Ду варзишгари тоҷик -- Сергей Бабиков ва Собирҷон Назаров дар рақобат бо ҳарифони худ ба шикаст рӯбарӯ шуданд.
Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ, ки рӯзи 27-уми июл оғоз ёфт, бо ширкати варзишгарони беш аз 200 кишвари ҷаҳон дар Лондон ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали мусобиқот варзишгарон барои 12 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Аз ҷумла, чаҳор маҷмӯъ дар шиноварӣ, ду маҷмӯъ дар тирандозиву дзюдо ва як маҷмӯи медалҳо дар риштаҳои камонварӣ, велосипедронӣ, шиноварӣ ва вазнабардорӣ.
Аз рӯи ҷамъбасти рӯзи аввали мусобиқот варзишгарони 19 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин бо касби 6 медал - чаҳор тило ва 2 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.
Мунтахаби Италия бо касби 5 медал - ду тило, ду нуқра ва як биринҷӣ дар ҷои дувум мебошад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 5 медал - 1 тило, ду нуқра ва ду биринҷӣ севум аст.
Бразилия ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ҳар кадом се медал (1+1+1) ба даст овардаанд, дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор доранд. Австралия, Қазоқистон ва Русия бошанд, ҳар кадом як медали тило гирифта, ҷойҳои 6-8-умро бо ҳам мебинанд.
Умумман ҳашт кишвар дар рӯзи аввали мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд. Ҷопон, ки ду медали нуқра ва як биринҷӣ дорад, дар ҷои нӯҳум аст. Чаҳор кишвар - Колумбия, Нидерланд, Лаҳистон (Полша) ва Руминия бо як медали нуқра ҷойҳои 10-13-умро соҳибӣ кардаанд.
Шаш кишвар - Белгия, Кореяи Шимолӣ, Маҷористон, Норвегия, Сербия ва Узбакистон бо натиҷаи якхела - як медали биринҷӣ дар ҷойҳои 14-19-ум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 16 варзишгар дар ҳафт риштаи варзиш - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот, 28-уми июл, ду варзишгари тоҷик - тирандоз Сергей Бабиков ва муштзан Собирҷон Назаров қувваозомӣ карданд.
Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз мақоми 44-умро касб кард. Дар ин навъи рақобатҳо Чин Чжон О (Кореяи Ҷанубӣ) бо 688,2 имтиёз ғолиби олимпиада шуд ва бо медали тило сарфароз гашт.
Лука Тескони (Италия) бо 685,8 имтиёз ҷои дувумро гирифт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Андриа Златич (Хорватия) бо 685,2 имтиёз севум ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Вале дар сабқати бокс дар даври 1/16 ниҳоӣ кори Собирҷон Назаров омад накард. Ӯ дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи холҳо ё аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
Варзишгарони тоҷик боз рӯзи 30-юми июл рақобат мекунанд. Дар ин рӯз Расул Боқиев дар вазни то 73 кило дар риштаи дзюдо дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Даниел Виллямс (Бритониёи Кабир) мубориза мебарад. Муштзан Ҷаҳон Қурбонов бошад, дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Яхия Элмекагари (Тунис) қувва меозмояд. Рақиби Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, рӯзи 28-уми июл муайян шуд. Оскар Валдес (Мексика), ки дар вазни то 56 кило Шива Тҳани ҳиндустониро бо ҳисоби 14:9 мағлуб сохт, дар даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи якуми август бо Анвар Юнусов рақобат хоҳад кард. Дар ин рӯз инчунин Парвиз Собиров дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад. Рақибаш дар 1/16 финал Мелони Робертои итолиёвӣ мебошад.