Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ба нозорати ҷараёни сохтмони иншооти корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғаюр Семент», ба ноҳияи Ёвон рафт.
Тавре сомонаи раисиҷумҳури кишвар менависад, иншооти мазкур бо сармоягузории муштараки 100 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони тоҷику чинӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна маҳсулот то моҳи августи соли 2013 сохта, ба истифода дода мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло 20% корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол мавриди зикр аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» илова ворид намуда, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуаксин Ғаюр Семент»-ро барои ворид намудани таҷҳизот ва технология ҷиҳати сохтмони корхонаи семент дар ноҳияи Ёвон, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуд.
Маблағи озодшавии он аз пардохтҳои гумрукӣ 100 миллион сомонӣ ва аз арзиши иловашуда 47 миллион сомонӣ ва боҷҳои гумрукӣ 13 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Аммо интизор меравад дар сурати ба кор даромадани корхонаи семент, дар як сол танҳо 135 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ба буҷаи кишвар ворид гардад ва 1000 нафар дар ин коргоҳ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шаванд.
Гуфтанист ширкати "Хуаксин Ғаюр Семент" аз ҷониби корхонаи муштараки тоҷикистонию чиноии "Ғаюр" ва ширкати "Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент" таъсис дода шудааст.
Ширкати "Ғаюр" соли 2006 таъсис ёфта, масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Он дорои се корхонаи истеҳсолӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии ширкат дар як моҳ 2500 тонна семент, 280 ҳазор дона хишти пухта ва 300 тонна оҳак арзёбӣ мешавад.
"Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент" ширкати сармоягузорӣ буда, сохтмони корхонаҳои калони истеҳсоли сементро маблағгузорӣ мекунад. Аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши семент дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сафи ширкатҳои пешқадам унвон мешавад.