Ҷозибаҳои геополитикии Бадахшон

Боғшоҳи Лашкарбек, муҳаққиқи тоҷики муқими Маскав ва зодаи Бадахшон мегӯяд, ҳаркӣ Боми ҷаҳонро гирифт, ҷаҳонро гирифт.
Ба ақидаи ин муҳаққиқ, ин қаламрав аз қадим мисли оҳанрабоест, ки қутбҳои бозигар дар минтақаро ба сӯи худ мекашад: “Худатон нигоҳ кунед, ки агар шумо силоҳро болои бом бароред, тамоми гирду атроф зери назорати шумо хоҳад омад. Бадахшон дар фосилаи ҳамагӣ 30-40 километр аз Покистон ва ҳаммарз бо Чину Афғонистон қарор дорад. Як платсдарми муҳим аст аз нигоҳи низомӣ. Ва ҳанӯз аз асри 19 масъалаи Бадахшон ҳамеша матраҳ буд, чунки инглисҳо ва русҳо медонистанд, ки ҳаркӣ Бадахшонро гирифт, назорати тамоми минтақаро ба даст меорад.”

Як ҷабҳаи аввали “Бозии бузург”

Бадахшон, ки Боми ҷаҳонаш ҳам ном мебаранд, сарзамини кӯҳҳои сарбафалакест, ки дар зери бистари хокаш қариб тамоми ҷадвали кимиёии Дмитрий Менделеев нуҳуфтааст. Ин қаламрав, ки макони зиндагии танҳо ҷамъияти пайравони равиши исмоилияи мазҳаби шиа дар Осиёи Марказист, аз қадим мавриди таваҷҷӯҳи бавижаи қудратҳои бозигар дар саҳнаи минтақа қарор дошту дорад. Дар асри 19, ки дар таърихи сиёсӣ ҳамчун “Бозии бузург” маъруф аст ва он замон Бритониё фикри афзудани аморатҳои заифи Осиёи Марказӣ ба ҷумлаи мустамликаҳояшро дар сар дошту имперотурии Русия - нақшаи азими дар обҳои гарми уқёнуси Ҳинд шустани мӯзаҳои сарбози русро дар дил мепарварид, Бадахшон барои инглисҳо калиди дари Осиёи Марказӣ дониста мешуд ва ҳамин тавр, барои русҳо – кӯтоҳтарин роҳ барои расидан то қораи Ҳинд.

Гога Ҳидоятов, муаррихи узбак

Муаррихи 82-солаи узбак Гога Ҳидоятов, ки собиқаи рақобатҳои Русияву Бритониё дар Осиёи Марказӣ дар асри 19-ро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, инглисҳо то аввали асри 20 фикри то ба марзҳои Русия расондани доманаи султаи худ тавассути забти Осиёи Марказӣ ва дашти Қазоқро дунбол мекарданд: “Англисҳо хеле барвақт ба ин гӯша, яъне Бадахшон, мароқ зоҳир карданд. Майор Бидлз, як ходими аршади ширкати Ост-Индия ба тамоми кӯҳистони Ҳиндукуш сафар кард. Ва ӯ чанд маконеро пайдо кард, ки метавонист ҳамчун платсдарм истифода шавад. Блидс аз ҷумла яғнобиҳо, рӯшониҳо ва язғуломиҳоро зикр кардааст, ки ба ақидаи ӯ, метавонанд муттаҳидони салтанати Бритониё дар Осиёи Марказӣ шаванд.”

Оғози султаи Русия бар Боми ҷаҳон

Мурғи иқбол дар ин “Бозии бузург” дар ниҳоят рӯи шонаи сарбози рус нишаст ва Русия Бадахшонро ҳанӯз соли 1876 ҳамроҳ бо тамоми хонигарии Қӯқанд зери султаи худ овард. Вале марзҳояш, ки таъйину аломатгузорӣ нашуда буд, андози мардумро дар Шуғнону Роштқалъа сарбозони афғон мечиданд ва дар Мурғобу Зоркӯл артиши Чин баҳузур хайма зада буд. Нирӯҳои эъзомии генерали рус Михаил Ионов фақат дар нимаи аввали даҳаи 90 бо анҷоми чанд юриш сарбозони афғонро аз Шуғнону чиниҳоро аз Мурғоб ронда, аз чанд маъмури боздоштшудаи инглис ҳам забонхат гирифтанд, ки дигар пой ба ин сарзамин нахоҳанд монд.Ва чун нуқтаи таммат, 11 марти соли 1895 Русияву Бритониё дар Лондон ёддоштеро имзо карданд, ки тибқи он, доираи нуфузи ду абарқудрат аз долони Вахон мегузашт ва нисфи Бадахшон бо шумули ин долон ба Афғонистону ними дигараш ба аморати Бухоро тааллуқ гирифт.

Аммо амири Бухоро баъди муддате аз ин “тӯҳфа”-е, ки барояш дарди сар ва хароҷоти зиёд овард, даст шуст ва аз Русия хост, ки Бадахшонро бо ягон вилояти пурфоидатар, масалан, бо Самарқанд иваз кунад. Русия чунин савдоро, албатта, напазируфт, вале розӣ шуд, идораи умури Бадахшонро ҳам амалан ба дасти худ бигирад. Соли 1925, баъди истиқрори низоми Шӯравӣ, Бадахшонро ҳамчун вилояти мухтор ба ҳайъати Тоҷикистон шомил карданд.

Дар авоили солҳои 90, ки нуқтаи авҷи ҷунбишҳои истиқлолхоҳиву ҷудоихоҳӣ дар паҳнои шӯравӣ буд, вакилони Бадахшон низ ин вилоятро ба Ҷумҳурии мухтор табдил доданд, вале парлумони Тоҷикистон ин қарорро лағв кард. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ, ки фирори мардуми бадахшӣ аз пойтахт ва водиҳои Ҳисору Вахшро дар пай дошт, Бадахшон ба як пойгоҳи умдаи мухолифин табдил ёфт ва амалан ба ҳоли худ буду итоати чандоне аз Душанбе надошт.

Ҳаркӣ Боми ҷаҳонро бигирад...

Аммо баъди хатми ҷанг ва имзои созишномаи сулҳ ҳам ин вилояти дурафтода ва фақир гӯё “фаромӯш” шуд ва танҳо акнун ва он ҳам замоне ба ёди ҳукумати марказӣ расид, ки амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ исми Бадахшонро дигарбора дар сархати ахбори Тоҷикистону минтақа овард ва маълум кард, ки ин қаламрав то ҳол ҷаззобиятҳои геополитикии як садаи қаблашро гум накардааст ва ҳамчунон диққати бозигарони асосӣ дар саҳнаи Осиёи Марказиро ба худ ҷалб мекунад.

Боғшоҳи Лашкарбек, муҳаққиқи тоҷик муқими Маскав

Аз як сӯ, Русия дар ин 120 соли султааш бар ин мулк дар амри баҳрабабардорӣ аз маъодини фаровони Бадахшон иқдоми ҷиддие накард ва он ҳама ганҷи ҳангуфт ҳамчунон дар умқи ин хок хуфтааст. Аз сӯи дигар, мавқеъияти беназири ҷуғрофии Бадахшон имкон медиҳад, ки дар сурати сохтани роҳ тавассути Вахон то Чатрол боз ҳам кӯтоҳтарин роҳ аз минтақа то уқёнуси Ҳинд шавад ва ҳам як истгоҳи муҳим дар сурати эҳёи Роҳи бузурги Абрешим.

Бадахшон, ҳамин тавр, дарвозаи Осиёи Марказӣ барои ҷануб ва шарқи Осиё боқӣ монда, метавонад як камарбанди буферӣ барои пешгирӣ аз экспансия, ё тавсиаталабии бештари Чин хидмат кунад. Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷики муқими Маскав мегӯяд: “Дар водии Вахон аз аҳди юнониҳову бохтариҳо, кӯшониҳо ва эвталиҳо қалъаҳои ба дараҷаи як империя сохта буданд. Барои чӣ? Ба хотире ки роҳи Чинро аз он тараф нигоҳ доранд. Аз замони қадим ҳамин манфиат ва омили геополитикӣ буд, ки кишварҳои қудратманд ҳамеша кӯшиши зери контроли худ овардани Бадахшонро мекарданд.”

Роҳи бозгашти ҲИУ?

Шореҳони низомӣ мегӯянд, Бадахшон, ки ҳатто дар замони Шӯравӣ марзаш тақрибан боз буд, баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014 метавонад ба як масири мақбул барои ҷангиёне табдил шавад, ки тайи 11 соли ҷанги ҷаҳонии зидди террор дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон тамрину нерӯ гирифтанд ва акнун фикри бозгашт ба зодгоҳҳои худ дар Узбакистону Тоҷикистон ё вилояти Шинҷони Чинро дар сар доранд.

Александр Храмчихин, мудири Пажӯҳишгоҳи мутолиоти сиёсиву низомии Русия мегӯяд: “Аз як сӯ, Бадахшон бо тавсиаталабиҳои Чин рӯбарӯст ва аз тарафи дигар бо тавсиаталабиҳои Толибон. Ин ҷунбиш зоҳиран бо хуруҷи нирӯҳои Амрико ба қудрат дар Афғонистон бармегардад ва Тоҷикистон ба ин тартиб, дар хатти аввали ду ҷабҳа қарор мегирад. Аммо Русия дигар аз Тоҷикистон хеле дур шудааст. Сад сол пеш Русия дар ин майдон яккатоз буд, ки ҳоло чунин нест. Ва ман фикр намекунам, ки Русия ба сурати фаъол вориди бозӣ шавад. Ҳадди аксар, бо ироаи ёрии низомӣ ба Душанбе дар сурати ҳамлаи Толибон иктифо хоҳад кард.”

Маркази таҳқиқоти стротегӣ, ниҳоди таҳлилии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ дар як таҳлили дастаҷамъӣ дар дараи Варсичи вилояти Бадахшони Афғонистон ҷамъ шудани аз 400 то 1000 силоҳбадасти роҳии ин сӯи рӯди Панҷро аз далоили баргузории машқҳои низомии ду моҳи пеш дар Бадахшон ва ҳам амалиёти ахири зидди Толиб Айёмбеков дар Хоруғ номид.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси ин марказ ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Албатта, муборизаи геополитикии байни қудратҳост дигар онҷо. Ба ғайр аз ин, дар инҷо қувваҳои тундгарои динӣ ҳам ҳавасҳо ва орзуҳои ба худ хос доранд, ки дар ин минтақа, ки дар он тарафаш вилояти пуропури ҷудоихоҳони Шинҷон аст, ҳама ба ҳаракат биоянд ва вазъ дар Осиёи Марказӣ бесубот шавад.”

Нофи Осиё дар Боми ҷаҳон

Аммо муаррихи узбак Гога Ҳидоятов мегӯяд, аҳамияти Бадахшон барои ҳар қудрате ки мехоҳад Осиёи Марказиро контрол кунад, хеле бештар аз ин ҳама чизест, ки тасаввур мешавад: “Бадахшон ҳанӯз аз аҳди Бобур як нуқтаи муҳими стротегӣ муаррифӣ мешуд ва аҳамияташ дар оянда боз ҳам хоҳад афзуд. Русия фориғболона мегӯяд, ки Осиёи Марказӣ аз дасти мо куҷо ҳам хоҳад рафт? Бовар кунед, ҷои рафтан дорад. Бубинед, баъди ягон 10 сол нуфузи Амрикову Ғарб дар инҷо хеле бештар хоҳад шуд. Барои онҳо феълан пайдо кардани як такягоҳ муҳим аст. Ва чунин нуқтаи такя дар Осиёи Марказӣ метавонад фақат Бадахшон бошад. Бо он масофаи кӯтоҳе, ки аз инҷо то кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ҳам то Чину Ҳинду Покистон аст, Бадахшон амалан нофи тамоми Осиёст.”

Амалиёти Хоруғ, ки зоҳиран бо як ҳамлаи тунд ҳадафи аз дасти ҳар навъ бозигари эҳтимолӣ ё, ба истилоҳ, “қувваи сеюм” задани қартаи Бадахшонро низ дошт, натиҷа наовард ва ҳукумати марказӣ дар Душанбе дигар наметавонад танҳо бо ваъдаи афв ё хуруҷи нирӯҳои Алфаву ОМОН дили ранҷидаи мардуми Бадахшонро дубора ба даст биорад. Александр Храмчихин, аз Пажӯҳишгоҳи мутолиоти сиёсиву низомии Русия мегӯяд: “Ташаннуҷ дар инҷо ҳамеша вуҷуд дошт ва низоъи дохилӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ комилан хунсо нашудааст. Ва ҳатмӣ нест, ки дар ин маврид аз кадом “Бозии бузург” ҷор заду нола кард. Омили асосии ноамнӣ дар дохил аст. Вале қувваҳои беруна, албатта, метавонанд аз он истифода кунанд.”

Бо автомат масъала ҳалл намешавад

Ба ақидаи таҳлилгарон, Бадахшон, ки тақрибан 20 сол мисли як фарзанди ӯгай ба ҳоли худ гузошта шуда буд, ба таваҷҷӯҳи ҷиддитар, аз ҷумла ба сармоягузории бештар ва сохтани корхонаҳои саноатӣ ниёз дорад. Имконе ки ҳукумати марказӣ бо он дасти кӯтоҳи молиаш ҳанӯз надорад. Вале як имтиёзи қобили иҷро барои Душанбе метавонад истихдоми шумори бештари ҷавонони таҳсилдидаи бадахшӣ дар сохторҳои идории ҳукумати марказӣ, ки ҳарчӣ бештару бештар ҳамчун “ҳукумати данғарагиҳо” таъриф мешавад, бошад.

Феълан ҳузури намояндагони ақалиятҳои забонии Помир дар ҳукумат танҳо бо вазири шуғли аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва чанд муовини вазир, ки ҳамагӣ бозмондаҳои мактаби кадрии замони шӯравианд, хулоса мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар 2 даҳаи ахир бо кӯмаки шоҳзода Карим Оғохони 4, ки пешвои исмоилиҳост, як хайли бузурги ҷавонони бадахшӣ дар донишгоҳҳои мӯътабари Аврупову Амрико ва Русия таҳсил карданд, вале ба маҳзи фасоди саросарӣ ва асли дар Тоҷикистон роиҷи маҳаллсолорӣ ба идороти давлатӣ роҳ намеёбанд ва аксар дар созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд. Ва ҳаминҳо буданд, ки алайҳи амалиёти низомии Хоруғ дар Маскаву Бишкеку Петербург ва Ню-Йорку Вошингтон эътироз карданд.

Боғшоҳи Лашкарбек мегӯяд, тағйире дар самтгириҳои Душанбе бояд пеш биояд ва нафақат дар қиболи танҳо мардуми Бадахшон: “Албатта, бо автомат ҳалл намешавад, вале фикр намекунам, ки Бадахшон нияти часпидан ба кадом кишвари дигарро дошта бошад. Ҳалли низоъ, ки боиси ранҷиши тарафайн

Сайфуллоҳ Сафаров

нашавад, ба сӯд мебуд. Ва нафақат нисбат ба Бадахшон, балки барои тамоми минтақаҳои дигари Тоҷикистон зарур аст, ки ҳукумати мо чунин шакли регионалӣ надошта бошад. Дар кори давлат ва дар идораи давлат бояд тамоми мардум ширкат кунад. “

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси маркази таҳқиқоти стротегӣ аммо мегӯяд, набояд марказро аз Бадахшон ҷудо кард ё ҷудо дид ва байни онҳо фарқ гузошт. Оқои Сафаров гуфт, Бадахшон ҳам чун вилоёти дигар як бахши ҷудоинопазири Тоҷикистон аст: “Боз мегӯянд, ки қувваҳоро аз онҷо бароред. Мо нирӯҳои худамонро чигуна аз сарзамини худамон барорем? То вақте ки барои мо зарур аст, то вақте ки таҳдид аз берун вуҷуд дорад, ин қувваҳо дар он ҷо хоҳанд буд. Албатта, ягон кишвари бузург ба мо ҳуҷуми бевосита намекунад, лекин метавонанд гурӯҳчаҳои тундгаро ё гурӯҳчаҳои ҷинояткорони муташаккил аз ин марзҳо вориди Тоҷикистон шаванд ва амнияти шаҳрвандони моро хароб кунанд.”

Бо ин ҳол, ба ақидаи бисёре аз нозирони умур, генералҳои тоҷик дар Хоруғ, дониста ё нодониста, давлати Эмомалӣ Раҳмонро дар рӯбарӯи шояд ҷиддитарин чолиш дар 15 соли гузашта аз замони хатми ҷанги шаҳрвандӣ қарор доданд ва дигар хеле маҳорати сиёсӣ ба кор аст, ки фосилаи байни Хоруғу Душанбе аз он 417 километр масофаи зикршуда дар харитаҳои ҷуғрофӣ бузургтар нашавад. Як қонуни маъруфи риёзист, ки мегӯяд, вақте кас аз як нуқтаи ҷуғрофӣ дур шуд, табъан ба як нуқтаи дигар наздик мешавад ва баръакс.