Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари варзишгарони тоҷик ба Лондон


Субҳи имрӯз, 18-уми июл олимпичиёни тоҷик ба Лондон, макони баргузории Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ сафар карданд.

Дар Олимпиадаи Лондон, ки аз 27-уми июл то 12-уми августи соли равон дар пойтахти Бритониёи Кабир баргузор мешавад, ширкати 12,5 ҳазор варзишгар аз 205 кишвар дар назар аст. Онҳо барои 302 маҷмӯи медалҳо дар 31 риштаи варзиш рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 16 варзишгар дохиланд, ки дар 7 намуди варзиш ҳунарнамоӣ хоҳанд кард: чаҳор нафар аз риштаи бокс - Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, чаҳор нафар аз намуди гуштии озод - Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, 2 нафар оид ба варзиши сабук – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко, 2 нафар оид ба дзюдо - Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, 2 нафар оид ба таэквондо - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, 1 нафар оид ба шиноварӣ - Катерина Измайлова ва 1 нафар оид ба тирандозӣ – Сергей Бабиков.

Аввалин гурӯҳи варзишгарони тоҷик рӯзи 4-уми июл ба Лондон сафар карда буд. Ба ҳайати ин гурӯҳ се муштзан – Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, ки соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мебошанд, инчунин, мураббиёнашон Мирзо Шамсиев ва Алиҷон Бобоҷонов дохиланд. 16-уми июл тирандоз Сергей Бабиков ва мураббиаш Олег Набиев озими Лондон шуданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “субҳи чоршанбе, 18-уми июл ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 16 нафар тавассути ҳавопаймо ба Киев сафар кард ва баъдан аз пойтахти Украина озими Лондон мешавад. Ба ҳайати ин гурӯҳ, аз он ҷумла, варзишгарон Ҷаҳон Қурбонов, Парвиз Собиров, Владислава Овчаренко, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Катерина Измайлова, мураббиён Абдусаид Қурбонов, Носир Бозоров, Алишер Боқиев, Ҷонг Ҷонг Ҳу дохиланд. Варзишгарони дигари мо - Расул Боқиев рӯзи 22-юми июл, Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев рӯзи 8-уми август ба Лондон сафар хоҳанд кард. Дилшод Назаров, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Чех мебошад, то оғози Олимпиада ба Лондон меояд. Бояд гуфт, ки ба ҳайати варзишӣ, инчунин, мураббиён, раҳбарони федератсияҳои варзишии миллӣ, кормандони масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва хабарнигорон шомиланд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ рӯзи 25-уми июл раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ ба Лондон сафар мекунад ва мулоқоти ӯ бо варзишгарони тоҷик дар деҳаи олимпӣ рӯзи 26-уми июл дар назар аст.

Маҳмуди Абдуллоҳ, инчунин, хабар дод, ки ба Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар маросими кушоиши Бозиҳо, ки рӯзи 27-уми июл дар Варзишгоҳи олимпии Лондон доир хоҳад шуд, бардоштани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG