Шоҳ Искандаров аз манзили сокини Хоруғ берун рафт

Дар пайи муроҷиати сокини Хоруғ ба вазири дифои Тоҷикистон, фармондеҳ Шоҳ Искандаров манзили ӯро тарк кардааст.
Шакармо Худододова дар ҳафтаи гузашта бо ирсоли номае ба Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар Хоруғ ба сар мебарад, шикоят карда буд, ки Шоҳ Искандаров ҳамроҳ бо 30 тан аз сарбозонаш дар манзили истиқоматии вай воқеъ дар маҳаллаи Бизмичи ин шаҳр ҳастанд ва ин ҷоро то охири моҳи август тарк карданӣ нестанд.

Ҳамчунин Худододова аз он шикоят карда буд, ки зару зевар ва ҷавоҳироти ороишиаш низ ба яғмо бурда шудаанд.

Пас аз ду рӯзи ин муроҷиат, Шоҳ Искандаров, муовини раиси бахши корҳои дохилии минтқаи Ғарм ҳамроҳ бо 30 сарбозаш манзили Шакармо Худододоваро холӣ карда ва дар саргаҳи роҳи Хоруғ -Ишкошим, ки дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Бизмич қарор дорад, хайма зада ва назорати ин шоҳроҳро бар дӯш гирифтааст.

Ҳамчунин манбаи РО хабар медиҳад, ки Шоҳ Искандаров аз ҳисоби шахсии худаш ба Шакармо Худододова барои ҷуброни зарар ба манзилаш маблағи 5 ҳазор сомонӣ додааст. Аз сӯи дигар Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон низ омодагии худро барои кӯмак ба ин сокини шаҳри Хоруғ эълом кардааст.

Ҳамакнун Шакармо Худододова ҳамроҳ бо шавҳараш ба тармиму бозсозии манзилаш машғул мебошад.

Шоҳ Искандаров, ҳамроҳ бо 30 тан аз сарбозонаш аз оғози амалиёти вижаи сохторҳои қудратӣ алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ дар манзили Шакармо Худододова қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол вазъ дар Хоруғ ором буда ва ба ҷузъ фармондеҳ Шоҳ Искандаров, дар самти роҳи Хоруғ ба Ишкошим, ҳамчунин нерӯҳои давлатӣ дар се минтақаи дигари вурудии маркази Бадахшон, яъне роҳ ба Душанбе, Шуғнон ва Роштқалъа посгоҳҳои назоратиро ташкил кардаанд.