Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозири минтақавӣ як ноболиғро то ба худкушӣ расонд


Ҳукумати ноҳияи Ёвон
Ҳукумати ноҳияи Ёвон

Дар Хатлон аввалин парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи нави кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - “шиканҷа” баррасӣ хоҳад шуд.

Генерал Баҳодур Ҳомидов, муовини якуми додситони вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, Машраф Алиев, нозири минтақавии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон дар азобу шиканҷа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ба худкушӣ расонидани ноболиғ Хушвақти Маҳмадсаид айбдор дониста мешавад.

Муовини аввали додситони Хатлон афзуд: “Рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ ноболиғ Хушвақти Маҳмадсаид дар каҳдони ҳавлии худ, воқеъ дар деҳаи Қулободи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон худро ба дор овехт ва ҳоло дар бемористон бистарӣ аст. Ба дунболи ин ҳодиса ошкор гардид, ки Хушвақти Маҳмадсаид ҳамчун нафари гумонбар дар ҷинояти дуздӣ аз тарафи нозири минтақавӣ Машраф Алиев ба идораи пулис барои бозпурсӣ даъват шуда, мавриди шиканҷа ва
Баҳодур Ҳомидов
Баҳодур Ҳомидов
озорӣ ҷисмонӣ қарор гирифтааст”.

Нисбати Машраф Алиев, корманди милитсия, рӯзи 3-юми майи соли 2012 тибқи моддаҳои 143 қисми 1, (шиканҷа), 109 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ба гуфтаи муовини аввали додситони вилояти Хатлон, ин якумин парвандаи марбут ба шиканҷа аст, ки дар вилояти Хатлон боз шуда, дар он корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдор дониста мешавад. Айни ҳол ин парванда дар арафаи баррасӣ дар додгоҳи ноҳияи Ёвон қарор дорад.

Ифтитоҳи аввалин парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи “шиканҷа” дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи гузашта 14 созмони ҷамъиятии кишвар аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, барои пешгирӣ аз мавридҳои шиканҷа, ки ба гуфтаи онҳо, ба обрӯи кишвар ҳам латма мезанад, иқдомҳои ҷиддитареро рӯи даст бигирад. Ин созмонҳо дар номаи худ ба Президенти Тоҷикистон навиштаанд, бо вуҷуди баъзе тадбирҳои давлат, шиканҷа дар ҷомеа мушкили паҳншуда ва системавӣ боқӣ мемонад.

Темур Боев, раиси додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бисёр шуда, ки афроди судшаванда дар бораи мавриди озору шиканҷа қарор гирифтанашон дар аснои мурофиаҳои додгоҳӣ хабар медиҳанд, аммо дар амал хеле кам шудааст, ки вуқӯи ин ҷиноят собит гардад. Ҷаноби Боев истисно намекунад, ки эҳтимолан дар таҷрибаи тафтишот ё дар маҳбасҳо аз шиканҷаю латукӯб кор гирифта мешавад, аммо бо изҳори таассуф гуфт, ки на ҳамеша ва на саривақт афроди ҷабрдида ба мақомоти зидахл шикоят мебаранд.

Таҳлилгарон ва пайвандони афроде, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ нигаҳдорӣ
мешаванд, мегӯянд, дар зиндонҳо аз шиканҷаю бадрафторӣ фаровон кор гирифта мешавад. Аммо ба сабаби он ки исботи ин ҷиноят хеле сахту мушкил аст, дар ин маврид муроҷиатҳои расмӣ хеле кам ҳастанд.

Вале Маҳмадтоҳир Саидов, сарнозири шӯъбаи корҳои ислоҳии вилояти Хатлон, мегӯяд, ки дар маҳбасҳо тайи солҳои охир ягон мавриди шиканҷаю озори ҷисмонии маҳбусон ба қайд гирифта нашудааст.

“Шиканҷа гоҳе дар тафтишот мешавад ё дар маҳкамаҳои муваққатӣ ва ҳадафаш гирифтани нишондод аз нафарони гумонбар аст. Аммо бояд ин нишондодҳоро бо роҳҳои қонунӣ ва бо истифода аз усулҳои криминалистика ва тафтишот, на зӯроварӣ ва латукӯб гирифта шавад. Нафарони гумонбар ё маҳбусон ҳам шаҳрванданд ва Сарқонун ҳам истифодаи шиканҷа нисбат ба инсонро манъ мекунад”, - афзуд М. Саидов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои созмонҳои ҳомиии ҳуқуқ, солона даҳҳо мавриди шиканҷаю бадрафторӣ нисбат ба афроди муттаҳам дар ҷиноят ё маҳбусон содир мешавад. Сергей Романов, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, дар ин робита мегӯяд: «Мо дақиқан намедонем, ки чанд парвандаи ҷиноятӣ марбут ба шиканҷаю бадрафторӣ мавҷуд аст, зеро чунин омор расман омода намешавад. Одамон ҳам метарсанд, ки оид ба фактҳои шиканҷаю озори ҷисмонӣ ба мақомот шикоят баранд, шояд эътимод надоранд, ки ба арзу додашон мунсифона расидагӣ мешавад».

Ба таъкиди соҳибназарон, ифтитоҳи парвандаҳо алайҳи корманди милиса ва маҳбасҳо дар солҳои охир, ки бар асоси моддаи марбут ба «бемасъулиятӣ»-и кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста мешаванд, то ҷое гувоҳи вуҷуди мавридҳои шиканҷаву тазйиқ дар муассисаҳои низомашон пӯшида, яъне боздоштгоҳу маҳбасҳо буда метавонад.

Масалан, соли гузашта алайҳи сардори бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи ВКД-и ноҳияи Вахш низ бо гумони шиканҷаю бадрафторӣ ва боздошти ғайриқонунии шаҳрванд парванда кушода шуда буд. Он замон ҳанӯз моддаи “шиканҷа” дар кодекси ҷиноятӣ вуҷуд надошт ва тафтишот амалҳои афсари пулис Ҷаъфар Мирзошоевро “берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ” ва “боздошту ҳабси ғайриқонунӣ” арзёбӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG