳи барвақти 22-юми август ба дунболи партоби норинҷак ва тирпарронӣ дар манзили истиқоматияш кушта шуд.

“Аслан куштори Имомназаров барои мо лозим набуд. Зеро ба кулли раванди сулҳ таъсири хеле бад мерасонад,-гуфтааст як манбаъаз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба “Интерфакс”. Ин манбаъ афзудааст, “бо вуҷуди он ки Имомназаров дар чандин ҷиноят муттаҳам дониста мешуд, мо ба ӯ даст нарасондем ва ба ҳабс нагирифтем. Ба хотири он ки дар Хоруғ оромӣ ҳукмфармо бошад.”

Дар вазорати умури дохилӣ ва вазорати дифои Тоҷикистон низ гуфтаанд, ки қатли фармондеҳи мухолифин Имомназар Имомназаров ба ҳеҷ ваҷҳ кори дасти онҳо ва ё ниҳодҳои зери назорати онҳо нест.

Имомназар Имомназаров яке аз чаҳор раҳбари, ба гуфтаи мақомот гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ буд, ки ба дунболи кушта шудани генерал Абдулло Назаров дар нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ ангушти ишора ба сӯяш дароз гардид. Мақомот ӯро дар қатори Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо ва инчунин барнагардондани қарзҳои бонкӣ муттаҳам донистанд.

Аммо куштори Имомназаров дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки ӯ ва зердастонаш дар пайи музокира бо гурӯҳи 20-нафарии миёнҷӣ ва даъвати мақомоту Бунёди Оғохон силоҳҳои худро таслим карда, дар манзили худ ба сар мебурданд. Куштор ӯ дар сӯбҳи 22-юми август вокунишҳои мухталифро миёни сокинони Хоруғ ва деҳаҳои атрофи он ба вуҷуд овард ва садҳо тан ба нишони эъӣтироз дар майдони марказии Хоруғ ҷамъ омада, тақозо карданд, ки омилони қатли Имомназаров пайдо ва муҷозот шаванд.

Ҳамчунин сокинони Хоруғ гуфтаанд, куштори ин фармондеҳ амнияти онҳоро зери суол бурда, ваъдаҳои мақомотро низ барбод додааст.

Дар ҳамин ҳол, Азия-Плюс аз қавли Қодири Қосим – раиси вилояти Бадахшон хабар додааст, ки ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ дар авоили моҳи сентябр, дар рӯзҳои таҷлил аз 21-умин солгарди истиқболи кишвар таҷлил хоҳад шуд. Дар ҳоле ки қаблан вазириди дифои кишвар, Шералӣ Хайруллоев, дар як ҷаласа дар Хоруғ гуфта буд, ки ҷашни ин шаҳр дар охирҳои моҳи август баргузор ва шахъсан раисиҷумҳур дар он иштирок хоҳад кард. Вале Қодири Қосим ба баъзе расонаҳо гуфтааст, иштироки раисиҷумҳур дар ҷашни 80-солагии Хоруғ ҳамакнун норӯшан аст.
XS
SM
MD
LG