Созмони RWB гуфтааст, ки Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, худро ба рӯйхати кишварҳои “душмани интернет” наздик кардааст.
Изҳороти RWD ё Хабарнигорони бидуни марз баъд аз баста шудани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс”, хабаргузории русии “РИА Новости” ва чанд сомонаи дигар пахш шуд.
Ин созмон гуфтааст, Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад дар як радиф бо Узбакистону Туркманистон ҷой бигирад.
Аз оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшон, мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Дар давоми даҳ рӯзи ахир баъд аз амалиёти Хоруғ сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Чанд сомонаи дигар аз ҷумла сомонаи русии Бӣ-Бӣ-Сӣ ва YouTube дастнорас буданд.
Ширкатҳои дастраскунандаи интернет, дастрасӣ ба сомонаҳои хабариро бо супориши Хадамоти алоқа, ки «мушкилоти фанни»-ро баҳона мекунанд, маҳдуд намуданд.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи ҷумъа 3-юми август Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз Хадамоти алоқа хостаанд, ки сабаби аслии масдуд кардани торнамоҳоро шарҳ диҳад.
Нуриддин Қаршибоев, рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки НАНСМИТ, Шӯрои «ВАО»-и Тоҷикистон, Медиа алянс» ва созмонҳои дигари журналистӣ амали ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ"-и Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистонро мақкум карда ва тақозо мекунанд, ки ба иқдомҳои худ поён диҳад.
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз Хадамоти алоқаи кишвар хостаанд то шарҳ диҳад, ки сабаби аслии масдуд кардани сайтҳо чист.
Бо шурӯи амалиёти низомӣ дар Хоруғ, 17 сомонаи дохилӣ ва хориҷӣ аз тарафи Хадамоти алоқа масдуд карда шудааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки дар ин миён танҳо сомонаи «Азия плюс» се маротиба қатъ карда шудааст.