HRW қатли ҷонибдорони Башор Асадро маҳкум кард

Дидбони ҳуқуқи башар аз сӯи мухолифони мусаллаҳ тирборон шудани 4 ҷонибдори раисиҷумҳури Сурияро маҳкум намуд.
Навори қатл, ки дар маҳзари ом сурат гирифтааст, ахиран дар Интернет пайдо шуд. Намояндаи Human Rights Watch дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ қатли асиронро ҷиноёти низомӣ номидааст. Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, низ ин қатл маҳкум кард.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки яке аз қатлшудаҳо дар ҳодисаи рӯзи чаҳоршанбе – фармондеҳи “Шабиҳа” аст, ки дар куштори 15 мусаллаҳи мухолифин дар шаҳри Ҳалаб ё Алеппо дар шароити оташбас миёни ҷонибҳо айбдор мешуд. Гурӯҳи ғайринизомии “Шабиҳа” ё “Шабаҳ” аз ҳисоби пайравони мазҳаби алавии пуштибон аз хонаводаи Асад ташкил шудааст. Шореҳон гурӯҳро дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла, дар куштори 108 сокини осоиштаи деҳоти канори шаҳри Ҳула айбдор мекунанд. Дар он ҳамла 49 тифл ҳам ба ҳалокат расиданд.

Шоҳидони ин ҳодиса, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми май ба вуқӯъ пайваст, мегӯянд, сарбозони ҳукуматӣ сӯи манзилҳои деҳаҳои суннинишин оташ кушоданд, вале қатли мардуми бесилоҳ баъд аз вуруди садҳо алавиҳои мусаллаҳ аз деҳаҳои ҳамсоя шурӯъ шуд. Аъзои "Шабиҳа" ваколати расмӣ надоранд, вале эътирозгаронро лату кӯб мекунанд ва ҳадафи тир қарор медиҳанд. Ба "Шабиҳа" асосан ҷавонони алавии камбизоате шомиланд, ки пайвандонашон дар артиш ё дар хадамоти кашф хизмат мекунанд.

Дар Ҳалаб ё Алеппо ду ҳафта боз задухӯрди шадид миёни артиш ва мухолифини мусаллаҳ идома дорад. Ба гуфтаи нозирони Созмони Милал, ҳарду ҷониб аз тонку тӯпхона истифода мебаранд. Ҳавопаймову чархболҳои нерӯҳои ҳукуматӣ низ мавзеъи ошӯбгаронро бомборон мекунанд. Бар асари даргириҳо шаҳрро тақрибан 200 ҳазор нафар тарк намуданд, 15 ҳазор кас дар мактабу масҷидҳо панаҳ бурдаанд ва дар шароити сангине ба сар мебаранд.

Дирӯз (якуми август) Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дар як изҳорот бахшида ба рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аз низомиён барои муқовиматашон бо дастаҳои, ба гуфтаи ӯ, “террористҳои мусаллаҳ” ситоиш кард. Сарвари Сурия бо ишора ба ҳаводиси Ҳалаб гуфт, ки “сарнавишти мардуми мо ва кишвари мо, дирӯзу имрӯз ва фардо бо натоиҷи ин задухӯрд пайванди сахт дорад”.

Дар ҳамин ҳол, Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дастури махфиеро имзо кард, ки он Хадамоти маркази кашф ё ЦРУ-ро барои кӯмаки бештар ба ошӯбгарони суриягӣ муваззаф мекунад. Дар ин бора шабакаҳои телевизионии Амрико бо такя ба манбаъҳояшон дар Кохи Сафед хабар доданд. Аммо дафтари Барак Обама ин хабарро расман таъйид ё рад накардааст. Вошингтон пайваста мегуфт, барои бо силоҳ таъмин кардани ошӯбгарони суриягӣ омода нестанд, зеро ҳарос доранд, ки аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ифротгаро меуфтад.

Кохи Сафед аз мухолифини ҳукумати Сурия пуштибонии сиёсӣ мекунад ва истеъфои Башор Асадро талаб дорад.
Қарор аст, имрӯз дар Маҷмааи кулли СММ раъйдиҳӣ ба тарҳи нави қатънома оид ба Сурия, ки аз сӯи кишварҳои араб таҳия шудааст, сурат бигирад. Дар он аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват шудааст, ки қудратро дар ихтиёри ҳукумати давраи гузариш вогузорад.