Қисмати марзи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки 7 соли пеш ҳангоми дигар шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ ба Афғонистон гузашта буд, то ҳанӯз мавриди баҳси мақомоти ду кишвар қарор дорад.
Ин қитъаи марзӣ беш аз ҳазор ҳектор заминро дар дарозии 20 километр хати сарҳад ташкил медиҳад, вале ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ танҳо наздики 500 ҳектори онро истифода мебарад.
Фазлиддин Хӯҷамуродов, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ин мавзеъ аз замони шӯравӣ расман хоки Тоҷикистон дониста мешуд ва дар ду соли пеш низ дар сатҳи маҳаллӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин минтақа хоки Тоҷикистон дониста шавад. Аммо Хӯҷамуродов мегӯяд, бо гузашти ду сол онҳо танҳо имкони истифодаи 500 ҳектор, яъне 50 фисади ин заминро пайдо карданд ва боқии онро сокинони Афғонистон истифода мекунанд.
«Дар ҳақиқат 50 фоизи онро мо боғу ҷангалзор кардем, вале барои аз худ кардани панҷоҳ фоизаш маслиҳатҳо давом доранд. Боварӣ дорам, ки дар солҳои наздик боқимондаи он заминро низ аз худ мекунем».
Дар ҳамин ҳол, Мунаввар Ташрипов, сардори Кумитаи заминсозии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, воқеан 1200 ҳектор хоки ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми дигар шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ ба ҷониби Афғонистон «ғел хӯрдааст». Аммо ба гуфтаи ӯ, дубора аз худ кардани ин замин кори осон нест.
Ташрипов гуфт: «Ин масъаларо дар сатҳи болоии ду кишвар меомӯзанд. Ин коре нест, ки дар як сол ду сол ҳалли худро пайдо кунад. Аввал, ду-се сол делмитатсия карда, ҳуҷҷатҳоро қабул мекунанд ва баъдан дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда демаркатсия, яъне сарҳадро ҷудо мекунанд. Мебахшед, аммо ин кори як солу ду сол нест, барои ин даҳ сол лозим аст».
Ба гуфтаи масъулин, ин пораи замин дорои захоири тилло ҳаст, ки ҳоло онро бештар шаҳрвандони Афғонистон коркард мекунанд. Чунин мушкили марзӣ дар ноҳияи Шӯрообод ва Панҷи вилояти Хатлон низ ба назар мерасад, ки то ҳоло ҳалли ниҳоии худро пайдо накардаанд.
Рустами Абдулло, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар ноҳияи Шӯрообод низ то кунун захираҳои табииаш аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон истифода мешавад. Аммо Рустам мегӯяд, марзи Шӯрообод аз марзи Ҳамадонӣ фарқ дорад: «Беш аз 30 ҳазор ҳектор замин ҳам дар Шӯрообод расман хоки Тоҷикистон аст, аммо бинобар мушкили назоратӣ, аз он сокинони Афғонистон истифода мекунанд. Лекин замини ноҳияи Ҳамадонӣ фарқ дорад ва дар ин ҷо заминҳо ҳамвору обӣ ҳаст, ки кишти пахтаву шолӣ ба роҳ монда мумкин аст».
Пораи хоки Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ соли 2005 ҳангоми дигаргун шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ ҷониби Афғонистон гузашт. Ин баҳс дар ҳолест, ки ду соли пеш раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфта буд, ки барои пурра бозпас гирифтани ин замин, мувофиқа кардаанд.
Тоҷикистону Афғонистон наздики 120 соли пеш миёни ҳам марз надоштанд. Дар соли 1895 бо мувофиқаи Русияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир рӯдхонаи Панҷ марзи Аморати Бухоро ва Афғонистон шинохта шуд. Аммо ба назар мерасад, ки бо гузашти беш аз як аср, ҳанӯз ҳам мушкили марзии ин ду кишвар ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст.