Эрон ҷавонони тоҷикро имтиҳон мекунад

Донишгоҳи технологии Исфаҳон

Ин ҳам дар ҳолест, ки имсол барои нахустин бор Эрон ба Тоҷикистон 250 бурсияи таҳсил дар донишгоҳҳои худро ихтисос дода буд.

Аъзои комиссиюн аз устодони эронӣ ташкил шудааст. Аммо дар гузашта ин комиссиюн аз ҳисоби намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон созмон меёфт.
Ҳусайни Шерхонӣ, як масъули сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд қаблан 260 нафар ҷавони тоҷик исми худро чун доваталаб номнавис карданд, аммо ҳудудан 190 нафари онҳо барои супоридани имтиҳонот ҳозир шуданд.

Оғои Шерхонӣ гуфт, аксари ин довталабон хоҳишманди таҳсил дар риштаҳои пизишкӣ, муҳандисӣ ва ҳуқуқ буданд ва танҳо онҳое интихоб шуданд, ки аз назари ҳайати кумиссиюн, қобилияти таҳсил дар ин риштаҳоро доранд.

Ҳусайни Шерхонӣ афзуд, «ҳар сол Эрон барои ҷавонони тоҷик 100 бурсияи таҳсилро ҷудо мекард ва барои нахустин бор аст, ки имсол 250 бурсияро ихтисос додааст. Бояд гуфт таҳсил дар Эрон ба хусус дар риштаҳои пизишкӣ ва муҳандисӣ хеле сахт аст. Ва мушкилоте, ки солҳои пеш дар робита ба бурсияҳо ба вуҷуд меомад, ин буд, ки аз ҷониби Эрон бо довталабони таҳсил дар ин кишвар ҳеҷ мусоҳибае анҷом намешуд. Ба хотири он ки донишомӯзони тоҷик дар солҳои аввали таҳсил донишгоҳро тарк кардаву ба Тоҷикистон барнагарданд, мо ҳамин коммиссюнро ташкил кардем, то ин ки нафарони муносиб ва сазовар интихоб шаванд».

Ин ҳам дар ҳоле, ки Эрон танҳо кишваре нест, ки имсол барои интихоби довталабони таҳсил, намояндагони худро мефиристад.

Сафорати Туркия низ соли ҷорӣ бидуни ширкати намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон ҷавонони тоҷикро имтиҳон кард.

Дар ин баробар намояндагони Русия ва кишварҳои дигар низ хостори он шудаанд, ки танҳо нафарони лаёқатманд ва воқеан муносиб барои таҳсил ба ин кишварҳо роҳ ёбанд. Зеро мушоҳидаҳо ҳокист, ки тайи чанд соли ахир теъдоде аз ҷавононе, ки тариқи бурсияҳо ба ин ё он кишвар барои илмомӯзӣ фиристода мешаванд, таҳсилро ба итмом намерасонанд. Ва сабаби инро аксари соҳибназарон дар пойин будани сатҳи дониши ҷавонони тоҷик арзёбӣ мекунанд.

Абдусаттор Одинаев, мудири бахши робитаҳои байналмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон низ мегӯяд, ҳарчанд теъдоди хоҳишмандони таҳсил дар хориҷа хеле зиёд аст, аммо мутаассифона аксарияти ин довталабон дониши кофӣ надоранд.

Ӯ афзуд, «Мо аз наздик дидем: баъзе бачаҳое, ки номаи камолашон пур аз панҷ аст, дар асл дониши казоӣ надоранд. Масалан, барои таҳсил дар Эрон барои довталабон 27 мисол пешниҳод шуда буд, аммо нафароне буданд, ки ҳатто як мисолро ҳам ҳал карда натавонистанд. Аксарияти довталабон мегӯянд, мо хоҳиши таҳсил дар хориҷаро дорем. Барои ин танҳо доштани хоҳиш кифоя нест. Бояд дониши худро муккамал кард. Ва худатон медонед, дар мактабҳо ҳоло кӣ муаллим аст. Муаллимони хуб аксарият дар муҳоҷиратанд».

Дар гузашта вазири маорифи вақти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов низ борҳо аз сатҳи пасти дониши ҷавононе, ки барои таҳсил ба хориҷа роҳ меёбанд изҳори нигаронӣ кардааст.

Коршиносон мегӯянд, мавҷудияти фасод дар ин замина, барои интихоби ҷавонони лоиқ ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар монеъа эҷод мекунад. Орзӯ Ҳамидов, таҳлилгари ҷавон дар ин замина дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, «ҳамасола ба кишварҳои хориҷ барои таҳсил ҷавонони тоҷик фиристода мешаванд, то ин ки онҳо чун мутахассис омода шаванд ва ба ватан баргарданд. Аммо бубинед, то ҳанӯз ҳам президенти кишвар ва ҳам дигар сохторҳо аз камбуди кадрҳои болаёқат изҳори нигаронӣ мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки аксарияти ин донишомӯзон нафарони тасодуфиянд. Вагарна агар ин садҳо нафаре, ки дар хориҷа таҳсил карда баъдан омада дар Тоҷикистон кор мекарданд, мушкили кадрӣ дар кишвар кайҳо ҳалли худро пайдо мекард».

Бо ин ҳама гуфта мешавад, имрӯз иқтисоди миллии Тоҷикистон ба беш аз 450 намуди ихтисос эҳтиёҷ дорад ва аксарияти ин мутахассисон дар берун аз Тоҷикистон тарбия мешаванд.

Ба гуфтаи масъулони вазорати маориф, дар хориҷи кишвар барои Тоҷикистон асосан мутахассисони соҳаи энергетика, фанновариҳои муоссир ва роҳсозӣ омода мегарданд.

Зимнан, ҳамасола Русия, Туркия, Қазоқистон, Украина, Белорус, Чин, Эрон ва кишварҳои дигар барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳоеро ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои худ ихтисос медиҳанд.