Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW қатли ҷонибдорони Асадро маҳкум кард


Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз сӯи ошӯбгарони суриягӣ қатл шудани чанд ҷонибдори режими Башор Асадро маҳкум намуданд. Навори ин қатл ахиран дар Интернет пайдо шуд. Намояндаи созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch ба Би-Би-Си гуфтааст, ки қатли асирон - ҷиноёти низомист.

Дар ҳамин ҳол дар Ҳалаб задухӯрди шадид миёни артиш ва мухолифин идома дорад. Ба гуфтаи нозирони СММ, ҳарду ҷониб аз тонку тӯпхона истифода мекунанд.

Қарор аст имрӯз дар Маҷмааи кулли СММ раъйдиҳӣ ба тарҳи нави қатънома оид ба Сурия, ки аз сӯи кишварҳои араб таҳия шудааст, сурат бигирад. Дар он аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват шудааст, ки қудратро дар ихтиёри ҳукумати давраи гузариш вогузорад.
XS
SM
MD
LG